ОИЛА – ОҒОЗГОҲИ ТАРБИЯ

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барнома ва стратегияҳои давлатие таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки самтҳои гуногуни фаъолияти занонро фаро гирифта, татбиқи онҳо ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангинтар месозад. Интишори Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонии онҳо мебошад.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Вобаста ба ин, қонунҳои амалкунанда аз нигоҳи баробарии гендерӣ, баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон такмил дода шуданд. Имрӯз пешрафти ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва фароғатию варзиширо бе иштироки бонувон тасаввур кардан имконнопазир аст.
Ҳар гуна нооромӣ ва ҷангу хунрезӣ, пеш аз ҳама, дили ҳассоси занону модаронро сахт мефишорад, ба дард меорад. Занону духтарон аз дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ бештар ташнаи сулҳу ваҳдатанд.
Занони кишвар бар замми тарбия ва ба воя расондани фарзандон, рӯзгордорӣ, инчунин, масъулияти азими пешбурди соҳаҳои маорифу тандурустиро низ ба дӯш доранд, ҷойи мардони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаро пур мекунанд. Моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии занону мардонро кафолат медиҳад, ки ин заминагузори дигари фаъолияти бонувон аст. Мо, омӯзгорон, ба таълиму тарбияи шахси комил, ки ҷавобгӯ ба талаботи давру замон бошад, кӯшиш дорем.
Дар ин самт, яке аз омилҳои таъмингари комёбӣ оила мебошад. Оила асоси ҷомеаро ташкил мекунад. Даврони кӯдакии ҳар як фард дар муҳити он ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз, агар фазои оила аз меҳр ва муҳаббат, фидокорӣ ва гузашт, самимият ва эътимод ҷудо бошад, дар тарбияи фарзандон душвориҳо ба миён меоянд. Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки аҳли оила ба рафтори ҳамдигар таъсири мутақобилона мерасонанд.
Оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, нахустин мактаб ва нерубахши тарбия аст.
Оила макони асосии ба фарҳангу тамаддун, одобу суннатҳои миллӣ гаравиш пайдо кардани бачагон мебошад. Оила бисёр масъалаҳои масъулиятборро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад.
Ҳаёти оилавӣ заминае барои вуруд ба зиндагии иҷтимоӣ аст. Оилаи хуб беҳтарин мактабест, ки дар он кӯдак хушҳолӣ, хушхулқӣ ва масъулиятро ҳис мекунад ва ҳар оилаи носолим бадтарин маконест, ки кӯдакро чун ниҳоли каҷ мепарварад.
Нақши оила дар рушди ҳаматарафаи кӯдак гуногун аст.
1. Нақши тарбия ва созандагии оила: Кӯдак бо табиати пок ва бенуқсон ба дунё меояд. Кӯдак мисли лавҳаи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Оила аст, ки дар он сифатҳои шоиста ё ношоистаро инъикос менамояд.
2. Нақшу меҳру муҳаббат ва ахлоқ дар оила. Оила нахустҷоест, ки дар он тифл тасаввуроти дуруст ё нодуруст пайдо мекунад. Эҳсосоти қавӣ ё заиф ба даст меоварад. Муҳаббати содиқонаи волидайн ба оғӯш гирифтану навозиш кардан, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдак (фарзанд) зоҳир мегардад. Оила воситаи асосие барои талқини одоб ва ахлоқ, расму русум ва суннатҳои дерин аст.
3. Нақши фарҳангии оила. Кӯдак ба воситаи волидайн ва пайвандон (хешовандон) шараф, иззату нафс ва садоқатро меомӯзад. Аллаи модар дар нимашаб ба он қуввае соҳиб аст, ки онро ягон чиз иваз карда наметавонад. Волидайн ба кӯдак бовиҷдонӣ, покдилӣ ва порсоиро ёд медиҳанд.
4. Нақши иҷтимоии оила. Оиларо метавон нахустин муассисае ҳисоб кард, ки кӯдакро ба зиндагии иҷтимоӣ тайёр мекунад, тахайюлоти иҷтимоӣ, эътиқод, сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеалҳо ва ғайраҳоро дар ӯ инкишоф медиҳад.

Райҳона БОРОНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №6-и ноҳияи
Исмоили Сомонӣ