ҲУМОЮНҶАШНИ МИЛЛАТ

Барои таҳкими хештаншиносӣ ва ҳувияту ифтихори миллии халқи тоҷик Истиқлоли давлатӣ нақши барҷаста бозид. Аз файзи истиқлол таваҷҷуҳ ба масоили миллӣ дар фаъолияти аҳли кишвар мавқеи муҳим пайдо кард. Таърихи миллат аз таҳрифҳои пурғараз тоза гардид ва сарнавишти воқеии халқи тоҷик арзёбӣ гардид.
Дар вақташ ин рухдоди нишотбахшро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин тафсир бахшида буданд: «Мо мехоҳем, ки таърих ва тамаддуни беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон дар радифи дигар таърихҳо, тамаддунҳо, фарҳангҳо ва оину анъанаҳои ибратбахши халқҳои сайёра омӯхта шавад, дар роҳи камолоти инсон ҳамоно дар хизмат бошад ва ҳамчунин, намегузорем, ки он бо ғаразҳои ҷаҳонсӯз ва ҳадафҳои хатарноки геополитикии минтақавӣ ва глобалӣ омехта гардад». Дар баробари ин, Сарвари кишвар таъкид карданд, ки «мо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз мероси бузурги маънавии аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ, расидан ба қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, шинохтан ва эҳтиром гузоштан ба мероси гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем». Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар ин замина ва бо ибтикороти Пешвои миллат роҳандозӣ гардид, эҳёи як силсила ҷашну оину маросими дерини халқи тоҷик мебошад.
Аз ҷумла, ҷашни зебою дилрабои Наврӯз эҳёи тоза дарёфту ҷашни Меҳргон умри дубора пайдо кард ва ҷашни Тиргон аз қаъри таърих берун кашида шуд. Таваҷҷуҳ ба ҷашни дигари бостонии ниёгон – Сада низ ба ҳамин ибтикорот тааллуқ дорад. Вобаста ба ин ҷашн замоне, ки тантанаҳо бахшида ба Наврӯзу Меҳргон дар кишвар вусъат пайдо карданд, Сарвари кишвар чунин изҳор дошта буданд: «Барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Воқеан, батадриҷ дар Ватани маҳбубамон Сада ба ҷашни ҳамагонӣ, ба ҷашни пуршукӯҳу сурурбахш табдил ёфт ва ҳамакнун, ҳамасола дар саросари мамлакат дар сатҳи баланд, бо иштироки доираи васеи мардум ва дар заминаи барномаҳои рангину дилнишин таҷлил мешавад. Ҳоло хурду калон дар бораи ин ҷашни зебои ниёгон маълумоти кофӣ доранд ва Садаро чун ҷашну оини бостонию дорои ҳадафҳои неки аҷдодони халқи тоҷик ситоиш мекунанд.
Ба тасдиқи муҳаққиқон, чун марҳалаи асосии зимистон (аз 22 октябр то 30 январ) паси сар шуду сад рӯз сипарӣ гашт, мардум ҷашни оташ – Садаро баргузор мекарданд. Ҳама шодмонию тантана менамоянд, ки хавфи осебпазирӣ аз сармои шадиди зимистон бартараф шуду инак, айёми нармию гармӣ, рӯиши гулу сабза, бедории гиёҳону дарахтон фаро мерасад. Ба ин гуна, зиндагӣ рангу тобиши тоза пайдо мекунад, дилпазир мешавад. Мардум аз гузашти сардиҳои шиканҷаҳо, ки тавъам ба неруҳои аҳриманист, шод мешуданд ва бо камоли майл ҳезуму хасу хошок гирд оварда, хирмани боҳашамате месохтанд ва чун торикӣ доман паҳн кард, оташ ба ин хирман мезаданд. Аз таъсири оташ атроф гарму мунаввар мешуд ва мардум гирди хирмани оташ давр зада, бо нишоту шодмонӣ суруд мехонданд ва рақсу бозӣ мекарданд. Ҳама бовар бар он доштанд, ки акнун оташ, ки неруи Ҳурмузист, сарморо тамоман дур меафканад, Аҳриманро ба шикаст дучор мекунад. Ҷашни Сада дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробар ба 30 январ) таҷлил карда мешуд. Доир ба ҷашни Сада ва пайдоишу таркиби он дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти рангину гуногун мавҷуданд, вале ҳамаи онҳо бо оташ ва бо расидан ба марҳалаи нави зиндагӣ иртибот доштани Садаро таъкиду тасдиқ мекунанд.
Ҷашни Сада, ки ҳоло дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар сатҳи баланд таҷлил мешавад, дар шумори дигар махсусиятҳояш ҷанбаи тарбиявӣ низ дорад ва аз ин ҷост, ки дар тамоми таълимгоҳҳо бавусъату мутантан таҷлил карда мешавад.
Сада омад, аҷаб ҷашни гуворо,
Ҳумоюн бод он бар миллати мо.
Матлуба МУҲИДДИНОВА,
омӯзгори мактаби №7-и ноҳияи Рӯдакӣ