ТАҲЛИЛИ МАТН ВА РОБИТАИ ФАНҲО

Ҳангоми баргузории машғулиятҳо ва баёни мавзуи нав омӯзгор бояд ба алоқамандии байни фанҳо таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ин омил, ба хусус, дар таълими фанҳо дар синфҳои поёнӣ аҳамияти калон дорад. Таври мисол, вақти баёни мавзуи нав дар синфи чорум аз фанни забони модарӣ бо номи «Чаро барф сафед аст?» ин амалро метавон эҷодкорона анҷом дод. Нахуст бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла, муносибати босалоҳият матнро хонандагон қироат ва маънидод мекунанд. Пурсида мешавад, ки дар ҳикоя сухан дар бораи чӣ меравад? Албатта, барф, сабаби боридан ва сафед будани ранги он. Дар сархати аввал хонандагон зуд дарку фаҳм мекунанд, ки барф чӣ тавр пайдо мешавад. Ба ин ҷумлаҳо таваҷҷуҳ мекунем:
«Барф чист? Дар фасли зимистон барфрезаҳои нозуки дурахшон ба рӯйи замину болои дарахтон ва боми хонаҳо мерезанду мерезанд. Барф аз заррачаҳои яхкардаи об ба вуҷуд омадааст».
Дар ин тафсир робитаи забони модарӣ бо табиатшиносӣ равшан ба мушоҳида мерасад.
Боришот (чи барф, чи борону жола) ҳодисаи табиӣ маҳсуб меёбад, ки аз рӯйи қонунҳои алоқаманд ва мураттаби табиат ба зуҳур меояд. Аммо ҳар яке аз ин намуди боришот аз ҳамдигар фарқ доранд. Дар матн омадааст: «…Аммо шакли барф ба борон монанд нест. Борон аз қатраҳои хурду калони об, барф аз яхпораҳои тунуки ба ҳам часпида иборатанд. Агар шумо донаи барфро аз наздик мушоҳида кунед, мебинед, ки он шаклҳои аҷиби ниҳоят зебо дорад ва ба ситорачаи панҷ ё шашгӯша монанд аст». Вақти қисм-қисм хондани матн омӯзгор аз хонандагон мепурсад, ки «акнун шумо, бачаҳо, дарк кардеду пай бурдед, ки барф чӣ тавр пайдо мешудааст. Канӣ, кӣ ба ин савол посух медиҳад?»
Як ё ду нафар ин масъаларо шарҳ медиҳанд. Ҳангоми боридану ба замин афтодан (тавре дар матн омадааст) барф шакли муайяни зебо надорад. Ҳангоми ба замин афтидан ҳаво канорҳои яхпора (барф)-ро хӯрда, гӯё онро шона мекунад ва донаи барф то ба рӯйи замин расиданаш шакли зебои ситорачаро мегирад. Гурӯҳи дигари хонандагон баъди хонда шудани ҳикоя сабаби ранги сафед гирифтани барфро нақл мекунанд. Бо маълумоти ҳосилкарда аз фанни табиатшиносӣ ва мазмуни матни пешниҳодшуда маълум мегардад, ки резаҳои барф бетартиб болои ҳамдигар афтида, ковок ва анбуҳ шуда мехобанд. Нури офтоб ё равшании рӯз дар дохили зарраҳои барф пароканда мешавад ва ба ҳар тараф паҳн шуда, онро равшан (сафед) мекунад. Барои ҳамин мо барфро ба ранги сафед мебинем. Сипас хонандагон бо кумаки омӯзгор ба иҷрои машқҳо мепардозанд. Машқи 214 тақозо мекунад, ки калимаҳоро хонда, аз рӯйи намуна гурӯҳбандӣ карда нависед.
Сифатҳои ифодакунандаи ҳаҷм: калон, кӯтоҳ, васеъ, хурд.
Сифатҳое, ки аз чӣ сохта шудани ашёро ифода мекунанд: чӯбӣ, оҳанӣ, пахтагӣ.
Сифатҳои ифодакунандаи ранг: сафед, сиёҳ, сурх, гулобӣ, кабуд.
Сифатҳои ифодакунандаи мазза: ширин, талх, тунд, турш.
Сифатҳои ифодакунандаи аломати ҳайвонот: маккор, каҷпо, ғофил, ҳарис.
Сифатҳои ифодакунандаи хислати одамон: нек, баодоб, ҷасур, ботамиз.
Супориши дигар шифоҳӣ иҷро карда мешавад.
1. Дар фасли зимистон кадом беморӣ бештар мушоҳида мешавад?
2. Аз зуком худро чӣ тавр эҳтиёт мекунем?
3. Дар роҳҳои пурбарф ва лағжонак чӣ тавр роҳ бояд рафт?
Ҳамин тариқ, дарс бо саволу супоришҳо доир ба матни «Чаро барф сафед аст?» мустаҳкам ва ҷамъбаст карда шуда, омӯзгор робитаи мантиқии фанҳои забони модарӣ бо табиатшиносиро бори дигар таъкид карда, ба шогирдон супориш медиҳад, ки дар хона дар мавзуи «Барфи нахустин» ҳикояча нависанд.
Оистамо ҲУСЕНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №79-и
ноҳияи Шоҳмансур