САДА ВА ГУЛХАНИ МЕҲР

Аз сарчашмаҳои илмиву адабӣ бармеояд, ки Сада мисли Наврӯз ҳазорсолаҳо пеш аз мелод арзи ҳастӣ намудааст.
Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид.
Дар замони истиқлол Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла, Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».
Зардушт дар «Авасто» чунин гуфтааст: «Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (Аҳуромаздо) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам».
Олими машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин гуфтааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (замони ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (27 октябр) мешумориданд ва охири зимистонро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт, (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд». Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома», навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (Фаридун) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойи ни он подшоҳони некаҳд дар
Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».
Таҳияи Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»