РАДАБАНДИИ КИШВАРҲОИ ОЛАМ: ТОҶИКИСТОН ДАР МАВҚЕИ 21-УМ

Радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи хароҷот ба соҳаи маориф, ин маҷмуи умумии хароҷоти давлатӣ барои маориф ҳисоб карда мешавад, ки фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро (ММД) дар бар мегирад. Ин ташкилоту созмонҳо ҳамасола аз тарафи Институти омори ЮНЕСКО-и СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ гузаронидаву давра ба давра нав карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар ин радабандии ҷаҳонӣ сатҳи хароҷоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвали рӯйхати пешниҳодгардида дар мавқеи 21 қарор дорад ва маблағгузорӣ дар соҳаи маориф 19,9% нишон дода шудааст. Ин омил бозгӯйи он аст, ки дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода мешавад. Дар радабандии мазкур Ҷумҳурии Беларус мавқеи 48, Қирғизистон 49, Федератсияи Россия 84, Қазоқистон 87, Эстония 96, Украина 101, Литва 125, Озорбойҷон 132 ва Гурҷистон дар ҷойи138 қарор доранд.
Давлатҳои аз ҷиҳат иқтисодӣ ва сиёсӣ заифи ҷаҳон, ба монанди Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ, Моноко, Вануату, Афғонистон, Нигерия ва Ангола дар ин радабандӣ дар зинаҳои охирин қарор доранд, ки ин аз сатҳи пасти донишу маорифи кишварҳои зикршуда шаҳодат медиҳад.

БОНГИ ИЗТИРОБИ СММ: ТО СОЛИ 2030 ДАР ҶАҲОН 44 МИЛЛИОН ОМӮЗГОР НАМЕРАСАД
Барои фаро гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ то соли 2030 дар саросари ҷаҳон иловатан 44 миллион омӯзгор, аз ҷумла, 15 миллион нафар дар Африқои Ҷанубӣ зарур аст. Дар ин бора роҳбарияти ЮНЕСКО ва дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии маориф дар паёми муштараки худ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорон, ки 5 октябр таҷлил мешавад, ёдовар гардидаанд.
Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азулей, сардори Ташкилоти байналхалқии меҳнат Гилберт Ф. Хунгбо, директори ичроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел ва котиби генералии Ассотсиатсияи байналхалқии маориф Дэвид Эдвардс қайд мекунанд, ки деҳот, минтақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҷудошуда, инчунин, ҷамоатҳои муҳоҷири дохилӣ аксар вақт аз нарасидани муаллимони соҳибихтисос азият мекашанд.
Муаллифони ин санад аз кишварҳо даъват кардаанд, ки ба касби омӯзгорӣ бештар таваҷҷуҳ кунанд ва мақому манзалати омӯзгоронро баланд бардоранд. Ба таъкиди онҳо, афроде, ки чунин касбро интихоб мекунанд, бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиб дарёбанд.

ДАР ҶОПОН ТАЪДОДИ ОЛИМОНИ ТО 39-СОЛА 10% ЗИЁД МЕГАРДАД
Тибқи иттилои Институти тадқиқоти оморӣ ва иқтисодиёти дониши Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ – «Мактаби олии иқтисод», ба зинаи аспирантура дар кишвари Ҷопон таваҷҷуҳ камтар гардидааст.
Ҷопон ният дорад, ки бо ёрии тадбирхои нави дастгирии илми донишгоҳ ба душвориҳои баамаломада мубориза барад. Онҳо дар стратегияи ҳамаҷонибаи инноватсионӣ, ки моҳи июни соли 2023 қабул гардидааст, ба нақша гирифта шудаанд. Тибқи он, Ҷопон дар соли 2026 шумори докторантураҳоро 3 баробар ва теъдоди олимони ҷавони то 39-соларо бояд дар донишгоҳҳои кишвар 10% (ё 4107 нафар) зиёд кунад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо ҳукумат барномаи дастгирии дарозмуддати асосиро ба донишгоҳҳо роҳандозӣ ва доираи грантҳои тадқиқотиро барои аспирантон васеъ намуда, ҷалби олимони боистеъдод аз хориҷи кишварро идома медиҳад. Дар Ҷопон хусусияти дарозмуддати грантҳо ба донишгоҳҳо хос аст: онҳо ба муҳлати то 10 сол дода мешаванд.
Таҳияи Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»