САЙЁҲӢ – ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР

Дар Тоҷикистон барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, экологию кӯҳнавардӣ, таърихию варзишӣ ва ғайра шароиту имконот фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина, рушди сайёҳии байналмилалӣ дар мамлакат, ҷалби бештари сайёҳон, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои сайёҳӣ ва санаторию курортӣ, муҳайё намудани шароити муносиб ҷиҳати ташрифи сайёҳони хориҷӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи туризму саёҳат дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст.
Тоҷикон бо дарназардошти мероси ғании фарҳангӣ ва таърихии халқҳое, ки дар минтақаи «Шоҳроҳи Абрешим» сукунат доранд, дар боби меҳмоннавозӣ ва муаррифии урфу одат ва анъаноти миллӣ саъю талош ба харҷ медиҳанд. Фарҳанги рӯзгордорӣ ва фолклори тоҷик сарчашмаи рушди сайёҳии фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Ҷашну маросимҳо ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили «Меҳргон», «Сада» ва «Наврӯз» таҷассумгари фарҳанги пурғановати мардуми мо буда, бозиҳои миллӣ дар шакли гӯштини анъанавӣ, бузкашӣ, базм ва ғайра омили ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад.
Ҳунару пешаҳои кулолгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, дӯзандагӣ, намадбофӣ, ҷӯроббофию зардӯзӣ, кандакорӣ ва санъати тасвирии халқи тоҷик решаҳои қадима доранд.
Моро мебояд, баҳри ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар, барномаҳои консертӣ ва театрӣ, инчунин, чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалиро баргузор намоем. Бо ин мақсад барои сайёҳон осори рассомони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шаванд, ки аслан сайёҳон ба чунин намоишгоҳҳо таваҷҷуҳ доранд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки «Шашмақом» ва «Фалак» ба ганҷинаи тиллоии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шудаанд. Боиси хурсандист, ки Сарвари давлат имтиёзҳои зиёдеро баҳри фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам овардаанд. Бояд таъкид кард, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани соли 2018 боиси ҳавасмандии роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ гардид.
Алимардон СОДИҚОВ,
омӯзгори МТМУ №2-и ноҳияи Шоҳмансур