ҚОМУСИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Дар арсаи байналмилалӣ ҳар як халқу миллатро аз рӯйи фарҳанг ва тамаддунаш мешиносанду қадр менамоянд. Зумрае бо корномаи мондагорашон дар саҳифаҳои таърих мавқеъ пайдо намудаанд. Яке аз онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо асари безаволи худ «Шоҳнома» машҳури олам гардидааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳар чи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
«Шоҳнома» ба даҳҳо забони халқу қавмиятҳои олам тарҷума шуда, перомуни он садҳо асари илмӣ ва фарҳангу донишнома иншо гардидааст. Оид ба арзиши ахлоқиву тарбиявии «Шоҳнома» муҳаққиқон фикру назари гуногунро баён намуда, дар тарбияи инсоният афкору андеша ва андарзҳои Фирдавсиро пурарзиш қаламдод кардаанд.
Муҳаққиқи номвари тоҷик Абдулманнони Насриддин дар мақолаи худ «Фирдавсӣ» менависад: «Шоҳнома» танҳо баёнгари таърихи шоҳони пешдодию каёнӣ, ашконию сосонӣ ва хонадонҳои дигари мулки Аҷам нест. «Шоҳнома» донишномаи ҳикмату ахлоқ, базму рамз, фарҳангу тамаддун, расму оин, асотиру таърих ва анвои илму ҳунар мебошад». Масъалаи ахлоқ ва тарбияи инсон дар меҳвари шоҳасари Фирдавсии Тӯсӣ қарор дорад. Қариб дар ҳар саҳифаи ин китоб абёти пандомез ба назар мерасанд.
Ба ақидаи Абулқосим Фирдавсӣ, некиву накукорӣ аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор мераванд. Шоир ба аҳли башар тавсия медиҳад, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва ба якдигар танҳо некӣ кунанд, зеро амали неки ҳар як шахс ҷовидонӣ аст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Некиву накукорӣ, ба ақидаи шоир, аз беҳтарин хулқу атвори инсонӣ ба шумор меравад:
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҷойи аввал меистад. Фирдавсӣ асари бузурги худ «Шоҳнома»-ро бо ситоиши хирад шуруъ намудааст. Донишу хирад ҳамчун чароғи раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Тавоноии ҳар як инсон, обру ва эътибори ӯ маҳз ба илму дониш вобастагии қавӣ дорад:
Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Хирадро аз тамоми фазилатҳои инсонӣ беҳтару болотар мешуморад:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Андешаҳои ватандӯстӣ дар «Шоҳнома» мавқеи муҳим дорад. Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки бояд ҳар як инсон ҳамчун шахси ватанпарвару ватандӯст барои муҳофизати марзу буми кишвару Ватани худ ҳамеша омода бошад:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Аз эҷоди «Шоҳнома» муддати зиёде гузашта бошад ҳам, то имрӯз ин асари бузург аҳамияти тарбиявию ахлоқии худро гум накардааст.
Абдураҳмон АВЕЗОВ,
омӯзгори МТМУ №27-и шаҳри Исфара