ИНЪИКОСГАРИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

Мусаллам аст, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров яке аз шоҳкориҳои таърихи миллӣ ва ватанӣ маҳсуб шуда, дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҷойгоҳ ва мавқеи асосӣ дорад. Академик Бобоҷон Ғафуров, ки муддати даҳ сол (солҳои 1946-956) вазифаи котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро бар уҳда дошт, шахсияти номдори сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буда, ба сарнавишти халқи тоҷик бетафовут набуд. Махсусан, дар заминаи таърихи миллӣ соли 1948 рисолаи мухтасаре таҳти унвони «История таджикского народа в кратком изложение» ба табъ мерасонад ва дар замони масъулияти директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравиро бар уҳда доштан, ба вусъат бахшидани таҳқиқоти тоҷикшиносӣ камари ҳиммат баста, охири солҳои шасти асри бист натиҷаи таҳқиқоти чандинсолаашро дар китоби муфассали илмӣ-таҳқиқотии «Тоҷикон» ҷамъбаст кард. Ба ин тартиб, китоби маъруфу машҳури «Тоҷикон», аввалан, соли 1972 ба забони русӣ дар Маскав ва сониян, солҳои 1973 ва 1985 дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Дар замони соҳибистиқлолӣ ниёз ба китоб ва чопи муҷаддади он афзуд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба забони миллӣ ду маротиба бознашр кард. Ҳамчунин, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё чоп шудааст.
Доир ба муҳтавои мавзуи баҳси китоби «Тоҷикон» аллома Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳ намуда, дар бахши пешгуфтор менависад: «Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр фаро мегирад».
Бояд дар назар дошт, ки дар ҳама ҳолат дар маркази тадқиқоти аллома Бобоҷон Ғафуров таҳлили ҳаматарафаи тақдири таърихии халқи тоҷик қарор дошт. Вобаста ба фарогирии даврагӣ, ин таърих хеле тӯлонӣ ва масоили ба он марбут теъдоди ниҳоят зиёдеро дар бар мегирад. Дар доираи масъалаҳои ҳадафи таҳлил қарорёфта тамоми зинаҳои таърихи халқи тоҷик қарор дорад. Бобоҷон Ғафуров ҳаводису вазъи таърихии аз замони сохти авлодӣ, давраи ҷомеаи авастоӣ, пайдоиш ва ташаккули ҳавзаҳои давлатии аҷдодони тоҷикони қадим, зӯран ба ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо ҳамроҳ кардани онҳо, тақдири ояндаи тоҷикон дар замони ҳукмронии сулолаҳои Юнону Бохтар, Кӯшониён, Сосониён, давраи фоҷиабори истилои арабу зери итоати халифат қарор доштан, давраи тақдирсози соҳибдавлатии замони Сомониён ва ҳазорсолаи асорати силсиласулолаҳои кӯчии муғулу турктаборон то арафаи эҳёи давлатдории навинро бо ҷиддияту масъулиятшиносӣ ҳадафи таҳлили илмӣ ва ихтисосӣ қарор додааст.
Аллома Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» бар он пофишорӣ менамояд, ки раванди ташаккулёбии халқияти тоҷик хеле пештар аз ворид шудани арабҳо ба Осиёи Миёна оғоз ёфта буд. Ба ин маънӣ мефармояд: «Протсесси этникие, ки аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна ҷараён дошт, боис гардид, ки Суғдиён, Хоразмиён, Фарғониён, Тахориён барин халқиятҳои гуногуни алоҳида пайдо шуданд. Ҳар як аз ин халқият соҳиби маданияти худ буд. Вале чунин иддао ҳам ғалат мебуд, ки маданияти ин халқҳо ҳар яке тамоман мустақилу махсус буду ба ҳамдигар муносибате надошт, дар айни ҳол онҳоро дар худ маданияти калоне, ки хоси тамоми Осиёи Миёна буд, қисмеро таҷассум менамуд… Ҳудуди байни ҳалқиятҳо як чизи рахнагинопазири мустаҳками касногузар набуд, балки протсесси аз як халқият ба халқияти дигар гузаштани унсурҳои гуногун вуҷуд дошт». Академик Б.Ғафуров дар «Тоҷикон» ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи ташаккули этникии тоҷикон ва забони он таваққуф намуда, ба натиҷае мерасад, ки дар асрҳои 1Х-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайати давлати Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат миёнаҳои асрҳои 1Х-Х ва ё худ дар нимаи аввали асри Х1 соҳиби ном шуд. Бобоҷон Ғафуров чунин ишораи Байҳақиро, ки солҳои 1043-1044 аз муқаррабони султон шунидааст, хеле хуб мисол мезанад. Ҷумлаҳои «Мо, ки тоҷик ҳастем» ва ривояти дигари ҳамон муаллифро, «ки дар муҳорибаи Дандонакон ҳиндиву арабу курдҳо фирор кардаанд ва танҳо сарбозони тоҷик ҷангидаанд» асос карда, устод Бобоҷон Ғафуров ба хулосае мерасад, ки «дар нимаи аввали асри Х1 истилоҳи «Тоҷик» номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт».
Хулоса, танҳо баъди нашру пахши шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» таҳқиқотҳои дигари мукаммалу бунёдӣ, аз ҷумла, китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» рӯйи кор омаданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар сарсухани нашри китоби «Тоҷикон» доир ба аҳамияти оламшумули таърихии китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла, тазаккур дода буданд: «Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт».
Бо мақсади таҳкиму тақвият бахшидани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ, эҳёи таърихи миллӣ ва хотираи таърихӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба фарзандони фарзонаи миллат устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров унвони баланди давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донис­танд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ» китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди бузург нашр ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як оила туҳфа гардид.
Баҳринисо ӮЗБЕКОВА,
директори Китобхонаи илмӣ — электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон