НЕРУИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки 28-уми декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун таҷассумкунандаи фалсафаи давлатдории миллӣ, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа дар амалӣ гардидани нақшаю вазифаҳои муқарраршуда барои имрӯзу фардо ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасии дурнамои паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумат қарор дорад.
Пешвои миллат маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сатҳу сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу соҳибунвон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Дастгирии тадқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда дар Паём муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар робита ба ин, Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.
Маълум аст, ки субъектони марказии тарбия дар ҷомеа, пеш аз ҳама, оила ва маориф мебошанд, ки дар меҳвари он падару модар ва омӯзгорон қарор доранд. Аз ин хотир, Пешвои миллат дар Паём ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъулиятро низ дар ҷодаи таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа ба онҳо вогузор намудаанд.
Дарвоқеъ, омӯзгорӣ ба маънои томаш касби пуршараф ва масъулиятбор аст. Зеро пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа аз сиришту солимии наслҳои баруманди он вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд кишварро ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардонанд. Сиришти чунин наслҳои созандаву донишманд аз заҳмати фидокоронаи муаллимон вобаста аст.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахассисони соҳибкасбу варзида ва истифодаи самараноки технологияи муосир наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус, саноату иқтисодро тараққӣ бахшид. Ба ин хотир, ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад, то шароиту имконоти хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш муҳайё карда шавад. Ба масъалаи тарбияи кадрҳо ва тақвияти неруи зеҳнӣ низ дар Паём эътибори аввалиндараҷа дода шуда, пайваста ба маблағгузории соҳаҳои маориф ва илм, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҳамзамон, Президенти мам­лакат қайд намуданд, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа ва таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.
Вобаста ба рушди соҳаи маориф, илм ва тақвияти тафаккури техникии хонандагону донишҷӯён Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро ҳамчун «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ёдовар шуда, зикр намуданд, ки бо мақсади татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 таҳия ва мавриди тадбиқ қарор дорад.
Зикр намудан зарур аст, ки ин иқдоми наҷиб ва воқеан созанда дар ҷомеаи Тоҷикистон барои мубориза бо таассуб, хурофот ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ, махсусан, бо такя ба фанҳои табиию риёзӣ омили муҳим ва такони ҷиддие дар тақвияти мафкураи мардум, хосатан, наврасону ҷавонон хоҳад гашт.
Дар ҳамин радиф, Президенти кишвар иброз намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявии аҳолии мамлакат баргузории озмунҳо, аз ҷумла, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» собит намуд, ки дар байни нав­расону ҷавонон истеъдодҳои нодирро пайдо карда, онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.
Масъалаи болозикр ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус, Академияи ВКД, ки ҳамчун муассисаи олии таълимӣ фаъолият менамояд, алоқамандӣ дорад, чунки дар баробари омода кардани ихтисосҳои равияи гуманитарӣ, дар муассисаи мазкур фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯзонида мешавад. Имрӯз дар академия тамоми барномаҳои таълимӣ ва умуман, низоми таҳсил тибқи муқаррароти стандарти давлатӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин радиф, ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ оид ба эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ муассисаи таълимии мо чораандешӣ намуда, дар ин самт фаъолияти худро собитқадамона пеш бурда истодааст. Омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар заминаи шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ва муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии хориҷи кишвар низ зери назорати қатъии роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар ин самт корҳои мушаххас анҷом ёфта истодаанд.
Вазъи муассисаҳои олии таълимӣ, бунёду азнавсозии онҳо дар замони Истиқлоли давлатӣ, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ, шумораи муассисаҳои мазкур ва теъдоди донишҷӯёне, ки дар онҳо таҳсил менамоянд, сифати омодасозии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантону докторантҳо ва дигар масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм дар Паём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Масъалаи таҳсили ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ дар Паём ба таври махсус таъкид гардид: «Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».
Дар ин замина, Пешвои миллат ба мақомоти масъули соҳа супориш доданд, ки бояд тавассути барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшанд.
ШАРИФЗОДА Файзалӣ Раҳмоналӣ,
сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия