КОРБАСТИ ВОЖАИ «ON»

Забони англисӣ дорои наздик ба 500000 вожа буда, теъдоди бисёри онҳо сермаъно (полисемӣ) мебошанд. Мавзуи мунтахаби мо — вожаи «ON» бо унвони пешоянд маъмул буда, ҳамчун зарф ва сифат низ ба кор бурда мешавад. Ин вожа семантикаи фарогир дорад.
Вожаи «ON» ҳамчун пешоянд
1. Вобаста ба маънои маконӣ ҳовии чунин семантика аст:
— ҷой доштани ягон предмет дар рӯйи/ болои чизе – дар: The phone is on the sofa. – Телефон дар рӯйи диван аст.; The picture hangs on the wall. – Расм дар девор овезон аст.; on the surface of the water – дар рӯйи об; on page four — дар саҳифаи чор.
— ҷой ва вазъияти ягон предмет дар назди ягон макон – дар (назди): Our garden is on this river. – Боғи мо дар назди ҳамин дарё мебошад.; The town lies on Lake Michigan. – Шаҳр дар назди кӯли Мичиган воқеъ аст.; on the street (амер.) – дар кӯча; on the border – дар сарҳад; on the right – аз тарфи рост; a house on the main road – хонаи назди роҳи калон;
— ба самти: He tossed the ball on me. – Ӯ тӯбро ба бари ман афканд.; The door opens on the hall. – Дар ба тарафи толор кушода мешавад;
— бо намудҳои махсуси нақлиёт, ки дар он нишастан, рост истодан ва роҳ гаштан мумкин аст, ин пешоянд истифода мешавад: on the ship– дар киштӣ; on the train – дар қатора; on the plane – дар тайёра;
— бо қутбҳои ҷаҳон – дар: on the west – дар ғарб; on the east – дар Шарқ.
2. Вобаста ба маънои замонӣ чунин махсусиятҳои семантикӣ дорад:
— бо рӯзҳои ҳафта, таърихи рӯз, лаҳзаҳои дақиқу муайян истифода мешавад: on Thursday – рӯзи панҷшанбе, on Monday – рӯзи душанбе, on the 6th of January – шашуми январ, on the morning of the 5th February – субҳи панҷуми феврал, on time – дар вақташ; on any day – кадом рӯзе бошад; on the point of – айнан, худи худаш, айни муддао;
— ба муттасилӣ, пайдарҳамии амал ишора мекунад – пас аз: On my return home, I called her. – Пас аз хона баргаштанам, ман ба ӯ занг задам.; On examining his pockets, I found them empty. – Вақте (Пас аз он ки) кисаҳояшро пурра кофтам, дидам онҳо холианд;
— дар як вақт рух додани амалро нишон медиҳад – дар рафти, ҳини: on telling a story – ҳини нақли ҳикоя; on the way home – вақти хона рафтан; on his rounds – дар вақти дида баромаданаш (мас., беморонро); on a trip – ҳини сафар.
3. Ба мақсад, объекти амал ишора мекунад – аз рӯи, тибқи, аз пайи: He went on business. – Ӯ аз пайи кораш рафт.; He works on your words. – Ӯ тибқи нишондоди шумо кор мекунад.
4. Ба вазъият, ҷараён, хусусияти амал ишора мекунад – дар, бо: The carpet was on fire. – Гилем месӯхт; The dog is on the chain. – Саг бо занҷир баста шудааст.; The house is on sale. – Хона дар фурӯш аст ё ки фурӯхта мешавад.
5. Ба асос, сабаб ва сарчашмаи амал ишора мекунад – аз, дар: It is all clear on the evidence. – Аз шаҳодат ҳама чиз маълум аст.; on orthodox authority – аз сарчашмаи муътамад; on that ground – дар ин хусус; He borrowed money on his friend. – Ӯ аз рафиқаш пул қарз гирифт.
6. Дар (таркиби, шумо­раи): on the commission – дар ҳайати комиссия; on the list – дар рӯйхат.
7. роҷеъ ба, тибқи, дар хусуси: We talked on many subjects. – Мо дар хусуси бисёр масъалаҳо ҳарф задем; a manual on grammar rules – дастур дар хусусуи қоидаҳои грамматикӣ; their views on this issue – нуқтаи назари онҳо роҷеъ ба ин масъала.
8. Ба будани чизе (бо худ доштан) ишора мекунад: I have no money on me . – Ман бо худ пул надорам; A pistol was found on him. – Аз ӯ як таппонча ёфтанд.
9. Самт ё ҷойи амалро нишон медиҳад – ба, аз: She smiled on me. – Ӯ ба ман табассум кард: The boy turned his back on them. – Писарбача аз онҳо рӯй гардонид; to knock on the door – дарро тақ-тақ кардан.
Дар ифода кардани арзиш – ба, ба нархи: I lived on 100 somoni a month. – Ман дар як моҳ ба 100 сомонӣ зиндагӣ мекардам; to live on one`s parents – аз ҳисоби волидайн зиндагӣ кардан; interest on capital – фоизи сармоя.
Вожаи «ON» ҳамчун зарф ба чунин вижагиҳои амал ишора мекунад:
— пештар, дуртар, қаблан: You may send your children on. – Бачаҳоятонро пештар метавонед фиристед;on and on – наистода, беист; On, Faridun, on! – Ба пеш, Фаридун, ба пеш!
— давомияти амал: to walk on – рафтанро идома додан; Go on! – Давом диҳед!; There is a meeting on. – Маҷлис рафта истодааст; She sang on. – Ӯ месароиду месароид.
— мавқеъ, лаҳза ва нуқтаи ибтидоӣ: from this day on – аз ҳамин рӯз сар карда; from Monday on — аз рӯзи душанбе сар карда; from now on – аз ҳозир сар карда.
— саҳнаву филмҳои дар театру кинотеатр рафтаистода: What is on in the theatre? – Кадом саҳнаро дар театр намоиш медиҳанд?; «Tang­no» will be on next month. – Моҳи оянда филми «Тангно» ба намо­иш гузошта мешавад.
— наздик шудан ба ягон лаҳзае: It is on for ten o`clock. – Соат даҳ шуда истодааст.; He is going on for forty. – Ӯ ба наздикӣ 40-сола мешавад; It`s getting on for six o`clock – Соат шаш шуда истодааст…
— Файласуфи англис Людвиг Витгенштейн хеле хуб қайд кардааст: The limits of my language mean the limits of my world — Доираи забони ман – доираи ҷаҳони ман. Аз ин рӯ, ҳар қадар мо ҷанбаи семантикии вожаҳоро васеъ омӯзем, ҳамон қадар доираи маълумоти худро густарин хоҳем бахшид.
Ш. Қаҳҳоров,
дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон