РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Омӯзиши пайваста инсонро ҳамаҷониба ташаккул мебахшад. Бинобар ин, китоб манбаи илму дониш буда, ҳамчун неруи тавоно инсонро такмил медиҳад ва ӯро ба дарки авзои ҷаҳон ҳидоят мекунад. Аз ин ҷост, ки дар осори бузургонамон дар бораи муҳиммияти омӯзиш ва нақши китоб ашъори зиёде эҷод гардидааст.
Имрӯз дар кишвари мо ба масъалаи омӯзишу мутолиаи асарҳои бадеӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Соли шашум аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар низомномаи нави озмун тағйирот ба вуҷуд омад ва чор шоҳҷоиза эълон гардид, ки ин омил низ ба шавқманд шудани довталабон такони ҷиддӣ мебахшад. Озмуни мазкур тавонист таҳаввулоти маънавиро дар ҷомеа ба вуҷуд орад. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид карданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Мо ҳамарӯза шоҳид мегардем, ки наврасону ҷавонон ба омӯзишу мутолиа шавқу рағбати зиёд доранд ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои бадеӣ, дастурҳои таълимӣ таъмин мебошанд. Дар ин миён метавон аз чоп ва дастрас гардидани асарҳои бадеӣ дар кишвар ёдовар гардид. Дар 50 ҷилд ба нашр расидани гулчини адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик бо номи «Ахтарони адаб» далели ин гуфтаҳост. Мусаллам аст, ки таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва чопи асарҳои бадеӣ шавқу рағбати наврасону ҷавононро ба омӯзиш бештар мегардонад. Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 ҷилд осори баргузидаи адибони классику муосири тоҷик чоп ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Имрӯз шароити таълим ва омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, имкони дастрас намудани асарҳои бадеӣ барои толибилмон муҳайё гардидааст. Инчунин, шакли электронии китобҳои бадеиву таълимӣ ба мактабҳо интиқол дода шуда, оне, ки шавқу рағбат ба омӯзиш дорад, метавонад аз онҳо самаранок истифода кунад. Аз ин рӯ, мо­омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди тадрис дар масъалаи омӯзишу мутолиа ва шавқманд намудани хонандагон ба китобу китобхонӣ талош намоем. Ба андешаи мо, дар ҷараёни таълим роҳандозии чунин ташаббусҳо манфиатбор хоҳад буд:
Якум, бояд худи омӯзгор ба омӯзишу мутолиа шавқи беандоза дошта бошад ва мунтазам асарҳои бадеӣ мутолиа намояд. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, омӯзгор дарсро ҷолибу рангин гузаронад, аз ҷониби дигар, асарҳои ба синну соли хонандагон мувофиқро пешниҳод кунад.
Дуюм, дар машғулиятҳои иловагӣ баррасӣ намудани асарҳои бадеӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Барои ин зарур аст, ки ба хонандагон китоби бадеӣ барои омӯзишу мутолиа пешниҳод гардад ва баҳс атрофи он сурат гирад. Омили мазкур имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз як тараф, сухандону суханвар гарданд, аз ҷониби дигар, ин амал ба тақвияти ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Сеюм, ҳавасманд намудани хонандагон дар ҷараёни дарс маҳсуб меёбад. Ба ин маънӣ, зарур аст, ки озмунҳои дохилимактабӣ ва дохилисинфӣ роҳандозӣ гарданд. Чунин тарзи муносибат хонандагонро ба омӯзишу мутолиа шавқманд менамояд.
Аз ин рӯ, омӯзгорро зарур аст, ки аз донишҳои муосир бархӯрдор бошад, ба омӯзишу мутолиа пайваста машғул гардад ва дар раванди таълим воқеаҳои ҷолиб ва эпизодҳои муассири асарҳои бадеиро ба хонандагон нақл намояд. Чунин тарзи муносибат низ метавонад ҳисси кунҷковӣ ва шавқмандии хонандагонро ба осори бадеӣ бештар кунад.
Дилноза РАҶАБОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти
тоҷики МТМУ №7-и ноҳияи Мастчоҳ