РОҲҲОИ САМАРАБАХШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ РУСӢ

Дар замони муосир забондонӣ омили муваф­фақияти ҳар як инсон мебошад. Зеро донис­тани забонҳои хориҷӣ имкон фароҳам меорад, ки инсон, аз як тараф, маълумоти бештарро фаро гирад, аз ҷониби дигар, донишу ҷаҳонбинии хешро такмилу тақвият бахшад. Аз ин рӯ, дар кишвари мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои англисию русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва донистани забонҳо барои аз худ кардани технологияи замонавӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, мо бо донистани забонҳои хориҷӣ ба ганҷинаи пурғановати адабиёти ҷаҳон ворид гардида, беҳтарин асарҳои сатҳи ҷаҳониро мутолиа мекунем. Мусаллам аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, аз зинаи аввали таҳсил тадриси забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) бори дигар дар масъалаи забономӯзии наврасону ҷавонон таъкид намуданд: «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».
Имрӯз шароит ҷиҳати омӯзиш ва фарогирии донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва мо, омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, бояд ҳангоми тадрис масъулияти бештар эҳсос намуда, дар раванди таълиму тарбия аз шеваҳои муассири омӯзиш самаранок истифода кунем. Аз ҷумла, забони русӣ дар кишвари мо ҳамчун забони муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст ва донистани ин забон имкон медиҳад, ки хонандагон ба адабиёти ҷаҳон тавассути забони русӣ шинос гарданд. Ба ин маънӣ, омӯзиши забони русӣ бояд аз кӯдакистон оғоз гардад ва дар мактаб такмилу ташаккул ёбад. Омӯзишу таълими он дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба таври самараноку ҳадафманд роҳандозӣ гардад. Барои ин зарур аст, ки таълими онро дар сатҳи баланд ба роҳ монем. Ман ҳамчун омӯзгори забони русӣ кӯшиш мекунам, ки ба хонандагон нозукиҳои ин забони ҷаҳониро ҳамҷониба омӯзонам. Барои расидан ба ин ҳадаф моро зарур аст, ки дарсҳоро ба тариқи зер ба роҳ монем:
Якум, омӯзгор бояд дар ҷараёни дарс пурра бо забони русӣ такаллум намояд ва дар синфхона муҳити забономӯзиро фароҳам орад, чунки то замоне ки дар раванди дарс хонандагон бо забони русӣ суханронӣ накунанд, наметавонанд, ин забонро аз худ намоянд ва озод суҳбат ороянд. Ба ҳар як хонанда имкон дода мешавад, ки доир ба мавзуъҳои дарсӣ фикру андешаҳояшро бо забони русӣ баён кунад.
Дуюм, дар ҳар дарс ба хонандагон луғатҳои нав барои азёд кардан пешниҳод карда шавад, то захираи луғавии онҳо ғанӣ гардад. Дар ин самт зарур аст, ки аз оғози соли таҳсил ба хонандагон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати азхуд намудани луғатҳо дафтари махсус ташкил ва ҳар як луғати нав, ки ҳангоми баррасии мавзуъҳо ба миён меоянд, барои аз худ намудан дар он дафтар сабт гардад.
Сеюм, истифодаи самараноки воситаҳои аёнӣ ва синфхонаҳои лингафонӣ мебошад. Воситаҳои техникӣ ва аёниятҳои таълимӣ имкон фароҳам меоранд, ки хонандагон ба омӯзиши забони русӣ шавқу рағбати бештар пайдо карда, мавзуъҳоро ҳамаҷониба аз худ намоянд.
Чорум, пешниҳоди мутолиаи китобу маҷалла ва рӯзномаҳо бо забони русӣ. Тақвият бахшидани ҷаҳонбинӣ ва суҳбат намудан бо забони русӣ аз омӯзиши бардавом вобаста аст. Албатта, дар ин замина зарур аст, ки китобу маҷалла ва рӯзномаҳо вобас­та ба синну соли хонандагон пешниҳод гардад.
Панҷум, азёд намудани пораҳо аз асарҳои бадеӣ ва шеърҳо бо забони русӣ ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки аз худ намудани дилхоҳ матни асари бадеӣ ва шеър, аз як тараф, хотираро қавӣ гардонад, аз ҷониби дигар, ба ташаккули рушди хонандагон мусоидат мекунанд.
Сайёрахон ЯҲЁЕВА,
омӯзгори забони русии
литсейи №1-и шаҳри Бӯстон