АНЪАНАИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ВА БАҲСИ ОН

Дар маҳфили навбатии «Фарҳанги мардум» баҳс дар атрофи шоҳномахонӣ дар байни мардум сурат гирифт. Устод Равшан Раҳмонӣ зикр намуд, ки аз замонҳои хеле пеш, ҳатто пеш аз мелод дар байни мардум хунёгарон ва сарояндагоне буданд, ки достонҳои ҳамосиро бо овози хушу гуворо месароиданд ва бо маҳорат нақл мекарданд. Баъдҳо (дар даврони Сосониён) дар асоси ин достонҳои ҳамосӣ китоби «Худойнома» таҳия шуд. Ҳамин тавр, то эҷоди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чандин «Шоҳнома»-и насрӣ ба вуҷуд омад. Пас аз он ки пайғамбари сухан Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро эҷод кард, достонҳои он дар байни мардум густариш дарёфтанд. Шоҳномахонҳои маъруф, наққолон, қиссагӯён ин достонҳоро бо хониши зебо ба самъи шунавандагон мерасониданд ва баён менамуданд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯён М.Ҳабибов, Ҳ. Исроилов дар асоси китобҳо, аз ҷумла, «Шоҳнома» дар байни тоҷикон», «Намунаҳо аз фолклори тоҷикон» дар бораи шоҳномахонию достонсароӣ сухан ронданд. Донишҷӯён Р.Ҳамидзода ва П. Тешаева роҷеъ ба достонҳои Баҳроми Гӯр маълумот доданд, ки онҳоро бобои Илёс Ваҳҳобов (1927-2021) то 94-солагӣ дар ноҳияи Тоҷикобод барои фарзандон ва ҳамдеҳагони худ ҳикоят мекардааст. Ҳамчунин, донишҷӯён аз шоҳномахонҳои деҳаи Пасурхии ноҳия Бойсун ёдовар шуданд, ки то охири асри ХХ дар ин деҳа достонҳои «Шоҳнома» вирди забони баъзе калонсолон будааст. Донишҷӯён Ф. Раҳматшоева ва Г. Мирумадзода дар бораи достони «Рустам ва Суҳроб», Ф. Гиёзода оид ба шоҳномахонӣ дар байни мардум сухан гуфта, бо таассуф ёдрас шуданд, ки имрӯзҳо шоҳномахонии анъанавӣ аз байн рафтааст.
Дар охир устод Р. Раҳмонӣ аз ташаббуси Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки соли 2024 ин шоҳасари ҷаҳонӣ барои ҳар хонаводаи мардуми тоҷик ройгон тақсим карда мешавад. Баъди ин ҳадяи арзишманд шоҳномахонӣ, сароиши достонҳо, наққолӣ, қиссагӯӣ аз «Шоҳнома» бо шакли нав дар тамоми кишвар эҳё хоҳад шуд.
Муҳриддин САФАРОВ,
донишҷӯи курси 1-и
факултети филологияи ДМТ