ҶАЛБИ БЕШТАРИ САРМОЯ – НЕРУИ ПЕШБАРИ ИҚТИСОДИЁТ

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбнамои аҳли ҷомеа буда, уфуқҳои навро ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин менамояд. Нақши Паём дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назаррас мебошад. Дар Паёми навбатӣ (28.12.2024) ба Маҷлиси Олии мамлакат низ тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шуд.
Мусаллам аст, ки ҷумҳурии мо сол то сол бо рушди ҳама соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳи зиндагӣ ва дараҷаи некуаҳволии мардум беҳтар мегардад. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани зиндагии мардум тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ба таъкиди Пешвои миллат, «тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».
Маълум аст, ки раванди бунёдкориҳо дар кишвар вусъати тоза пайдо кардааст ва сохтмони корхонаҳои замонавӣ бомаром идома дорад. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушд бахшидани саноати кишвар аз муҳимтарин вазифаҳоеанд, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат зимни сафар ба шаҳру навоҳии кишвар чандин корхонаи замонавиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, мардум бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гарданд, аз ҷониби дигар, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Дар Паём омадааст: «Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд».
Дар баробари ин, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки тамоми самтҳои рушди фаъо лияти соҳаҳо муайян гардидааст, ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ хидмат мекунад.
Шоистаи таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзад, ки бо таъмин намудани шароит ва бунёд и корхонаҳои замонавӣ маҳ сулоти рақобатпазирро истеҳсол намояд ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста тадбирҳои судманд меандешад.
Тавре ки маълум аст, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар бештар гардидааст ва ин омил имкон фароҳам меорад, ки кишвари азизи мо тадриҷан ба марҳалаи нави иқтисодӣ ворид гардад. Дар ин маврид дар Паёми Пешвои миллат ба таври мушаххас зикр гардидааст: «Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад».
Ҳамчунин, дар Паёми Пешвои миллат зарурати ислоҳоти низоми ҷалби сармоя, таҳияву пешниҳод ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, бахусус, дар бахшҳои саноативу агросаноатӣ муҳим арзёбӣ шудааст.
Маълум аст, ки имрӯз иқтисоди кишвар ба таври чашмгир рушд карда, сол то сол маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзун мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат, «маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд».
Воқеан ҳам, Паёми Пешвои миллат ҳамчун нақша ва дурнамои рушди иқтисоди мамлакат маҳсуб ёфта, татбиқи нуктаҳои он ба рушди назарраси иқтисодиёти миллӣ мусоидати амиқ менамояд.
Суҳроб ШАРИФЗОДА,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон