МЕЪЁРИ БАҲОГУЗОРӢ ВА СИФАТИ ДОНИШ

Аз замони Шуравӣ то ба имрӯз сари мавзуи меъёри баҳогузорӣ, роҳу усулҳои дақиқан муайян намудани сатҳи дониши хонандагон баҳсу мунозираҳо қатъ наёфтаанд. Нуктаи асосӣ ин аст, ки дар мо, асосан, меъёри панҷбаллаи баҳогузорӣ татбиқ мешавад. Аммо дар айни ҳол бо тесту рейтингҳо ҳам баҳогузорӣ мекунанд.
Дар муддати 32 сол андешаву назарҳо дар соҳаи маориф, муносибат ба мактаб, хонандаву омӯзгор, тарбияву ахлоқ хеле тағйир пазируфтанд. Вобаста ба ин, мазмуну муҳтавои асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф низ дигаргун шуд ва ба соҳа дар ин замина ислоҳот ворид гашт. Аммо, бо вуҷуди ин, дар мактаб меъёри баҳогузорӣ дар шакли пешин боқӣ мондааст. Дар ин замина саволҳои зиёде ҳам пайдо мешаванд: оё тартиби панҷбаллаи баҳогузорӣ сифати ҳақиқӣ ва воқеии дониши хонандаро муайян карда метавонад? Агар системаи панҷбаллаи баҳогузорӣ мувофиқ бошад, пас, хол гирифтан аз рӯйи тесту рейтинггириву рейтингмонӣ ба хотири чист? Даврони Шуравӣ, чи дар мактаб, чи дар донишгоҳ низоми панҷбаллаи баҳогузорӣ мавқеъ дошт, ҳоло дар мактаб меъёри панҷбаллаи баҳогузорӣ, дар донишгоҳ бошад, тесту рейтингу холгузорӣ ба дониши донишҷӯ фаъол аст. Пас, фарқ чист? Он чӣ ки дар мактаб меомӯзанд ва он чӣ ки дар донишгоҳ аз худ мекунанд, дониш аст. Аз ин ду кадомеро бояд қабул кард? Ин ду шакли баҳомонӣ ба дониши хонанда ва донишҷӯ аз ҳам чӣ фарқ ва чӣ афзалият доранд? Оё ин меъёрҳои баҳогузорӣ воқеан, сифати дониши хонандаю донишҷӯро мушаххасан муайян карда метавонанд? Дар мактаб меъёри баҳогузорӣ риоя мешавад? Ба дониши хонанда баҳои воқеӣ гузошта мешавад ё на? Ин ҷо ба ду чиз аҳамияти зиёд медиҳанд: яке иҷрои миқдорӣ, дигаре иҷрои сифатии барномаи таълимӣ. Масалан, барномаи таълимии адабиёти тоҷик дар синфи 9 дар як соли таҳсил 64 соатро дар бар гирифта, то охири соли таҳсил ҳамин миқдор соат дарс бояд аз ин фан гузашт, яъне, иҷрои миқдории барномаи таълимӣ бояд таъмин карда шавад. Вале дар ин 64 соат хонанда ҳамаи мавзуъҳоро аз худ кардааст ё на, ин ба иҷрои сифатии барномаи таълимӣ дахл дорад. Агар ин мавзуъҳоро аз худ карда бошад, пас, иҷрои сифатии барномаи таълимӣ таъмин гардидааст, агар қисман ҳазм карда ё ғайриқаноатбахш ёд гирифта бошад, сифати дониш хуб нест. Ҳамин тариқ, мо ҳар соат дар баробари ҳаллу фасли ҳар як мавзуъ дониши хонандаро месанҷем ва дар ин асос баҳо мегузорем. Ҳамаи гап сари ин масъала аст, ки мо ба дониши хонанда чӣ хел баҳо мемонем: воқеӣ ё нодуруст? Агар баҳои «5» бимонем, оё дониши ӯ ба ин баҳо сазовор аст?
Таҳлилу мушоҳида, хулосаву таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки меъёри баҳогузорӣ дар мо на ҳамеша ва на дар ҳама ҷо риоя мегардад. Дафтари синфро нигоҳ мекунӣ, мебинӣ, ки аксари хонандаҳо баҳои «4»-у «5» доранд. Аммо вақте аз хонанда дар бораи маводи омӯхташуда ё мавзуи дарси пешин саволе бипурсӣ, посух гирифта наметавонӣ. Пас, барои чӣ мо баҳои баланд мемонем? Мо киро мефиребем: худ ё хонандаро?
Моҳи май гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшон дар баробари дигар масъалаҳо сифати таҳсилотро низ омӯхтанд. Тавре дар ҷаласаи мушовараи сайёр иттилоъ доданд, сатҳи сифати дониши мактабиёни мо ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нест. Болотар ишора рафт, ки масъаларо моҳи май санҷида буданд, замоне ки то анҷоми соли таҳсил андак фурсат монда буд, яъне, санҷиш ба давраи «ғалберро аз об бардоштан» рост омад. Вақте охири соли таҳсил натиҷа чунин бошад, дигар чӣ метавон гуфт? Кӯтоҳаш, иҷрои сифатии барномаҳои таълимӣ зери суол монд. Пас, он баҳое, ки мо ба дониши шогирдони худ гузоштаем, воқеӣ ва ҳақиқӣ набудааст. Чунин баҳогузорӣ ба кӣ даркор?
Ин ҳол нишон медиҳад, ки мо баҳоро хор ва беқадр кардаем. Дар дафтари синф «4»-у «5» бисёр, «3»-ву «2» аҳён – аҳён ба чашм мехӯрад, «1» қариб аз миён рафтааст. Аҷабо, ҳама хубхону аълохон шудаем? Кошкӣ, воқеан чунин бошад, вале…
Чашм пӯшидану баҳои баланд мондан кори душворе нест, аммо аз фирефтани худу хонанда дигар чӣ натиҷа мегирем? Магар мо дигар ҳақ дорем, ки ба шогирди худ, падару модар, ҳамкорон, аҳли ҷомеа дар бораи ВИҶДОН, АДОЛАТ, ИНСОФ ҳарфе бигӯем? Баҳо тарозуи виҷдону адолату инсоф аст, агар ба умқи ин масъала дақиқ бингарем.
Хонанда фарзанди мост, поку маъсум аст, ӯро фирефтан гуноҳ дониста мешавад. Насли ояндасозу соҳибватанони фардоро босаводу хушахлоқ бояд тарбия кард, баҳои нодурусту рӯякӣ ба толибилм набояд гузошт, зеро дурӯғу фиреб моро ҷое намебарад.
Баҳоро қадр бояд кард, қадри баҳо қадри омӯзгор аст. Меъёри баҳогузорӣ, ки риоя гашт, сифати дониш беҳбудӣ меёбад. Вақте хонанда дарк кунад, ки дигар ба ӯ баҳои муфт намемонанд, маҷбур мешавад, китоб ба даст гирад, маҷбур мешавад, баъди дарс пеши омӯзгор равад, маҷбур мешавад, маркази таҳсилоти иловагӣ равад…

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»