РУКНУ БАҚОИ МИЛЛАТ

Тамоми дастовардҳои инсоният ба забон алоқамандӣ дошта, ҳамаи илмҳо бо забон шакл мегиранд. Ҳамин далел собит месозад, ки вақте давлатҳои хурду бузург пайдо мешаванд, пеш аз ҳама, барои устувор сохтани рукнҳои давлатдории худ ба асолати дохилии миллӣ рӯ меоранд. Таърихи башарият, махсусан, таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки соҳибдавлатони мо кӯшиш мекарданд, барои устувор сохтани бунёди давлат ва фароҳам овардани шароити давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз ин унсури муҳим – забон истифода бурда, ҳамзамон, барои рушду густариши он тадбирҳои мушаххас биандешанд. Аз ҷумла, гузаштагони мо барои равнақу инкишофи забони модарии худ ҷоннисориҳо карда, бо тадобири муназзам ва пайваста оҳиста-оҳиста забони аслии хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ бароварданд. Он чи ки имрӯз аз ниёгони мо баъди сӯхтору тохтутозу қатлу нобудӣ эмин мондааст, гувоҳ бар он аст, ки масъалаҳои густариши забони модарӣ, нигаҳдорӣ ва нашъунамои он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлатдорони мо будааст. Аз омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ бармеояд, ки давоми садсолаҳо фарзандони баруманди халқи тоҷик барои ҳифзи забони миллӣ ва таҳкими худшиносӣ сайъю талош варзидаанд.
Дар даврони Сомониён заминаи мусоид барои ташаккули давлати миллии тоҷикон фароҳам омад. Тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам баровардаанд. Ба шарофати фаъолияти пурсамари онҳо забони мо дар тӯли беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст.
Хушбахтона, имрӯз забони модарии мо мавриди ғамхории ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши ин муқаддасоти миллиро дар ташаккули миллату давлат ва фарҳанги миллӣ таъкид намуда, даҳҳо фармону қарор ба тасвиб расондаанд, ки онҳо дар радифи гуфтори бузургон баҳри дарки хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба забон ҳамчун панднома ва раҳнамою дастурамал дар рушду пойдории забони миллиамон мусоидат менамоянд. Ғамхорӣ ба забони модарӣ, пеш аз ҳама, пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Миллати тоҷик баъд аз солҳо ва садаҳои тӯлонии зери истило ва юғи аҷнабиёну бегонагони гуногунирқу мухталифмазҳаб қарор доштан ба чунин пуштибониву дастгирӣ ниёз дорад.
Бо ташаббуси Президенти мамлакат чанд сол аст, ки мақоми забони давлатӣ дар Тоҷикистон баланд мегардад. Забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад ва дар музокироти байнидавлатӣ истифода мешавад. Ин суханони Президенти кишвар моро ба омӯзиши амиқи забони модариву миллӣ ҳидоят мекунанд: «Мо ифтихор мекунем, ки донанда ва дорандаи яке аз забонҳои ширину зебои ҷаҳон, яъне забони тоҷикӣ ҳастем. Мо забони миллати худро эҳтиёт мекунем, доираи истифодаи онро инкишоф медиҳем».
Дар давраи ҷаҳонишавӣ хатари нестшавии як қатор забонҳо пеш омадааст. Моро зарур аст, ки барои ҳифзи асолати миллӣ ва поку беолоиш нигаҳ доштани забони модарии хеш камари ҳимат бубандем, то ворисони мо дар заминаи ин бунёдкориҳо ба дастовардҳои беназир ноил гарданд.

Лутфия КАРИМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и
шаҳри Душанбе