ҲУСНИ ИНСОН МАЪРИФАТИ ӮСТ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои ҳар як сокини кишвар барномаи муҳимми кор ва зиндагии пурсаодат маҳсуб меёбад.
Дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ҳар кишвар барои рушди оянда ва бақои миллаташ гомҳои муҳим мегузорад. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон кишварест, ки таърих ва фарҳанги хеле қадима дорад. Маҳз ҳамин нақши таърихӣ мардуми моро қувваю тавон мебахшад, ки барои ободӣ ва шукуфоӣ пайвас та саъю талош намоянд. Дар Паём ҳам таъкид гардидааст, ки маҷмуи маҳсулоти дохилӣ назар ба солҳои қаблӣ зиёд шудааст. Ин аз беҳтар гардидани шароити кору зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дарак медиҳад. Маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба организми инсон таъсири хуб мерасонанд ва ин чиз ҳам барои саломатӣ ва дарозумрии мардум нақш хоҳад бозид.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки Ҳукумати кишвар барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар се соли оянда низ хароҷоти буҷавиро афзоиш медиҳад. Дар ин самт истифодаи оқилонаи захираҳои табиии ҷумҳурӣ, махсусан, захираҳои неруи инсонӣ дар заминаи технологияҳои наву инноватсионӣ, дар асоси самтҳои афзалиятноки муайяншуда ва барномаҳои стратегии рушди мамлакат пешниҳод шудааст. Фановариҳо яке аз муҳаррикони муҳимми рушди имрӯзаи инсоният ба шумор мераванд ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ ба ин мақсад нигаронида шудааст.
Албатта, ноил шудан ба муваффақиятҳои боз ҳам назаррас, пеш аз ҳама, ба фаҳмишу фаросат, донишу маҳорат ва хулқу атвори мутахассисон вобаста мебошад. Ба ибораи дигар, дар ин замина тарбияи кадрҳои болаёқату бофаросат аҳамияти калидӣ дорад. Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд. Тарбияи ҳуқуқӣ барои инсони комил дар ҳамаи зинаҳои ҳаёт эътибор дорад. Ба ин масъала бояд падару модар, мураббияву омӯзгор таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Кӯдак вақте ба ширхоргоҳ фаро гирифта мешавад, муносибат ва муоширатро дар ин муассиса хуб омӯзаду донад. Агар ӯ дар оила тарбияи хуб гирифта бошад, мураббия кори худро хуб донаду ба кӯдак ҳуқуқҳои ӯро дар ҳамин синну сол фаҳмонад, дар ташаккули ҷаҳонбинии насли ояндасоз таҳаввулот ба вуҷуд меояд. Дар зинаи мактаби миёна ӯ таълими хуб мегирад. Барои ин муҳим аст, ки омӯзгор маърифати хуби ҳуқуқӣ дош та бошад. Пас, дар татбиқи ин ташаббуси созанда нахуст волидон ва пасон мураббия ва омӯзгорон саҳми арзанда гузошта метавонанд.
– Ба қадри падару модарон бирасед ва онҳоро иззату икром намоед, баракат мебинед, — чунин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ як ҷаҳон маънӣ дорад. Шахсе ба қадри падару модар мерасад, ки Ватанро муқаддас ва зиндагиро боғи қалбаш медонад. Албатта, мардуми шарифи кишвари мо бо дарки худшиносӣ ва арзишҳои волои миллӣ барои боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз тамоми дониш ва малака худро истифода хоҳад намуд.
Рухшона ШАРИФӢ,
нотариуси калони давлатии
идораи нотариалии давлатии
ноҳияи Исмоили Сомонӣ