ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ: МАНФИАТ ВА ЗАРАРИ ОН

Асри XXI, ки асри илм ва технология эътироф гардидааст, моро водор месозад, ки дар ҷараёни таълим аз технологияҳои нав ба таври васеъ истифода барем, зеро технологияи муосир барои ноил шудан ба сифати баланди таълим мусоидат мекунад. Компютер, тахтаҳои электронӣ, планшет, телефони мобилӣ аз қабили дастгоҳҳои муосире мебошанд, ки истифодаашон дар машғулиятҳо хеле осон ва қулай аст.
Бояд гуфт, ки телефонҳои мобилӣ низ чун дигар воситаҳои техникӣ паҳлуҳои мусбату манфӣ доранд. Имрӯзҳо дар ҳар хонавода 2 ва ё бештар аз он телефони мобилӣ мавҷуд аст. Агар аз телефони мобилӣ ба манфиат ва дар вақту соати муайян истифода шавад, албатта, хуб аст. Аммо аз надонистани фарҳанги истифода, мутаассифона, кӯдакону наврасон ба воситаи телефонҳои мобилӣ соатҳои дароз ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд. Азбаски ҷисми кӯдакон чандон рушд наёфтааст, онҳо бештар зери таъсири мавҷҳои хатарноки дастгоҳи мобилӣ мемонанд. Тибқи хулосаи мутахассисон, телефони мобилӣ на танҳо ба майнаи сар, балки ба узвҳои дигари инсон низ зарар мерасонанд. Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки истифодаи телефони мобилӣ барои кӯдакони то 16-сола бояд манъ карда шавад.
Солҳои охир дар интернет шумораи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, ки дорои имконияти зиёд мебошанд. Айни замон онҳо ба як воситаи муҳимми муошират табдил ёфтаанд. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Facebook», «YouTube», «Whatsapp», «Мessenger» ва «Instagram» мебошанд. Айни замон хонандагони мактабҳо низ аз ин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда истодаанд.
Маҳз бо мақсади ба танзим даровардани кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва барҳам додани вайроншавии ҷараёни дарс дар муассисаҳои таълимӣ фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2006, №941, «Оид ба манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон» ба имзо расида буд, ки мутобиқи фармоиши мазкур, бо худ овардани телефони мобилӣ ва истифодаи он дар мактаб барои хонандагон манъ карда шудааст.
Ин тадбир, албатта, он замон манфиатбор аст, ки фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ риоя карда шавад.
Тавре огаҳӣ ёфтем, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон тасмим гирифтааст, ки истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникиро барои истифода дар ҷараёни омӯзиш ба хонандагон иҷозат диҳад.
Ин, албатта, иқдоми хуб аст ва дар сурате ки агар амалӣ шавад, хонандагон метавонанд маълумоти фаровонеро доир ба ҳар як мавзуъ аз захираҳои электронӣ ва шабакаи интернет пайдо намуда, дониши худро таҳти роҳбарии омӯзгорон васеъ гардонанд. Ҳамзамон, тавассути планшет ва телефонҳои мобилии муосир аз шакли электронии китобҳои дарсӣ ба таври фаровон истифода бурда метавонанд. Ба хонандагон иҷозат дода мешавад, ки аз китобҳои электронӣ истифода баранд, аудиоҳоро гӯш кунанд ва наворҳои марбут ба дарсашонро бубинанд.
Албатта, истифодаи ҳамаи воситаҳои техникӣ дар сурате имконпазир аст, ки аз хидматрасониҳои гуфтугӯӣ ва ба ҷараёни дарс нолозим худдорӣ шавад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки одамон аз телефони мобилӣ то ҳадди имкон камтар истифода кунанд. Дар телефон 2 – 3 дақиқа суҳбат кардан кофист. Давомнокии гуфтугӯҳои телефонӣ дар як шабонарӯз бояд аз 10 – 15 дақиқа зиёд набошад.
Нигина ХОЛОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №11-и шаҳри Ваҳдат