????????????????????????????????????

НАҚШИ ЗАНОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлат эълон гардид. Давра ба давра дар соҳаи мактабу маориф ислоҳот ворид шуда, дар ин самт дастовардҳо назаррасу шоён гардиданд.
Яке аз дастовардҳои соҳаи маориф ҷалби занону бонувон ба муассисаҳои таълимӣ ва зиёд кардани сафи омӯзгорону мураббиён аз ҳисоби онҳо мебошад. Албатта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши занон дар ташаккул ва рушди ҳама соҳаҳо назаррас аст. Ҷойгоҳ ва нақши меҳварии занон дар кишвар маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мустаҳкам гардид. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз намудаанд, ки: «Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сафо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд».
Аз заминаҳои асосӣ дар самти ҷалби занон дар баробари корҳои анҷомшуда таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистон дар мактабҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми хирадмандонаи Роҳбари давлат ба боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва босавод гардонидани занон мусоидат намуд. Ҳоло дар кишвари мо имкон фароҳам омадааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон бевосита фаъолият дошта бошанд. Пешвои миллат дар яке аз Паёмҳои хеш саҳми занонро дар рушди маориф махсус қайд карда, иброз доштанд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф торафт афзуда истодааст ва имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Рӯз аз рӯз нақш ва масъулияти маориф барои рушди глобалии иҷтимоию иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми ҷамъиятӣ ва муваффақияти миллии давлат афзун мегардад. Дар ин раванд, занону бонувони мо бо масъулияти том баҳри равнақ ва рушди бештару беҳтари маориф ҳамаҷониба ҷаҳду талош доранд. Занони кишвар бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар тамоми зинаҳои таҳсил барои босавод шудани насли наврас ва омода намудани мутахассисон кӯшиши ҳамарӯза доранд. Онҳо амиқ дарк намудаанд, ки ояндаи неку дурахшони кишвар аз низоми мукаммалу пешрафтаи маориф вобаста мебошад. Бешубҳа, дар оянда низ бо кӯшиши беш аз пеш занону бонувони кишвар дар таълиму тарбияи насли наврас ва ояндасозони кишвар саҳми мондагори худро хоҳанд гузошт.
Фарзона ҚУРБОНОВА,
омӯзгори Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон