ҲАМКОРӢ –ГАРАВИ ПЕШРАФТИ ТАРБИЯ

Аксари кормандону мураббияҳои кӯдакистони мо, аз ҷумла, Таҳмина Ҳабибуллоева, Ситора Раҷабзода, Зебо Баротова, Саломат Баротова, Ситора Гулонова ва Моҳиолам Навбаҳорова донишу маҳорат ва таҷрибаи кории худро аз ҳамкорон дареғ надошта, дастраси ҳамдигар мегардонанд. Онҳо, ҳамчунин, бо волидайни тарбиятгирандагон робитаи хуб ва самарбахш доранд.
Мутаассифона, дар байни волидайн, онҳое низ вомехӯранд, ки мураббияи фарзанди худро намедонанд, кӯдакро аз дари боғча ворид карда, ҷониби хона ва ё коргоҳашон мешитобанд. Аз он ки фарзандашон дар кӯдакистон чӣ ҳол дорад, ба хоҳишу фармуда ва маслиҳати мураббия гӯш медиҳад ё не, парвое надоранд. Хушбахтона, волидоне вомехӯранд, ки бо мураббияи фарзандашон ҳамсуҳбат шуда, аз фаъолияти онҳо ва давомоти кӯдакашон пурсон мешаванд.
Ҳозиранд бо мураббияҳо ҳамкорӣ карда, ба қадри қудрату тавонашон мадад расонанд. Баъзе аз онҳо ба ҷуз пардохти ҳаққи тарбия дар кӯдакистон, боз аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ҳар гуна китобчаҳои кӯдакона, варақҳои расмкашӣ, қаламҳои ранга ва ғайра меоранд. Ин амали неки волидайн шоистаи ибрат аст. Вақте, ки кӯдак муносибати хуби волидайн ва мураббияро мебинад, бо мураббия озод гуфтугӯ мекунад, супоришҳои ӯро ба ҷо меорад.
Ингуна амали кӯдак шакке нест, ки мураббияро ҳам дилгарм намуда, сабабгори афзудани меҳри ӯ ба кӯдакону муассиса мегардад. Ба андешаи мо, бо ҳамкорону ҳамкасбон ва волидайни тарбиятгирандагони худ муносибати хуб доштан боиси пешрафти кор ва самарабахш шудани машғулиятҳо ва дилгармӣ ба кор мешавад ва ин нукта бояд ҳамеша дар мадди назари ҳамкорону ҳамкасбони мо бошад.
Дилҷӯ ПАРТОЕВА,
корманди ширхоргоҳ-кӯдакистони
рақами 140-и ноҳияи Сино