АНДАР ШИНОХТИ КУРУШИ КАБИР

Дар тӯли таърихи инкишофи инсоният масъалаи давлати идеалӣ ва «ҳокими идеалӣ» пайваста мавриди таваҷҷуҳи сиёсатмадорону файласуфон қарор гирифтааст. Ҳокими идеалӣ бояд чӣ гуна бошад? Дар ҷавоб ба ин савол ҳанӯз дар асрҳои қадим донишмандони бузург, ба мисли Ҳеродот, Суқрот, Афлотун, Арасту, Ксенофонт, Ситсерон асарҳо эҷод кардаанд.
Куруши Кабир, шоҳи форс аз сулолаи Ҳахоманишиён, ки солҳои 559-530 пеш аз милод ҳукмронӣ мекард, писари Камбиси I аз қабилаи Ҳахоманишиён буд.
Куруш фармондеҳи бузурги замони худ буд. Дар ин бора қариб ҳамаи сарчашмаҳо иттилои муътамад додаанд. Ҳамин тавр, вай иттифоқи қабилаҳои форсро ба вуҷуд оварда, Мидия ва баъдан Парфияро забт кард. Дар мубориза бар зидди иттиҳоди зиддифорсӣ, ки аз Лидия, Бобулистон ва Миср ташкил шуда буд, стратегияи шикасти рақибони худро тартиб дода, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳарбӣ лашкари хубе омода карда, худро на танҳо ҳамчун фармондеҳ, балки ба сифати сиёсатмадори хирадманд нишон дод. Дар тарбияи ҳарбии худ аскарони савораро ҳамчун неруи асосӣ дар муҳорибаҳо истифода мебурд.
Куруш сиёсатшиноси нуктасанҷ буд. Пеш аз ҳама гуна муҳориба ӯ барои нарехтани хун ба рақибонаш бо кафолати амният, озодӣ ва бо шартҳои барои онҳо имтиёзнок бастани сулҳро пешниҳод мекард.
Вай ҳар як ҷанги дар пеш истодаро қабл ва баъди он таҳлил мекард. Куруш, пеш аз ҳама, ба қобилиятҳои ҷанговарон ва стратегияву тактикаи душман такя ва ба рақибон муносибати шахсии худро мушаххасу муайян мекард. Куруш худро комилан бо ҳамаи ҷанговарон баробар дониста, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекард, номи ҳар яки онҳоро медонист. Вай бо иттифоқчиёнаш низ ҳамин тавр муносибат менамуд, ки ин ба ӯ дар ҷангҳо афзалиятҳои баробар медод. Хусусияти дигари ҳокими оқил дар муносибати ӯ ба маҳбусон зоҳир мешавад. Куруш империяи нав таъсис дод. Бесабаб нест, ки Курушро асосгузори давлати Форс медонанд. Вай усулҳоеро ҳангоми фатҳи ину он кишвар истифода мебурд, ки муҳаққиқони баъдӣ ӯро ҳамчун як ҳокими хирадманд ном мебаранд.
Хусусияти «ҳокими идеалӣ» аз сарчашмаҳои ибтидоӣ бармеояд. Куруш мақсадҳоро аниқ ба миён мегузошт ва ба онҳо ноил мегардид. Барои Куруш дар ҳама кор тартибу низом низ муҳим буд ва ҳар кас бояд вазифаҳои худро дар ҷойи хеш ба иҷро расонад.
Куруш бо тобеонаш муносибати гуманистӣ намуда, онҳоро аз худ паст намегузошт. Ин кирдори Курушро дар муносибат ба тобеинаш дар масъалаи эътиқоди динии вай мушоҳида кардан мумкин аст.
Шералӣ ДАВЛАТОВ,
омӯзгори гимназияи ҳарбии КДАМ
ба номи «Ворисони Куруши Кабир»