Ба модар хидмат бикунед, дасти ӯ бигиред, ғамхораш бошед. Эмомалӣ Раҳмон
Ангезаҳо аз суханронии меҳрбори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши модар зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ
Ҳамаи моро зиндагӣ шоҳҷоизае эҳдо кардааст ва ин шоҳҷоиза модар ном дорад.
***
Онеро, ки модараш дар канор аст, агар печида ба ҳазор дарду бало бошад ҳам, бадбахт гуфтан нашояд.
***
Таърихи баромади вожаи «Меҳр» бо дили модар иртибот дорад.
***
Инсоният ба кашфи муқтадиртарин олоти техникӣ ноил гардида, замину кайҳонро саросар фатҳ созад ҳам, тавонотар аз неруи модар чизе офарида наметавонад.
***
Дар ҳама ҳолат як неруи тавоное наҷотбахшу дастгири мост: меҳри модар.
***
Хайру баракати зиндагӣ аз арҷгузорӣ ба модар маншаъ мегирад.
***
Вақте ки модар дасти дуо мебардорад, тамоми таманниёти неки ҷаҳон дар кафи ӯ ғунҷоиш меёбанд.
***
То сари мо дур бошад аз хатар,
Модаре ҳаргиз набинад дарди сар.
***
Модар аз шадидтарин дард он қадар азият намекашад, ки аз хурдтарин нокомии фарзанд бикашад.
***
Он, ки бар модар набошад сарпараст,
Ман надонам бар чӣ маънӣ зинда аст?!
***
Бо модар зиндагӣ саршор аз лаззат аст, пас аз сари ӯ саршор аз ҳасрат.
***
Ягона нақше, ки дар зиндагии мо нозудуда мемонад, нақши модар аст.
***
Ҷаҳони дили мо-фарзандон, агар сад китоб бошад ҳам, модар ба як нигоҳ онро мехонад.
***
Модар пизишкест, ки бидуни ҷарроҳӣ ҷароҳатҳои ботини моро даво мебахшад.
***
Бо он амале, ки неруи модар қодир аст, тавонотарин дастгоҳи техникӣ комёб нахоҳад гашт
***
Бо оне, ки модар дар канор дорад, аз зиндагӣ шикоят кардан норавост.
***
Дар кулли забонҳо волотарин вожа «модар» аст. Ҳамаи вожагон ситораҳоянд, модар – хуршед.
***
Модар боғбони зиндагии мост. То ин боғбон ҳаст, гиёҳеву ниҳоле пажмурда нахоҳанд шуд.
***
Нурбахши рӯи олам модар аст,
Посдори бахти одам модар аст.
***
Канори модар порае аз биҳишт аст. Модар ҳастии биҳиштист.
***
Хира бар онҳоеям, ки мункири ҳастии муъҷизаанд; магар аллаи пурҷозибаи модар, меҳри беҳудуди модар, сухани тобноки модар, ғамхории пайвастаи модар муъҷиза нест? Балки бартар аз муъҷиза.
***
Забони модарӣ онеро сазовор аст, ки вожаи «модар»-ро бо ихлосу муҳаббат ба забон орад.
***
«Шуморо дӯст медорам, модарҷон!» Барои ҳар модар волотар аз ин нидо ҳадяе нест аз ҷониби фарзанд.
***
Модар. Ин аст шоҳвожаи тамоми фарҳангҳо ва забонҳои дунё.
***
Корбасти вожаи «модар» Суруди миллии мо – тоҷиконро шаҳомате бештар эҳдо карда.
***
Муҳаббате, ки дар тифлӣ ба модар доштед, тамоми умр набояд заррае коҳиш ёбад. Он гоҳ шумо инсони ҳақиқӣ хоҳед буд.
***
Зиндагонии мо аз эҳтиром ба модар файз меёбад. Гулистони ҳаётамон аз ҳастии модар шодоб аст.
***
Пеши неруи дили модар неруи бозувони паҳлавонон нотавон аст.
***
Ҳамаи вожаҳо аз забон берун меоянд, вожаи «модар» аз дил.
***
Захме, ки дар ҷисми фарзанд пайдо шуда, шифо меёбад, дар дили модар нақш мегузорад.
***
Дар ин дунё оне қадр меёбад, ки ба қадри модар бирасад.
***
Вақте ки модар табассум мекунад, дунё бештар мунаввар мешавад, ҳама ҷо ба гулистон табдил меёбад ва дилҳо саршори фараҳ мегарданд.
***
Вақте ки модар кӯдак дар оғӯш дорад, фариштаҳо ба таъзими ӯ меоянд.
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»