КОХИ БАЛАНДИ НАЗМ

Ҳаким Фирдавсӣ умри пурбаракати хешро ба кори басо пуршараф-зинда нигоҳ доштани таърихи пурифтихори Эрони бостон ва қаҳрамониҳои зодагони ин сарзамин бахшида, дар ниҳояти кор баъди сӣ соли ранҷу заҳмат бо ин шоҳкории худ – «Шоҳнома»-и безавол ба мақсади волояш расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиум бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуданд, ки шоҳасари Фирдавсӣ – «Шоҳнома» бо теъдоди зиёд чоп ва ба аҳолии кишвар ройгон дастрас карда шавад. То ин дам бо саъю кӯшиши Президенти кишвар «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров чоп ва дастраси ҳар як оила гардонда шуд, ки ин дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, бузургдошти ниёгон, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, донистани таърихи миллати худ дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба амал овард.
Ҳаминро бояд зикр намуд, ки вобаста ба шароити таърихӣ ҳамеша аз байни миллатҳо фарзандони ҷоннисоре ба майдон меоянд, ки парчамбардори миллати хеш мегарданд. Дар авҷи ҳукмронии аҷнабиёни хайманишин Рӯзбеҳ ибни Додхоҳ кори шоиста анҷом дода, китобҳои форсиро наҷот дод. Сипас Ҳаким Фирдавсӣ ба майдон омада, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва ҳимояи давлати миллиро ба миён гузошта, бо таълифи «Шоҳнома» ин корро ба анҷом расонд. Тавре ки худ таъкид мекунад:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
«Шоҳнома» бузургтарин ҳамосаи миллӣ ва таърихӣ ба шумор рафта, онро метавон донишномаи рӯзгори мардуми ориёӣ донист. Ин шоҳкор аз тамоми ҳамосаҳои хурду бузурги миллии дигар халқҳо, ба мисли «Иллиада», «Одиссея», «Рамаяна», «Суруди Роланд», «Достони полки Игор» бо он имтиёз дорад, ки суханвари тусӣ ба воқеаҳои олам, сарнавишти инсон, моҳияту маънои зиндагӣ ба назари дигар нигаристааст ва ҳимояи Ватан, худогоҳӣ, худшиносӣ, бузургдошти забони модарӣ ва одату анъанаҳои миллиро дар ҷойи аввал мегузорад, бегонапарастиро сахт маҳкум мекунад.
Ғояи «Шоҳнома» нахустдавлати миллии тоҷикон-давлати Сомониён буд. Фирдавсӣ барои пойдорӣ ва безаволии он мубориза бурдааст.
Ташаббуси Сарвари давлат саривақтӣ буда, бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ба асли хеш таваҷҷуҳ кунем, таърихи худро донем, давлати миллии худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, то сабақҳои талхи таърихи пурфоҷиаи гузашта бори дигар такрор наёбанд.
Ҳасан АЛИМЗОДА,
Мусо АЛИЗОДА,
аъзои Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон