ҶАШНИ ҚАДИМАИ МИЛЛАТ

Сада аз ҷашнҳои зебову қадимаи миллати некноми тоҷик аст. Ин ҷашн рамзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ба гармӣ, рӯшноӣ, нур, меҳр, вафову сафо, муҳаббат ва ваҳдати замину осмон, одаму табиат, сериву пуриву фаровонист.
Афрӯхтани гулхан яке аз рукнҳои муҳимми ҷашни Сада маҳсуб меёбад. Дар атрофи он мардум хони ҷашнӣ ороста, суруду шеърхонӣ, рақсу бозиву хурсандӣ менамоянд. Оташ дар рӯзгори инсон ҳамсафар, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад.
Кишоварзон ҳар сол фарорасии иди Садаро интизорӣ мекашанд. Барзгарон бо меҳр атрофи оташи муқаддас, ки ёдгории Сада мебошад, давр зада, ба фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Дар маъхазҳо омада, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан, аз вожаи «Садак»-и паҳлавӣ реша гирифта, дар арабӣ ҳамчун вожаи сазақ ва садақ шакл гирифта, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба даврони подшоҳии Ҳушанг марбут донистааст.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Абурайҳони Берунӣ бунёди ин ҷашни пуршукӯҳро ба даврони подшоҳии Фаридун нисбат додааст: «Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба газву (чормағз) бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд… Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…»
Бояд қайд намуд, ки ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргону Тиргон дар ягон давру замон шукӯҳу эътибори худро (ҳатто, дар давраҳои исломӣ) аз даст надода, ҳамеша бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешуд. Дастархони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар аз донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра) омода мегардад, ки аз фарҳанги баланди дастархондории мардуми мо дарак медиҳад. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк низ хони ҷашниро оро медиҳанд.
Аёдати беморон ва дасти ёрӣ дароз намудан ба пирону дигар ниёзмандон низ аз рукнҳои муҳимми ин ҷашни пуршукӯҳ маҳсуб меёбад.
Фарангис НАҶМИДДИНОВА,
омӯзгори МТМУ №34-и
шаҳри Душанбе