АЗ ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО ТАЪСИСИ ПАЖУҲИШГОҲИ ТИББИИ БУНЁДӢ

30 январи соли равон нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки васеи рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид. Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ 5 факултет – тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ ва фарматсевтӣ мавҷуд буда, 35 кафедраи донишгоҳ дар пойгоҳҳои 27 муассисаи тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд. Теъдоди донишҷӯён 12631 нафарро ташкил дода, таҳсил бо забонҳои давлатӣ, рӯсӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст.
Инчунин, 793 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 27 давлатӣ дунё ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,9%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 108 адад (13,4%)­ро ташкил медиҳанд.
Шоистаи таъкид аст, ки донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионӣ ва барномаи таълимии ихтисосҳои он аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, дорои сертификатҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар баробари ин, дар рейтинги беҳтарин донишгоҳҳо, ки аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар номинатсияи беҳтарин донишгоҳҳои тиббии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро сазовор шуд.
Дар идома М. Гулзода зикр намуд, ки ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим ва таҳсилот тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ ­коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Системаи автоматикикунонидашудаи идораи таълим амал мекунад, ки дар ҳуҷраи электронии донишҷӯ ба таври феълӣ баҳоҳо ва иштирок дар дарсҳо ҳамарӯза қайд карда мешавад. Волидайни донишҷӯён низ ба ҳуҷраи электронии фарзандонашон ворид гардида, ҳамарӯза аз таҳсилу давомоти онҳо хабардор шуда метавонанд.
Дастоварди дигари донишгоҳи мазкур дар ин давра ба фаъолият оғоз кардани Пажуҳишгоҳи тиббии бунёдӣ маҳсуб меёбад. Дар ин пажуҳишгоҳ 5 озмоишгоҳи таълимӣ бо таҷҳизоти муосир таъминанд.
Ҳамчунин, рӯзноманигорон доир ба сатҳи таълиму тарбия, пажуҳишҳои илмии муҳаққиқони донишгоҳ, татбиқи илм дар истеҳсолот, тақвияти соҳаи гиёҳ шиносӣ, роҳҳои бартараф намудани бемории диабети қанд, таъсиси ихтисосҳои нав ва амсоли инҳо саволҳои худро пешниҳод карданд, ки ректори донишгоҳ ба ин саволҳо ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда дод.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»