ТАЪЛИМИ ОБУҲАВОСАНҶӢ ДАР СИНФИ СЕЮМ

Яке аз мавзуъҳои дарсие, ки аз фанни табиатшиносӣ дар синфи сеюм таълим дода мешавад, «Обуҳавосанҷӣ ва аҳаммияти он» мебошад. Ҳангоми баргузор намудани дарси мазкур омӯзгор аз асбобу васоити техникӣ, амсоли ҳароратсанҷ (асбоб барои чен кардани ҳарорати ҳаво), рутубатсанҷ (асбоб барои санҷидани намнокии таркиби ҳаво), барометр (асбоб барои чен кардани фишори ҳаво) истифода намуда, бо пахши наворҳо аз тахтаи электронӣ, манзараи умумии истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ ва дастгоҳҳои махсуси марбут ба ин масъаларо пешниҳоди хонандагон мекунад.
Нахуст ба хонандагон тавзеҳ дода мешавад, ки дар табиат чор фасли сол мавҷуд аст, ки дар ин чор фасли сол обу ҳаво гуногун буда, тобистон маъмулан ҳаво гарму аксаран бебориш, тирамоҳ рутубатноку сербориш ва тира, зимистон сарду қаҳратун ва бо бориши барф ва баҳор пурборону нисбатан гармтар ба назар мерасад. Обу ҳаво ҳамарӯза дар фаслҳои сол омӯхтаву санҷида мешавад. Ҳолату обу ҳаворо иқлим меноманд. Ба шогирдон ҳангоми баёни мавзуи нав фаҳмонда мешавад, ки обуҳавосанҷӣ илмест, ки махсус тағйирёбии обу ҳаворо муайян мекунад. Тавре ки маълум аст, дар замонҳои қадим илм ба он дараҷа рушду пешрафт накарда буд, ки вазъи обу ҳаворо дақиқу мушаххас санҷидаву пешгӯйӣ карда тавонанд.
Бо гузашти солҳо илм пеш рафту одамон асбобу дастгоҳҳои алоҳидаи замонавиеро ихтироъ карданд, истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ сохта шуданд. Вазъи обу ҳаво аз ҷониби кормандони истгоҳҳои мазкур тавассути ҳароратсанҷ, боднамо, боришотсанҷ, барометр ва дигар асбобҳо санҷидаву пешгӯйӣ карда мешавад. Дар раванди дарс бо истифода аз усулҳои муосири таълим саволҳо пешниҳод мегарданд, супоришҳои тестӣ иҷро карда мешаванд, андешаҳои инфиродии хонандагон ба василаи саволҳои «Ақидаҳои дурустро интихоб кунед» ва «Ҷумларо пурра кунед» фаҳмида, таҳлил карда мешаванд. Ҳамзамон, кори амалӣ ба роҳ монда мешавад. Масалан:
1. Мушоҳидаи обу ҳавои маҳаллатонро идома диҳед.
2. Дар гурӯҳ муҳокима намуда, натиҷаи мушоҳидаҳоятонро ҷамъбаст кунед ва то охири соли таҳсил оид ба ҳолати обу ҳавои якмоҳа, фасл ва солона маълумотнома нависед.
3. Пешгӯйии обу ҳаворо дар асоси маълумоти маркази обуҳавосанҷӣ муайян кунед.
Дар дарс ба хонандагон (баъд аз тавзеҳи мавзуъ) саволҳо дода мешаванд:
1. Аҳаммияти истгоҳҳои обуҳавосанҷиро гӯед.
2. Пешгӯйии обу ҳаво ба кӣ ва барои чӣ лозим аст?
3. Оид ба дастгоҳҳои махсуси обуҳавосанҷӣ, ки аз сатҳи Замин боло ҷойгиранд, маълумот диҳед.
Посухҳои кӯтоҳи шогирдон ба ин суолҳо чунинанд:
Обуҳавосанҷӣ илмест, ки тағйирёбии обу ҳаворо муайян карда, дар бораи он маълумот медиҳад.
Дар охир дар дафтар луғат ва истилоҳот, ҳамчунин, маълумотномаи «Оё шумо медонед?» аз тарафи хонандагон сабт карда мешавад.
Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки дар хона оид ба вазъи обу ҳавои деҳа дар зарфи се рӯз ба таври хаттӣ иттилоъ бидиҳанд.
Ширингул КӮЧАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №73, ноҳияи Рӯдакӣ