МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

Соли 2023 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин давлати Шарқ Сада ба Феҳристи ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шуд. Сада иди қадимаи халқи тоҷик ва мардуми Машриқзамин мебошад. Он дар дарозои таърих сайқал ёфта, вобаста ба шароити замон ва сиёсати вақт оҳангу маъниҳои нав пайдо намудааст. Ниёгони мо ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро «Ҷашнҳои чоргона» номидаанд, ки аз дигар иду маросим хусусиятҳои фарқкунанда доранд.
«Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон иди қадима аст, — ақида дорад профессори ДДБ ба номи Н. Хусрав, доктори илмҳои физика-математика Абдулҳай Комилӣ. — Ин маросими зироаткорон дар «Авасто», асарҳои Абурайҳони Берунӣ (973-1048), «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва дигарон зикр шудааст». Мардумшиноси машҳури рус Н.А. Кисляков навиштааст: «Идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз бузургтарин идҳои Эрони қадим ба шумор рафта, бо расму русуми хоса таҷлил мешуданд». Иди Сада, ба гуфтаи Муҳаммад Наршахӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Байҳақӣ, сад рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Номзади илмҳои таърих, профессор Усто Ҷаҳонов мегӯяд, ки Садаро сад шабонарӯз пеш аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд, ки он мутобиқи солшумории нав ба 30-31-уми январ рост меояд.
Аммо тоҷикони Вахё ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа онро таҳти номи Ҳут мутобиқи солшумории нав — 28 феврал ҷашн мегиранд ва ин амал нишонаҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст. Мувофиқи навиштаҳои мардумшинос М. Раҳимов, бо ҳадафи омодагӣ ба ҷашни Ҳут ҳанӯз фасли тирамоҳ соҳибхоназанҳо бо мақсади омода сохтани таоми маросимӣ ба дохили «рӯғанчима» (кӯза барои нигоҳдории равған) равғани зард гузошта, болояшро бо хамир пӯшида, болои хамирро бо лой андова мекарданд. Кӯзаҳоро то фарорасии Ҳут нигоҳ медоштанд ва дар рӯзи ид ба шавҳаронашон месупориданд. Мардҳо кӯзаро ба аловхона (ҷойи баргузории иду маъракаҳо ва ҷамъомади ҳаррӯзаи мардҳо, ки масъалаҳои рӯзро муҳокима мекарданд) мебурданд. Дар рӯзи фарорасии Ҳут ҳар хонавода то 50-100 дона чапотӣ (нони маросимӣ ҳисобида мешуд) омода ва онро ба аловхона равон мекарданд.
Баъзе аз сокинони дигари деҳа ҳамроҳашон шир, ҷурғот, намак, инчунин, дегу табақу коса ва пиёлаву қошуқ мегирифтанд. Мардҳо дар аловхона таоми маросимии «рӯғанҷӯшӣ» пухта, дар зарфҳои ширу ҷурғотдошта нон реза карда, аз болояш равғани зарди доғшуда мерехтанд ва якҷоя тановул мекарданд. Ҳамин гуна таомро дар аловхона се рӯз пайи ҳам омода месохтанд. Ғайр аз ин, ҳар хонадон ба қадри тавон таоми дигар низ пухта, онро ба аловхона равон мекард. Сарватмандон гӯсфанд ё буз забҳ карда, онро яклухт пухта, ба ин макон меоварданд. Одатан чунин рӯзҳо дар аловхона хӯроки зиёд ҷамъ мешуд ва онро ба дигарон тақсим мекарданд. Дар омода ва тақсимоти таоми идона мардони калонсол иштирок мекарданд, зеро занҳо идро дар хонаҳояшон истиқбол мегирифтанд.
Дар давоми се рӯзи ҷашнгирии иди Ҳут дар аловхонаҳо аз ҳаррӯза дида зиёдтар гулхан меафрӯхтанд. Дар гирду атрофи он барои ҷӯшондани чой чойҷӯшҳои калони мисин ва чӯянӣ мегузоштанд. Ду-се нафар чойкашӣ карда, ин масъулиятро тамоми рӯз ба дӯш мегирифтанд. Сипас дар атрофи гулхан хурсандиву шӯхӣ, сурудхонӣ, мусиқинавозию рақсу бозӣ карда, саҳначаҳои масхарабозию ҳазлбор намоиш медоданд. Хуллас, маросиме, ки дар иди Ҳут дида мешавад, ба иди Сада монанд аст. Сурудҳои ба ҷашни Ҳут бахшида, ки иди зироаткорон аст, одамонро аз наздикшавии фасли баҳор ва айёми омода намудани асбоби деҳқонӣ ба киштукор огоҳ менамоянд. Вале баъзан дар моҳи феврал, хусусан, дар охири Ҳут, деҳқононро сардиҳои зиёди ғайричашмдошт интизор аст.
Бо мақсади он ки табиат ба ҳоли деҳқон раҳм кунад ва сардиҳо тезтар ба анҷом расанд, мардум боз дар аловхона ҷамъ шуда, дуои хайр хонда, чорвоеро забҳ мекарданд. Дар равғане, ки ҳанӯз фасли тирамоҳ дар «рӯғанчима» гузошта, барои Ҳут нигоҳ медоштанд, таоми ширрӯған омода карда, онро бо чапотӣ истеъмол мекарданд. Аз ин ҳама маълум мешавад, ки Сада иди тоисломӣ аст, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухтани намудҳои гуногуни таомҳо, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо баргузор мешуд. Дар фарҳанги суннатии ниёкони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ нақши калиди дошта, ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар ин давра сармо гирифта, баъдан ҳаво тадриҷан гарм мешавад. Хулоса, ҷашни Сада иди қадимаи тоҷикон буда, он муаррифи шоистаи халқи тоҷик ва таҷассумгари ҳаёти маънавии мардум мебошад.
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология,
этнография ва диншиносии ДДХ
ба номи академик Б.Ғафуров