ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ: ҶАЛБИ ХОНАНДАГОН БА МАҲФИЛҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Мусоҳиба бо директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода
– Муаллимаи муҳтарам, дар Паёми навбатии Президенти кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) дар хусуси нақши таҳсилоти иловагӣ дар радифи дигар сохторҳои Вазорати маориф ва илм дар масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим сухан рафт. Нахуст дар ҳамин боб, яъне, вазифаю ҳадафҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ иттилоъ медодед.
– Воқеан, таҳсилоти иловагӣ вазифаҳои зиёдеро бар дӯш дошта, пеш аз ҳама, тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ, эҳсоси волои ватанпарварӣ, инчунин, эҳтиром ба урфу одат, расму оин ва арзишҳои миллӣ, дастгирии хонандагони боистеъдод, ташаккули тарзи ҳаёти солим, амалӣ намудани чорабиниҳои иттилоотию методӣ, ташкили оммавӣ ва фарҳангию маърифатӣ ва амсоли инҳоро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор додааст. Ин мақсаду вазифаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тавассути баргузории озмуну мусобиқаҳо, конференсияҳо, тадбирҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ, варзишию беҳдоштӣ, саёҳатҳои фаннӣ амалӣ карда мешаванд, ки дар ин чорабиниҳо таълимгирандагон фаъолона иштирок намуда, донишу маҳорат ва ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонанд.
– Дар ин замина, хуб мешуд, дар хусуси муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва фаъолияти онҳо андешаҳоятонро баён менамудед.
– Айни ҳол дар 84 муассисаи таҳсилоти иловагии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 1735 маҳфил бо фарогирии 64719 таълимгиранда фаъолият менамоянд, ки дар муқоиса бо соли таҳсили 2022-2023 2800 нафар зиёд мебошад. Ҷиҳати иҷрои банди 80-и Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм, на кам аз панҷ маҳфил, аз ҷумла, маҳфилҳои ҳаваскорон, суруду мусиқӣ, инчунин, равияҳои мухталиф вобаста ба имконоти мавҷуда дар назди ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсис дода шудааст. Аз 3970 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар назди 2798 муассиса 37085 маҳфил ташкил гардид, ки дар онҳо 382897 нафар хонанда ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуданд. Мувофиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ, бо ба анҷом расидани соли таҳсил, фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагӣ қатъ нагардида, аз ҷониби маъмурияти муассисаҳо нақша-чорабиниҳои давраи таътил таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар самти иҷрои «Тадбирҳои мувофиқашудаи байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 38 адад озмоишгоҳи инноватсионӣ ташкил гардид. Дар умум, дар соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 722 семинари омӯзишӣ, 561 мусобиқа. 77 фестивалу озмун, 139 олимпиада, 472 конференсия гузаронда шуд, ки дар онҳо 85576 нафар таълимгирандаю корманди марказҳои таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд.
– Вобаста ба фаъолияти созмони хонандагон ва ҷалби кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳ чӣ корҳо ба анҷом расонда шуданд?
– Яке аз самтҳои фаъолияти Марказ назорат ва раҳнамоии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии кишвар ба шумор меравад. Вобаста ба ин масъала моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Турсунзода Шурои Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба номи Исмоили Сомонӣ бо иштироки раисони Шурои Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он, инчунин, ҳисоботи раисони Шурои Созмони хонандагони шаҳру навоҳии Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Файзобод, Рӯдакӣ ва Варзоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамин гуна ҷамъомадҳо дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки раисони Шурои Соз­мони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Ёвон, Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ. Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Кӯшониён, Вахш, Шаҳритус ва Н. Хусрав баргузор ва дар он фаъолияти Созмонҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мазкур баррасӣ гардид. Моҳи октябр бошад, гурӯҳи кормандони Марказ вазъи фаъ­олияти Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон ва Айнии вилояти Суғдро мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор доданд, натиҷаи он дар шаҳри Истаравшан бо иштироки тамоми директорон ва раисони Шурои Созмони хонандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардид. Моҳи ноябр ҳайати гурӯҳи кормандони марказ бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав шинос гардиданд. Бояд хотиррасон кард, ки яке аз мушкилиҳои роҳбарони созмони хонандагон, зуд-зуд иваз шудани роҳбарони созмон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Бинобар ин, дар ҷамъомадҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, якҷо бо сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф мушкилиҳое, ки дар ин самт мавҷуд буданд, баррасӣ ва аксари он мушкилот бо дастгирӣ ва саъйю талоши сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бартараф шуданд. Моҳи декабр даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон» аз ҷониби марказ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он роҳбари Созмони хонандагони литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Савруллои Абдулвоиз соҳиби ҷойи аввал ва ғолиб дониста шуд.
Ҳамзамон, соли гузашта даврҳои минтақавии озмуни «Шоҳномахонӣ», «Ихтироъкори ҷавон» ва мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Моҳи май дар қисми низомии №15018-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ даври ҷумҳуриявии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» миёни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Истаравшан, Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш, Сангвор, Рӯдакӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд.
Кормандони марказ ҳамасола ба масъалаи истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, корҳои зиёди назаррасеро ба иҷро мерасонанд. Моҳи июни соли сипаришуда гурӯҳи кории кормандони марказ ба фаъолияти истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав шиносоӣ пайдо карда, ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ, мавқеи кабинетҳои методӣ дар омода намудани истироҳатгоҳҳо ва кормандони он, фарогирии мактабиён ба лагерҳои тобистона, нақшаҳои корӣ, таъминоти кадрӣ, роҳхатҳои дастрасшуда, мавқеи марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар ташкилу гузаронидани истироҳати тобистона ва дигар мушкилот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ёрии методӣ расонданд. Хотиррасон бояд намуд, ки дар мавсими тобистони соли гузашта дар ҷумҳурӣ 3318 истироҳатгоҳ, аз ҷумла, 278 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ бо фарогирии 12939 нафар, 1147 истироҳатгоҳи наздимактабӣ бо фарогирии 67068 нафар ва дар маҷмуъ, 256747 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳҳои тобистона ҷалб карда шуданд, ки аз ин шумул 787 нафар ятим, 1300 нафар кӯдаки бепарастор, 5194 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 325 нафар кӯдакони маъюб мебошанд. Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар заминаи марказ лагери истироҳативу омӯзишии «Рангинкамон» дар 4 баст бо фарогирии 400 нафар наврас ташкил карда шуд, ки дар он барои кӯдакон машқҳои пагоҳирӯзӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ, бозиҳои шавқовар, мусобиқаҳои варзишӣ, сайру саёҳат, вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ба роҳ монда шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкили саёҳати якрӯза ба осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ба мавзеи зебоманзари Барчиддара, чашмаи Носири Хусрав ва вохӯриҳо бо адибони минтақа гузаронида шуд. Дар вилояти Суғд бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо аъзои маҳфилҳои равияи техникӣ дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят озмуни «Беҳтарин макети сайёра» гузаронида шуд. Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо мақсади ба ҳаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва инчунин, эълон гардидани «Як моҳи ҳаёти кӯдакон» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин» аз рӯйи 17 номинатсия дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ», «Хатти зебо», «Математикони наврас» ва «Луғатдони беҳтарин» доир гардид. Боиси хурсандист, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дастпарварони марказ соҳиби 221 медали тилло, 203 медали нуқра ва 152 медали биринҷӣ гардиданд.
– Дастовардҳои аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ чӣ гуна буданд?
– Дар соли таҳсили 2022-2023 дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 97 маҳфили марбут ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо фарогирии 2903 нафар таълимгиранда амал карданд. Бояд зикр намуд, ки соли гузашта 44 нафар аъзои маҳфилҳои фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар олимпиадаҳои фаннии даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 26 нафар сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла, 7 медали нуқра, 9 медали биринҷӣ ва 10 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
– Роҳбарияти марказ дар масъалаи беҳтар намудани муҳтавои чорабиниҳо, баланд бардоштани фаъолияти маҳфилҳо ва дар иртибот ба тақозои давру замон тақвият бахшидани дараҷаи касбияти кормандони муассисаҳои зертобеи худ чӣ иқдомҳоро роҳандозӣ менамояд?
– Бори аввал дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф нақшаи аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандони марказҳои таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардид. Роҳбарон ва кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ тибқи нақша аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Ҳамзамон, аввалин машварати ихтисосии (августӣ)-и роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо вобаста ба мустаҳкам намудани заминаҳои моддию техникӣ, ҳуқуқӣ, роҳҳои ҷалби наврасон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, инчунин, омӯзиши густурдаи забонҳои русиву англисӣ, ифтитоҳи маҳфилҳо дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иртибот ба Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, марказ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати рушд ва мустаҳкам намудани заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъминоти методии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бори нахуст лоиҳаи стандарт ва барномаҳои самти таҳсилоти иловагиро таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд. Иқдоми дигаре, ки марказ ба роҳ монд, он буд, ки як гурӯҳ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади омӯзиши фаъолият ва мубодилаи таҷриба ба Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва як гурӯҳ сарварони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба марказҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон ташриф оварда, бо шароит ва имконоти баргузории машғулиятҳо ва табодули таҷрибаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ аз наздик шинос шуданд.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»