РУШДИ МАОРИФ – ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА СУБОТИ ДАВЛАТ

(Дар суҳбат бо вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода: аз баланд бардоштани сифати таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, риёзӣ, табиӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот то баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба гузариш ба низоми 10-хола ва иҷозати истифодаи телефону планшет дар дарс (ҳафтаномаи “Омӯзгор” аз 25.01.2024, №4))
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун роҳнамои аҳли маориф дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон нақши муассир мегузоранд. Зеро дар онҳо тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, барои вусъати фаъолияти минбаъда ба вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад. Мусаллам аст, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир шуда, нақши маорифу илм дар пойдориву устувории иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар заминаи Паёмҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат Вазорати маориф ва илм тадрбирҳои судманд меандешад. Вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дастоварду мушкилоти соҳа бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода суҳбат оростем.
– Ба ҳамагон маълум аст, ки маориф дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешавад. Далели ин гуфтаҳо пайваста зиёд гардидани маблағгузории соҳа мебошад. Мехостем нахуст доир ба маблағгузории соҳа андешаҳои хешро баён мекардед.
– Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури раҳнамо барои аҳли маориф хидмат намуда, дар рушду пешрафти соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Зеро маориф асоси бунёди ҷомеаи навин ва пешрафти давлат маҳсуб меёбад. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) қайд карданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».
Аз ҳамин нуқтаи назар, маълум мегардад, ки воқеан, рушди маориф, баланд гардидани сатҳу сифати таълим ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои омӯзгорон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Шоистаи таъкид аст, ки маблағгузории соҳаи маориф сол аз сол афзоиш ёфта, дар соли 2023, дар маҷмуъ, 7,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 13% зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар соли 2024 маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 8,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 13% зиёд аст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) зикр намуданд: «Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин радабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд».
Воқеан ҳам, яке аз омилҳои пешрафти соҳа маблағгузории устувори он мебошад ва ин раванд дар кишвари мо бомаром идома дорад. Ба ин мазмун, аз як тараф, сатҳу сифати таълим баланд мегардад, аз ҷониби дигар, шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда мешавад. Ҳамин аст, ки дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ зиёд гардида, дар ин самт Тоҷикистон дар қатори беҳтарин давлатҳои ҷаҳон қарор дорад. Дар баробари ин, озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ зиёд шуд, ки шавқи омӯзишу мутолиаро дар замири хонандагон бештар намуд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» далели ин гуфтаҳост.
– Яке аз самтҳои асосии соҳаи маориф вусъат бахшидани фаъолияти таҳсилоти томактабӣ мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин давра кӯдакони хурдсол ҳамаҷониба ба муассисаҳои таълимӣ омода карда мешаванд. Тибқи нақшаи дурнамо, фарогирӣ дар ин зинаи таҳсилот то соли 2030 бояд ба 50 фоиз расонида шавад. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва сатҳу сифати таълим дар онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Воқеан, таваҷҷуҳ ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз муҳимтарин вазифаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд: «Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад». Ин дастури Пешвои миллат мо, аҳли илму маорифро водор месозад, ки бо масъулияти баланд пайваста дар баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимии кишвар таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намоем.
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба бунёди муассисаҳоли таҳсилоти томактабӣ зиёд гардид ва ҳамагон шоҳидем, ки ҳамасола теъдоди зиёди кӯдакистонҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар зинаи таҳсилоти томактабӣ тағйироти инфрасохторӣ ба амал омада, заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам гардид. Вобаста ба рушди ин зинаи таҳсилот солҳои 2021-2023 даҳ санади меъёрӣ қабул шуд. Афзоиши фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон ва марказҳои рушди кӯдакон аз 15,6%-и соли 2021 ба 20,2% дар соли 2023 расонида шуд. Ҳамкории давлат ва шарикони рушд дар ҷодаи таҷдиду сохтмони муассисаҳо тақвият ёфта, дар се соли охир 50 кӯдакистони хусусӣ бунёд гардид.
Дар ин самт яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар муассисаҳои томактабӣ маҳорату малакаи касбии мураббиён ва омӯзгорон ба шумор меравад. Ин нукта зимни суханронии Пешвои миллат низ дар Рӯзи дониш таъкид гардид, ки сатҳу сифати таълиму тарбия аз сатҳи дониш ва маҳорати касбии кормандон вобастагӣ дорад.
Бо мақсади иҷрои талаботи банди Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Барномаи алтернативии такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак, ҳамчунин, Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаи муайян намудани мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ ва Тартиби дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд бо барномаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Низомномаи марказ (гурӯҳ)-и инкишофи кӯдак таҳия ва барои тасдиқ ба вазорату идораҳо ирсол гардид. Айни ҳол дар самти томактабӣ 2 барномаи давлатӣ амалӣ мешавад, ки дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Воқеан, зинаи таҳсилоти томактабӣ омили баланд гардидани сатҳу сифати таълим мебошад, зеро дар ин зинаи таҳсилот тафаккури кӯдакон шакл мегирад ва нерую зеҳни онҳо ташаккул меёбад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ин зинаи таҳсилот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Зеро бо рушди техникаву технологияи муосир имконоту шароит дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ такмил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ин самт баҳри фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои судманд андешида шавад. Вазорати маориф ва илм низ ҳамвора талош менамояд, ки бо истифода аз имконоти мусоид аз як тараф, фарогирӣ ба ин зинаи таҳсилотро зиёд намояд, аз ҷониби дигар, ҷиҳати дар оянда ба камол расондани насли донишманду боис­теъдод заминаи мусоид фароҳам орад.
– Дар Паёмҳои Пешвои миллат масоили омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ аз вазифаҳои муҳимтарин маънидод мегардад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм кадом корҳоро ба сомон расондааст?
– Дар шароити тағйирёбии бавусъати ҷаҳони муосир таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳо маҳсуб меёбад. Раванди ҷаҳонишавӣ моро вазифадор менамояд, ки мутахассисонеро омода кунем, ки ҳам аз техникаву технологияи муосир бархӯрдор бошанд ва ҳам бо забонҳои хориҷӣ такаллум карда тавонанд. Ин омил, аз як тараф, ба рушду пешрафти кишвар мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, илму маорифи мамлакатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Дар баробари ин, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таконбахши иқтисодиёти кишвар мебошанд. Мусаллам аст, ки дар мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръат ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва ҷалби наврасону ҷавонон иртиботи амиқ дорад. Ҳамасола шоҳид мегардем, ки дар Тоҷикистон коргоҳу корхонаҳои зиёди саноатӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки ин омил моро вазифадор менамояд, мутахассисонеро омода кунем, ки бевосита дар раванди бомароми иқтисодиёт саҳмгузор бошанд. Вазорати маориф ва илм низ кӯшиш менамояд, ки ба ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён дар ҷодаи омӯзишу фанҳои дақиқ қадамҳои устувор гузорад. Барои ин озмуну олимпиадаҳои гуногун роҳандозӣ гардидаву наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқманд мегарданд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таваҷҷуҳи наврасону ҷавононро дар самти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар намуд.
Сол то сол сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар ва роҳу усулҳои муассиру нави таълим роҳандозӣ мегарданд. Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ва гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
Падидаи дигари тозаи ислоҳоти соҳа ба анҷом расидани таҳияи китобҳои дарсии насли нави ба муносибати босалоҳият нигаронидашудаи забони тоҷикӣ ва математика барои синфи 5, ҳамчунин, таҳияи дастур ва барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ маҳсуб меёбад, ки иқдоми ҷиддӣ дар самти маориф буда, аз хусусиятҳои заминавӣ, системавӣ ва устувор пайдо кардани ин ислоҳот шаҳодат медиҳад. Ҳоло барои таҳияи тамоми китобҳои дарсӣ вобаста ба муносибати босалоҳият барои тамоми синфҳои мактабӣ корҳои омодагӣ оғоз ёфтааст.
Натиҷаи ҷамъбасти мониторинги гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян намуд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ ба 90,4% ва сифати таҳсилот ба 33,4% баробар мебошад. Дар ин росто, натиҷаи мониторинги бахшҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ муайян намуд, ки сифати таҳсилот ба 39,8% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 78,9%, нисбат ба соли 2022 сифати таҳсилот 4,9%, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 0,8% ва натиҷаи мониторинги шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нишон дод, ки сифати таҳсилот ба 40,3% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 83,2%, нисбат ба соли 2022 сифати таҳсилот 1,5% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 0,3% баланд гаштааст.
Соли 2023 дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо 17 санади меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, 1 санад дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин давра «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», иҷрои стратегияҳо ва барномаҳои донишгоҳӣ, омода кардани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои барномасозӣ, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳозир гардидани довталабони тибқи квотаи Президентӣ дохилгардида, бо сабабҳои гуногун хориҷ гардидани донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар 1 соли охир, натиҷаи сессияи тобис­тонаи соли таҳсили 2022-2023, натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, бо сабабҳои гуногун аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар хориҷ гардидани донишҷӯён дар як соли охир, табодули академии донишҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар дар 3 соли охир ва фаъолияти факултетҳои муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар 3 соли охир мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Масъалаи дигаре, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат таъкид мегардад, омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад, зеро бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ наметавон дар ҷаҳони муосир муваффақ гардид. Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст ва дар он муҳиммияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ зикр шудааст.
– Мусаллам аст, ки баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунад. Зеро ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, омӯзгорон аз навгониҳои соҳа бархӯрдор гарданд ва аз ҷониби дигар, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд. Дар ин ҷода Вазорати маориф ва илм кадом корҳоро ба сомон расондааст?
– Дар ҷаҳони муосир, ки дар ҳама соҳаҳо дигаргуниҳо ба вуҷуд меояд, мунтазам такмил бахшидани донишу ҷаҳонбинии омӯзгор муҳим мебошад. Зеро раванди босуръати рушди техникаву технологияи муосир тақозо менамояд, ки омӯзгорон мунтазам ба омӯзишу мутолиа машғул гарданд, аз техникаву технологияи муосир ба таври муассир ва ҳамаҷониба огоҳӣ дошта бошанд ва дар раванди таълиму тарбия аз он самаранок истифода кунанд. Такмили ихтисоси омӯзгорон дар шароити кунунии пешрафти илму техника ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ омили муҳим дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид мегардад.
Бо мақсади густариш бахшидани низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф санади меъёрии «Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» бо дарназардошти навгониҳо ва талаботи замони муосир таҷдиди назар ва тасдиқ карда шуданд.
Барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос таҷдиди назар гардида, илова ба курсҳои анъанавӣ, бори нахуст барномаҳои таълимии курсҳои фосилавӣ низ коркард шуданд.
Дар баробари ин, фарогирии омӯзгорон ба такмили ихтисос дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, тибқи нақша омӯзгорон аз такмили ихтисос мегузаранд ва навгониҳои соҳаро дар ҷараёни таълим татбиқ менамоянд.
– Яке аз мушкилоти соҳа нарасидани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Сол то сол зиёд гардидани муассисаҳои таълимӣ ва шумораи аҳолӣ талабот ба мутахассисони омӯзгориро бештар мегардонад. Барои бартараф намудани мушкилоти мазкур чӣ тадбирҳо андешида шудааст?
– Омӯзгорон равшанибахш ва нуру зиёи ҷо­меа мебошанд ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони варзидаи соҳаи омӯзгорӣ аз муҳимтарин вазифаҳои Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад. Чунки маҳз омӯзгорони босаводу донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд мутахассисони шоистаро ба камол расонанд. Бинобар ин, таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ҳамбастагии амиқ дорад.
Соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таълимӣ ба 4353 нафар омӯзгор эҳ­тиёҷ дош­танд. Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, соли 2023 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.
Дар асоси тақсимоти мазкур 3432 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, 2685 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ ва 747 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардиданд, ки аз шумораи мазкур 669 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин теъдод 2386 нафар ё 69,5% ба ҷойи кор ҳозир гардиданд. Дар баробари ин, роҳҳои муассири ҷалби омӯзгорон фароҳам оварда шудааст, то ки омӯзгорон ба омӯзиш шавқманд гарданд. Ба ин маънӣ, Вазорати маориф ва илм дар асоси шартномаи чорҷониба ҷалби омӯзгорон ба муассисаҳои таълимиро ба роҳ мондааст, ки ин тарзи муносибат, аз як сӯ, омӯзгорони ҷавонро ба таълиму тарбия шавқманд менамояд, аз сӯйи дигар, ба ин васила мушкилоти норасоии омӯзгорон тадриҷан бартараф карда мешавад.
– Пешвои миллат ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои наврасону ҷавонон, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва маърифатмандии миллат ва тарбия кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй тадбирҳои судманд меандешанд. Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва арҷгузорӣ ба фаъолияти онҳо кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд?
– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам талош менамояд, ки мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Зеро имкону шароити мусоид омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд ва масъулияти хешро дар сатҳи баланд иҷро кунанд. Дар ин маврид Пешвои миллат бамаврид таъкид доштанд: «… мо дар сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».
Ҳамин аст, ки ҳамасола теъдоди зиёди омӯзгорон бо унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд ва дар баробари ин, озмунҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани омӯзгорон роҳандозӣ гардидаанд, ки ба вусъати фаъолияти онҳо мусоидат менамоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол маоши омӯзгорон зиёд магардад. Аз июли соли 2024 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм ба андозаи 40% зиёд мешавад, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиди беҳтари таълиму тарбия ва ба ин васила, шароити иҷтимоию иқтисодии кормандон сабаб мегардад.
Дар баробари ин, барои ҳавасманд гардонидани омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» (аз 03.05.2006, №197) дар соли 2023 ба 128 нафар мутахассиси ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ, 9 нафар бо қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ ва 315 нафар бо қарзи имтиёзнок таъмин карда шуданд, ки дар маҷмуъ, 452 нафарро ташкил медиҳад.
– Дар замони соҳибистиқлолӣ бунёди иншооти муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза пайдо кард ва теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардад, аз ҷониби дигар, ба пешрафти соҳа мусоидат менамояд. Соли равон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ чӣ қадар муассисаи нави таълимӣ сохтаву мавриди истифода қарор дода шуд?
– Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) қайд гардид, ки дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 199 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 44 910 ҷойи нишаст ба маблағи 615 млн. 961 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 45 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар доираи нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар марҳалаи якум (солҳои 2022-2024) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 36 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 124 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ гардид, ки 20,80%-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Инчунин, дар доираи барномаи мазкур сохтмону азнавсозии 84 иншооти дигар барои 21884 ҷойи нишаст идома дорад.
Падидаи равшани вусъати корҳои сохтмону таҷдиди муассисаҳо, амалишавии лоиҳаҳои байналмилалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд мебошад, чунки соли сипаришуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ 49 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 11 818 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Таҳлили муқоисавии рақамҳо нишон медиҳад, ки сол то сол раванди бунёдкориҳо дар кишвар вусъати тоза пайдо карда, дар ин миён сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ равнақи тоза ёфта, шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
– Маълум аст, ки ислоҳот дар соҳаи маориф бомаром идома дорад ва маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим тадриҷан зиёд мегардад. Вазифаҳое, ки дар назди Вазорати маориф ва илм қарор доранд, кадомҳоянд?
– Дарвоқеъ, ислоҳот дар соҳаи маориф бомаром идома дорад, дар ин раванд, аз ҷумла, татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, ҳамзамон, бо дарназардошти талаботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ва дастовардҳои замони Истиқлол мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ куллан бознигарӣ карда шуд. Мусаллам аст, ки сармоягузорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад ва шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар ин миён, вазифаҳое, ки дар назди аҳли маориф қарор доранд, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши фарогири забонҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки технологияи муосир дар раванди таълим, тақвият бахшидани омӯзиши фанҳои дақиқ ва ворид гардидан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мебошад. Гумон мекунам, вазифаҳои муҳимме, ки бояд дар назди аҳли маориф қарор гиранд, дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) ба таври мушаххас зикр гардиданд: «…бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад». Дар ин замина, таъкид намуданд: «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
– Ҳарчанд суҳбати мо дар атрофи дастовардҳои соҳаи маориф аз Паём то Паём аст, аммо дар охир мехоҳам, таваҷҷуҳи Шуморо ҷиҳати гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола ва истифодаи планшету телефони мобилӣ дар ҷараёни таълим ҷалб намоям, ки имрӯзҳо баҳсу мунозираҳо атрофи масоили мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дорад. Дар ин бобат чӣ андеша доред?
– Воқеан ҳам, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба масъалаҳои зикршуда баҳсу мунозираҳо идома доранд, ки мо низ маводу матолиби нашршударо мунтазам пайгирӣ менамоем. Бояд қайд кард, ки гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола тақозои замон буда, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки меъёри баҳогузории 5-хола дониши воқеии хонандагонро инъикос карда наметавонад. Аз як тараф, меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ пурра риоя намегардад, аз ҷониби дигар, боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он ба нигоҳу мақоми омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузории бисёрхола дар шароити имрӯза ба миён омадааст. Дар раванди баҳогузории мавҷуда, асосан, аз се баҳо – 3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мекунанд, ки ин меъёр барои баҳо гузоштан ба дониши воқеии хонандагон кофӣ нест. Инчунин, дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохон», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, чунин тарзи баҳогузорӣ ба ҳолати равонии хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.
Зарурати гузариш ба низоми баҳогузории 10-хола дар он зоҳир мешавад, ки таъмини воқеият ва шаффофияти баҳодиҳӣ ба комёбиҳои таълимии хонанда, мусоидат намудан ба баланд бардоштани дастовардҳои инфиродӣ ва таъмини худомӯзии хонандагон, ташкили шароит барои ҳавасмандсозии фаъолияти таълимию маърифатӣ, истифодаи доираи инфиродии таҳсилии хонандагон, таъмини барқарории робитаи доимӣ байни омӯзгор, хонанда, волидайн, маъмурият ва ҳайати педагогии муассисаи таълимӣ баҳри такмили ҷараёни таълим, ташкили фазои мусоиди равонӣ дар ҷараёни баҳогузорӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои харобкунандаи асаби хонанда таъмин мегардад. Аз ин рӯ, зарурате ба миён омадааст, ки бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ шавад.
Шоистаи таъкид аст, ки аз таҳияи лоиҳаи иҷозати истифодаи телефонҳои мобилӣ дар нишасти матбуотии вазорат шаш моҳ қабл иттилоъ дода шуд. Ин ташаббус бо он мақсад буд, ки мушкили норасоии китоби дарсӣ аз байн равад ва хонанда тавонад, нусхаҳои электронии китобҳои дарсиро дар раванди таълим самаранок истифода кунад. Яъне, истифодаи планшету телефони мобилӣ бо ҳадафҳои таълимӣ буд, на бештар аз ин. Аммо дар ин муддат, бо фароҳам омадани имконоти мусоид ва дарёфти сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ Вазорати маориф ва илм тавонист бо чопи муназзами китобҳо муассисаҳои таълимиро қариб пурра бо китоби дарсӣ таъмин намояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур вобас­та ба истифодаи телефону планшетҳои таълимӣ дар раванди дарс татбиқ намегардад.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб
Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»