ДАСТУРҲОИ МУФИД БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ МАТЕМАТИКА

Омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ба пешрафти кишвар мусоидат намуда, наврасону ҷавонони лаёқатманду ихтироъкорро ба камол мерасонад. Аз ин рӯ, бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид ва чандест, ки дар доираи он корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз ва хонандагон бо китобу дастури муфид таъмин шуданд. Вобаста ба ин, метавон аз таълифи китобу дастурҳои судманд ёдовар гардид. Дар ин миён геометрия аз муҳимтарин фанҳое маҳсуб меёбад, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзонида мешавад. Дар ин замина китоби нав бо номи «Геометрия: ҳалли мукаммали масъалаҳо» (барои синфи 7, муаллифон: М. Маҳкамов, Р. Р. Мирзозода, А. М. Наҷмиддинов, Н. Н. Қодиров, С. М. Боев. – Душанбе: Маориф, 2023. – 224 с.) ба нашр расид. Дастури мазкур ҳалли масъалаҳо ва ҷавоби саволу супоришҳои геометрияи синфи 7 (аз рӯйи китоби дарсии геометрияи синфи 7-уми Бурҳонов У., Шарифов Ҷ. Соли 2013)-ро дар бар гирифтааст. Дар он ҳалли 777 масъала оварда шудааст, ки барои омӯзгорони математикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун раҳнамои методӣ хизмат мекунад.
Дастури мазкур аз 5 фасл ва 19 параграф таркиб ёфта, ҳалли масъалаҳо бо шарҳу эзоҳ ва дар иртибот бо расмҳои мувофиқ ҳал карда шудаанд. Ба таъкиди муҳаққиқон, «дастури методии мазкур сарчашмаи фанни геометрия ба шумор меравад. Ин дастури методӣ қисми якуми фанни геометрияро, ки аз планиметрия иборат аст, дар бар мегирад. Дар таълими фанни геометрия қисми планиметрия ва ҳалли масъалаҳои он аз омӯзгорони ҷавон дониши мукаммалу тасаввуроти ҳамворӣ ва таҷрибаи кофиро талаб мекунад».
Ба ҳамин мазмун китоби нави дигар таҳти унвони «Геометрия: ҳалли мукаммали масъалаҳо» (барои синфи 8, муаллифон: Маҳкамов М., Қодиров Н. Н., Мадғозиев Л. Б. Раҳматов Х. И., А. Аломуддин, Ҳасанов Н. Қ. – Душанбе: Маориф, 2023. – 220 с.) аз чоп баромад. Дастури мазкур ҳалли масъалаҳо ва ҷавоби саволу супоришҳои геометрияи синфи 8-ум (аз рӯйи китоби дарсии геометрияи синфи 8-уми Бурҳонов У., Шарифов Ҷ. Соли 2021)-ро дар бар гирифта, дар он зиёда аз 600 ҳалли масъала оварда шудааст, ки барои омӯзгорони математикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хидмати шоиста менамояд.
Ин дастур аз 6 фасл ва 27 параграф иборат буда, ҳалли масъалаҳо бо шарҳу эзоҳ ва дар иртибот бо расмҳои мувофиқ иҷро карда шудаанд.
Ба таъбири муаллифон, «ҳангоми ҳалли бисёр масъалаҳо на танҳо аз як қоида ё ин ки тарзҳои гуногун истифода карда мешавад, балки барои ҷустуҷӯйи ҳалли масъалаҳо ёрӣ мерасонад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳалли масъалаҳо маънои ёфтани ҳамаи ҳолатҳои математикӣ аст, ки барои он аз шартҳои масъала истифода мебаранд, ё ин ки натиҷаи талаботи онро иҷро менамоянд. Барои ин ҳамаи ҳолатҳои математикиро, ки аксиомаҳо, теоремаҳо, қоидаҳо, формулаҳо ба он дохил мешаванд, бояд донист. Ёфтани тарзи ҳалли масъала аз табдилдиҳиҳо вобаста буда, ин табдилдиҳиҳо тахайюлот (фантазия), тасаввурот ва фикррониро тақозо мекунад».

Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»