АЗ СУХАН БА АМАЛ БОЯД ГУЗАШТ

Тарбияи насли наврас самту сӯ, паҳлуву ҷан­баҳои гуногун дошта, аз ниҳодҳои марбут – оила, мактаб ва ҷомеа талошу ҷаҳд, иродату азм ва амалҳои муассиру судмандро тақозо мекунад. Ин масъала пайваста дар мадди назари Ҳукумату давлат қарор дошта, дар бахши аъзами суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хусус, Паёмҳои ҳамасолаашон таъкид ва хотиррасон мегардад. Мазмун, амали дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа, ба вижа, падару модарон ва омӯзгорону устодон баҳри тарбияи муваффақона ва дурусту манфиатбахши хонандагони муассисаҳои таълимӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, ки аз ин хусус, аз минбари садову симо ва дигар васоити ахбори омма намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳамвора андешаҳояшонро иброз медоранд.
Мутаассифона, аксар ҳангом дар суҳбату вохӯриҳо бо волидоне дучор мешавед, ки вобаста ба рафтору гуфтори ношоистаи фарзандон санги маломатро ҷониби мактабу омӯзгорон ҳаво медиҳанд ва насанҷидаву дақиқ накарда, ба хулосае меоянд, ки омӯзгорон гунаҳкоранд, зеро ба таври созгор ба талаби замон дарс намедиҳанд. Ба назар чунин мерасад, ки ин тоифа падару модарон аз фаслу бобҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» огоҳӣ надоранд. Чанде қабл падари хонандае лаб ба шикваю шикоят кушод, ки омӯзгорон дарси хуб намегузаранд. Аз писарам ину он мавзуъро мепурсам, ҷавоби қонеъкунанда дода наметавонад. Вай дар фарҷом бо тааҷҷуб сабаби чунин ҳолро фаҳмидан хоста, суолам дод:
-Чаро баъзе омӯзгорон дуруст дарс намедиҳанд? Чаро ба чашми мардум хок мепошанд? Охир, онҳо бояд ҳаққашонро ҳалол карда ба даст оранд, ё не?
Дар посух ман низ аз ӯ пурсон шудам, ки ба мактаб рафта, бо омӯзгорону роҳбари синфи фарзандат суҳбат кардаӣ? Дар дарсҳои омӯзгорон боре иштирок ва бо маъмурият дар ин хусус суҳбат оростаӣ?
Ӯ ҳайрону лол гуфт, ин тавр ҳам мешудааст, ки дар машғулиятҳои омӯзгорон иштирок кунию ба тарзи дарсгузарӣ ва донишу саводи фарзанд эътибор зоҳир намоӣ?
– Боз омӯзгорон хафа нашаванд, – даст афшонд ҳамсуҳбатам ва афзуд:
– Лозим не, ман аз ин дар мебарояму муаллими фарзандам аз он дар. Рӯйи одамӣ гарм, хуб намешавад.
Ана ин аст андешаву фаҳмиши маҳдуду музофотиёнаи мо, ки ба пешрафту рушди хонанда ва сатҳи донишазхудкунию ҷанбаи ахлоқии ӯ латма ворид мекунад. Ҳол он ки дар боби 2-и Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар моддаи 7-и он- «Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз ҷумла, омадааст:
— Дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намояд.
Масъалаи дигар, ки бисёр ҳангом бо он бархӯрд менамоем, муносибати дағалу хунсардонаи волидон бо фарзанд ба муҷиби иттилоъ ёфтан аз ягон ҳаракат ё кирдори ношоистаи ӯ маҳсуб меёбад. Тасаввур кунед, ки аз ҷониби хонанда беодобӣ сар задаасту боиси ҳангомаю баҳс ва бигӯ-магӯҳо дар мактаб шудааст. Омӯзгор ӯро танбеҳ медиҳад, суханҳои пасту баланд мегӯяд, сипас падар ё модарашро ба таълимгоҳ даъват мекунанд. Падар ё модар (аксаран падарон) дар ҳузури омӯзгор, бо истимоъ намудани рафтори нохуби фарзандаш оташи қаҳру ғазабаш афрӯхта гардида, аз қавле, «ба сари фарзанд чормағз мешиканад», ҳатто ҳолатҳое ҳам вомехӯранд, ки ӯро зарбу лат мекунад. Афсӯс, ки ин ҳақиқати талхи замони мост. Аз як тараф, таъзиру танбеҳи омӯзгор, аз ҷониби дигар, муносибати сарду хашини падар нисбат ба фарзанд ӯро дилшикаставу руҳафтода ва навмед месозад.
Дар зиндагӣ баръакси ин ҳолат низ ба мушоҳида мерасад. Падар ё модар иттилоъ меёбад, ки омӯзгоре ба фарзанди ӯ ба сабаби якравию гарданшахӣ ва аз ӯ фармон набурдан суханони баланд гуфтааст. Ин тоифа зуду оҷил ба дабистон ҳозир мешаванд ва гиребони омӯзгорро мегиранд, овоз баланд мекунанд ва ба таҳдид мегузаранд:
-Мо туро ба «отдел» ё суд медиҳем. Ҳоло ист, мебинӣ!
Омӯзгорӣ пешаи заҳматталаб аст, дар ҳама ҳолат хидматҳои омӯзгорро қадр бояд кард ва ба ӯ бояд арҷ гузошт. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ хонандагони бадахлоқ, ки бо манманию ҳавобаландӣ ва кирдорҳои носипосона шуҳрат ёфтаанд, мавҷуданд. Ин гуна хонандагон ниёз ба назорату тарбияи доимӣ доранд. Волидонро зарур аст, ки нисбат ба чунин фарзанди худ дар ҳамкорию робита бо роҳбари синфи вай, равоншиноси мактаб, омӯзгорони фаннӣ, муовини директор оид ба корҳои тарбия баҳри ислоҳ ва рафъи хислатҳои ношоис­тааш тадбирандешӣ намоянд. Аксари волидон (хусусан, модарон) вақти худро ба тамошои силсилафилмҳои туркӣ бахшида, на аз фарзанд ёдашон меояду на аз дарстайёркунию амалҳои судманди ӯ.
Ҷойи нигаронист, ки дар бештарин ҳолат (хусусан, дар деҳот) волидон дар маҷлисҳои падару модарон ба таври дастаҷамъӣ ва муташаккилона иштирок намекунанд. Аз мушоҳидаҳои роқими ин сатрҳо бармеояд, ки дар рӯзҳои истироҳат (маъмулан ҷаласаҳои падару модарон дар ин рӯзҳо гузаронда мешаванд) шумори зиёди волидон дар чорроҳаю мағозаҳои деҳ ба сухантарошии беҳуда машғул гардида, аз иштирок дар ҷаласаи зикршуда канораҷӯйӣ мекунанд. Маъмулан, дар ҷамъомадҳои умумии падару модарон ба таври ҳамешагӣ гурӯҳи маълуми волидон иштирок мекунанду халос. Яке аз омилҳои камтаваҷҷуҳии иддае аз падару модарон ба мактабу иштирок дар ҷаласаҳои мазкур, сусту камранг гардидани робитаи омӯзгорон – роҳбарони синфҳо бо волидон ба шумор меравад.
Дарвоқеъ, дар заминаи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амиқу ҳамаҷониба амал кардану фаъолияти худро ба роҳ мондан аз ниҳодҳои зикршуда азму талош, муносибати дилсӯзона ва мусоидат кардан ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбияро тақозо мекунад.
Вақти он расидааст, ки аз сухану андешапардозӣ ба кори амалӣ гузарем ва дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ормону арзишҳои миллӣ, хештаншиносӣ ва дӯст доштани ҳар як пораи хоки сарзамини аҷдодӣ саҳми босазои худро гузорем.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»