БУНЁДИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

Таълиму тарбия бо фарҳанг ва ормонҳои иҷтимоии ҳар миллат иртиботи ногусастанӣ дорад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ мекунад. Зеро ҷараёни таълим ин худ раванди робитаи иҷтимоӣ — фарҳангист ва аз дигар ҷиҳат, метавон маорифро ҳамчун ниҳоди ҷудогонаи иҷтимоӣ – фарҳангие, ки раванди мазкурро таъмин мекунад, арзёбӣ намуд. Ба низоми омӯзиш тамоми табақаву қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ иртибот доранд. Меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангӣ, шаклу тарзҳои тафаккури қолабии онҳо аз насл ба насл тавассути таълиму тарбия интиқол дода мешавад.
Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «ифтихори ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги Ватан ибтидо мегирад». Имрӯз дар ҷомеаи мо мутахассисе, ки дар рӯҳияи иҷрокунандаи ғайрифаъол тарбия ёфтааст, харидор надорад. Зеро дар иқтисоди муосир маҳаки асосӣ барои як мутахассис мустақилона масъалагузорӣ карда тавонистан ва ёфтани роҳҳои ҳалли масъала мебошад. Аз ин ҷост, ки мутахассиси муосир бояд пайваста худомӯзӣ кунад, ба ҳаллу фасли ин ё он масъала эҷодкорона муносибат намуда, манбаъҳои иттилоъро дарёбад ва доимо дар ҷустуҷӯи навгониҳо бошад.
Асос ва пояи рушди давлатдории миллиро сатҳи баланди тарбияи инсони бофарҳанг ифода мекунад. Зеро вазифаи асосии низоми маорифро ғояи созандагиву эҷодгарӣ ташкил медиҳад, ки ҳадафи аслии фарҳанг низ мебошад. Фаъолияти истеҳсолии инсони муосир на танҳо ба анҷоми вазифаҳои муайяни фановарӣ вобаста аст, балки моҳияту аҳаммияти иҷтимоиро низ дорост.
Ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилот, ки иборат аз масоили технологӣ, ахлоқӣ, экологӣ ва иҷтимоист, барои як мутахассиси имрӯза амри зарурӣ мебошад. Аз ин рӯ, маориф на фақат василаи фарогирии дониш, балки омили тағйирдиҳандаи муносибати инсон ба муҳити табиӣ ва рафтори ӯ дар муҳити иҷтимоӣ низ ҳаст. Зеро ба ақидаи аксари донишмандон, маориф на танҳо фарогирии малакаҳои муайяни ақлониву истеҳсолист, балки шароити фарҳангии зиндагиву фаъолияти фард, яъне наздикшавии шахс ба арзишҳои олии маънавию ақлонӣ низ маҳсуб мешавад.
Ҳамон хонандае миёни мактабу маориф иззату обру дорад, ки дониш ва хулқи хуб дорад. Фазилатҳои ахлоқии хонанда, албатта, муҳим аст ва ӯ бояд соҳибилму босавод ҳам бошад. Таҷриба нишон медиҳад, хонандагоне, ки дониши кофӣ надоранд, дар роҳи корбурди усулҳои судманди таълим муҳтоҷ мешаванд, дар ҳалли мушкилоти хоси хусусияти назариявию амалидошта оҷиз мемонанд. Ба ҳамин далел, ахлоқ ва саводнокии хонандагон аз сифатҳои барои мактаб зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳеҷ як ҷомеа бидуни таълиму тарбия дер вуҷуд дошта наметавонад, чунки мақсади ҳама гуна ҷомеаи дунявӣ — демократӣ ба вуҷуд овардани имконият барои инкишофи ҳамаҷонибаи шахс мебошад. Сатҳи маданияте, ки ҷавонони миллат ба он ноил мегарданд, аз маҳсули тарбия дарак медиҳад ва ба ташаккули шахсият замина мегузорад. Талаботи маънавии аз худ намудани арзишҳои фарҳангӣ ғанӣ намудани дунёи ботинии хеш аст. Барои он ки ҳар як шахс ба ҷамъият ва ба талаботи он мутобиқ шавад, тарбия нақши муҳим мебозад. Ашхоси тарбиятдида хирадманд, хушахлоқ, адолатпеша буда, дар ҷомеа мавқеи устувор доранд.
Саёҳат ПИРХУҶАЕВА,
омӯзгори гимназия-парваришгоҳи
ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ