ХАТАРИ ИНТЕРНЕТ БА КӮДАКОН

Дар асоси як тадқиқоти «Kazakhstan Kids Online», ки бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон якҷо бо ташкилоти ЮНИСЕФ баргузор гардид, хатарҳои ҷиддии марбут ба истифодаи интернет аз ҷониби кӯдакон дар Қазоқистон муайян карда шуданд. Тибқи тадқиқот, 5%-и онҳо бори аввал дар чорсолагӣ ва ё хурдтар аз он аз интернет истифода мекунанд. 6 0 %-и кӯдакони а з 9 то 10 — сола ва 66%-и кӯдакони аз 11 то 12-сола аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳо аккаунти шахсии худро доранд.
Яке аз омилҳои нигаронкунанда он аст, ки 15,3%-и кӯдакон дар интернет ҳар рӯз, ҳар ҳафта ё ҳадди аққал, як маротиба дар як моҳ ба ягон ҳодисаи манфӣ дучор мешаванд. Ин дар 11,7%-и кӯдакон эҳсоси ҷиддии изтиробро ба вуҷуд оварда, зарурати таъҷилии таҳкими амнияти киберӣ дар байни наврасонро ба миён меорад.
Инчунин, омор нишон медиҳад, бисёре аз кӯдаконе, ки шоҳиди таҷовузи интернетӣ мегарданд (52,1%), кӯшиш мекунанд, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд. Танҳо 17,6%-и волидайн восита барои маҳдуд ва ё шаффоф кардани маводи зарароварро истифода мебаранд.