Иддае аз ҳаводис ва мушкилоте дар зиндагии инсонҳо ногаҳонӣ рух медиҳанд, ки ба сарнавишт, шахсият, рафтор ва тарзи зиндагии онҳо таъсир мегузорад. Ҳамин аст, ки инсонҳо вобаста аз ҳолат, вазъият ва бархӯрд ба ҳодисаҳои гуногун ба назари худ ва ба назари дигарон, ҳолатҳоеро аз қабили бечораю оҷиз мондан дар баробари ҳодисаҳои зиндагӣ, аз даст додани касе ё чизе ҳолати гумкарда ё гумшударо ба худ мегиранд ва ҳамчунин, аз лиҳози равонӣ осебдида, парешон, бепаноҳ, маъюс ва руҳафтода худро тасаввур мекунанд.
Ин гуна ҳолатҳои равонӣ муҷиби он мегарданд, ки дар инсон эҳсос боло меравад ва мушкилотро на аз роҳи хирад, балки тавассути эҳсос, тахайюл ва тасаввур мехоҳад ҳал намояд. Ин гурӯҳҳо бештар чунин меандешанд, ки бояд барои ҳалли мушкил роҳи осони тазминшуда вуҷуд дошта бошад, ки он ба тарзи муъҷизаосо тавонад, мушкилеро саҳлу сода ва бидуни ранҷу заҳмат ҳал намояд.
Дар баъзе маврид фард ҳарчанд дарк менамояд, ки чунин амалкард аслан воқеиятро дигар карда наметавонад, вале танҳо ба хотири оромиш бахшидани худ ҳамин гуна амалҳоро анҷом медиҳад.
Фард барои хешро оромиш бахшидан бо амалҳое, ки берун аз ҳалли хираду ақл ҳастанд, бовар мекунад ва дар тасаввури хеш неруҳои фароиҷтимоӣ ва фароинсониро мепарварад, ки ба ӯ гӯиё дар ин маврид кумак мерасонанд.
Вазъияти руҳонии чунин нафарон барои гурӯҳҳои хурофотпараст вазъияти хеле хуберо пеш меоварад. Онҳо аз ин вазъ сӯйистифода намуда, шахсони ба чунин вазъиятҳои равонӣ гирифторшударо ба хотири манофеи хеш истифода менамоянд ва қиссаву ривоят ва афсонаҳоеро корбаст мекунанд, ки то ба вазъи равонии онҳо мутобиқ оянд ва аз ин ҳисоб бар суди хеш манфиати иқтисодӣ бардоранд. Ҳамин аст, ки бовармандию хурофот дар тӯли таърих манфиатхоҳону харидорони худро доранд.
Инсонҳо аксаран аз лиҳози равонӣ дар лобалои мушкил ва махсусан, ҳаводиси ногаҳонӣ ба мисли зилзилаву тӯфон, оташсӯзӣ, хушксолӣ ва маргу мир, ки аслан пешакӣ онро интизор надоранд, бо ба вуқуъ пайвастани ин ҳаводис бисёр сахт ранҷур, ошуфтахотир ва ниёзманд мешаванд.
Мутаассибону хурофотпарастон ба одамони шикасташуда сарукор доранд.
Нафароне, ки ҷиноят содир кардаанд, мансаби хешро аз даст додаанд, ё онҳое, ки пас аз муваффақият дар соҳибкорӣ ё дар ягон соҳоти дигар баъдан ба шикаст дучор омадаанд, ниёзманду руҳафтода ба шумор мераванд. Хурофафурӯшон ба онҳо итминони хотир медиҳанд, ки боке нест. Мо метавонем, тавассути амалҳои муайяне ин ҳамаро пок созем ё шуморо дубора бар ҷойгоҳи аввалаатон баргардонем.
Дар ин маврид шикастшудагон, агар наметавонанд, сабабу омилҳои шикасти хешро аз назари ақлию хирадӣ муайян созанд, бегумон, туъмаи хуби гурӯҳҳои хурофафурӯш мегарданд. Аксаран онҳое, ки ҷиноят содир мекунанд, дар як вақт хеле сахт мутаассиб ва боварманд ҳам ҳастанд.
Хурофафурӯшон ин гуна нафаронро бо қолаб задан шакл медиҳанд ва онҳоро мехоҳанд шаклсозӣ намоянд. Аммо нафарони шикасташуда як чизи содаро эҳсос карда наметавонанд, ки гурӯҳҳои хурофафурӯш дар баробари ин амал, озодиро аз онҳо мегиранд. Зеро агар онҳо хоҳанд, ин ё он амалеро берун аз чорчӯбҳои ин гурӯҳ анҷом бидиҳанд, ба онҳо барчаспи шикасти собиқашонро ҳамчун як нанг ном мебаранд.
Гурӯҳи дигар, ки харидори колои хурофафурӯшонанд, нафарони осебдидаанд. Воқеият ин аст, беҳтар гардонидани ҳолати нафаре, ки дар зиндагӣ ба ин ё он осеби ҷисмонӣ ё равонӣ гирифтор мешавад, кори саҳлу содае нест. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои хурофафурӯш ин кори бисёр душворро дар назари мардум дар ниҳояти содагӣ ҷилва медиҳанд, то коло ва хадамоти худро бифурӯшанд.
Ҳамчунин, баъзе аз осебҳоеанд, ки шояд аслан қобили тармим нестанд, аммо хурофотпарас тон касеро аз даргоҳи худ намеронанд ва бо умеди дурӯғине онҳоро ҳамчун муштарии хуби худ нигоҳ медоранд.
Хурофотпарастон аз ин вазъ истифода намуда, тавассути амалҳои аҷибу ғарибе ба боварии ин нафарон ворид мешаванд ва онҳоро мавриди сӯйистифодаҳои молиявӣ қарор медиҳанд. Агар ба умқи ин амалкард назар афканӣ, онҳо ҳеҷ чизро иваз намекунанд, илло ин ки аз лиҳози равонӣ як оромиши хотире барои муштарии худ бахшанд. Мутаассифона, решаи ин ҳолат низ аз набуди тарзи таҳлили оқилонаю хирадмандонаи вазъ буда, эҳсоси тарсу хиёнат сабабгори гирифтор шудан ба дасти хурофафурӯшон хоҳад шуд.
Ҳаводиси гуногуни дар давоми зиндагӣ рухдиҳанда, инсонҳоро гоҳо ба яъсу ноумедӣ мувоҷеҳ месозад.
Аммо барои касоне, ки наметавонанд хешро аз вазъияти яъсу ноумедӣ берун оваранд, гурӯҳҳои хурофапарокан дасту остин бармезананд, то онҳоро аз ин ҳолат бадар оваранд ва бо додани умедҳое ба ояндаи номаълуме ин нафаронро мехоҳанд, аз яъсу ноумедӣ тавассути ба даст овардани пулу молу чиз ё бартар нишон додани шахсияти худу муъҷизаосо будан ин амалҳоро анҷом медиҳанд.
Ҳамин аст, ки руҳониёну хурофапарастон бештар ба мардуме кор мегиранд, ки онҳо дучори навмедӣ ва афсурдаҳолӣ шуда бошанд. Дар назари гурӯҳҳои маъюс, ин нафарон чунин ба ҷилва дармеоянд, ки гӯё воқеан онҳо мушкилкушоянд ва чораи ҳар гуна мушкилро бо роҳи муъҷизаосо ҳал менамоянд. Ҳамчунин, ба олами ғайб пайвастанд ва як навъе аз пайвандгарони замину осмон ба назар мерасанд.
Гурӯҳи дигаре, ки мавриди ҳадафи дукондорони хурофа қарор мегиранд, нафаронеанд, ки то андозае дар зиндагӣ роҳгум задаанд. Дукондорони хурофа ва руҳониёну пайравони онҳо худро ба ҳайси роҳнамо нишон медиҳанд ва гӯиё онҳоянд, ки мардумони роҳгумзадаро бо «роҳи мустақим» ҳидоят мекарда бошанд.
Агар ба худи зуҳури мардумони роҳгумзада назар афканем, ин нафарон одатан аз набуди донишҳои ақлӣ, тафаккури таҳлилӣ ва дар фазои муҳити носолими хонаводагию иҷтимоӣ ва тарбият ба вуҷуд меоянд. Чун як барномаи мушаххасе барои зиндагии хеш надоранд, тамоили каҷравӣ менамоянд, ки ин ба назари гурӯҳҳои муайян ҳамчун гумроҳшуда арзёбӣ мешавад.
Аз тарафи дигар, хурофафурӯшону руҳониён чунин мепиндоранд, ки онҳо ҳамеша дар роҳи ҳақанд ва ҳар касе аз дидгоҳҳои онҳо агар заррае берун рафтааст, пас ноқис ва гумроҳ шудааст. Ҳамин аст, ки онҳо худро гӯё муваззаф ва масъул меҳисобанд, то тавассути таблиғи ақоид ва назариёти хеш ин нафаронро ба истилоҳ аз гумроҳӣ раҳоӣ бахшанд. Аз як тараф, чунин муносибат боиси он мегардад, ки дар назари авом ҳар гуна донишманд ё соҳибназаре, ки бар ақоиди руҳониёну хурофабоварон мухолиф аст, ҳамчун гумроҳшуда ва берун аз «роҳи ҳақ» арзёбӣ мегарданд ва аз ҷониби дигар, ҷойгоҳи дукондорони хурофа бисёр барҷаста ва то андозае муқаддасу ғайризаминӣ ба ҷилва дармеояд.
Албатта, дар ҳар ҷомеа ҳамин гуна гурӯҳҳо, ки гирифтор ба вазъиятҳои гуногун мешаванд, вуҷуд доранд ва ҳеҷ кас аз мушкилу дучор шудан ба вазъиятҳое, ки эҳсоси бечорагӣ, дармондагӣ ва яъсу ноумедӣ бошад, ҳифзшуда нест. Зеро дар гардишҳои рӯзгор ҳар гуна ҳолат ва вазъиятҳои руҳонӣ метавонад барои афроди як ҷомеа даст диҳад.
Вале ҳар қадар агар афроди ин ҷомеа аз лиҳози дониш, огоҳӣ ва хирад мусаллат бошанд, аз роҳҳои илмиву ақлонӣ метавонанд, аз пайи ҳалли мушкили хеш бошанд. Аз тарафи дигар, дар ҷаҳони муосир пайи ҳалли ҳар гуна мушкил равияҳои муайяни илм таъсис ёфтаанд ва ҷомеаҳо ба хотири ҳалли ин гуна мушкили дар онҳо ҷойдошта ниҳодҳо ва сохторҳоро бо ҳадафу вазифаҳои нав ба миён овардаанд, ки аз ин роҳ метавонанд ба вазъиятҳои гуногуни афрод расидагӣ намоянд ва онҳоро то андозае аз роҳи ақлу хирад ба оромиш бирасонанд.
Имрӯз ҷомеаи моро низ зарур аст, то баҳри кам кардани шиддати хурофазадагӣ, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ва аҳаммияти вижа ба мактабу маориф, донишомӯзӣ ва огоҳии илмӣ аз ҳаводису воқеиёти ҷаҳон бештар зоҳир намоянд.
Он гоҳ муқовимати иҷтимоӣ дар баробари ҳама гуна руҳия, фазо ва тафаккури хурофотӣ ба миён меояд ва ором – ором ҷомеа тамоюл ба навгароӣ ва илму хирад менамояд. Ҳар қадар сафи донишманду рӯшангар дар ҷомеа афзояд, ҳамон қадар осебпазирии иҷтимоӣ кам хоҳад шуд ва ҷомеа рушд хоҳад кард.
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа
