Соли 2023 барои мардуми мо соли бобарору хотирмон буд. Соле буд пур аз шодиву нишот. Дар ин сол рӯзгор ободтару зиндагӣ осудатар гашт. Ҷашнҳои бузургро таҷлил кардем, умедамон ба ояндаи неки ҷомеа қавӣ гардид.
Инак, дар соли соли 2024 чӣ пешомаде моро интизор аст?
Мувофиқи солшумории мардуми Шарқ, соли 2024 соли наҳанг аст. Дар Шарқ ин солро соли барору комёбиҳо меҳисобанд. Солест, ки сарват, саломатӣ, накукорӣ ва муваффақият хоҳад овард. Дар соли наҳанг ҷангҳо хеле кам сар мезананд, зеро наҳанг ҷонибдори «демократия» мебошад.
Дар соли наҳанг рух додани фалокатҳо низ аз эҳтимол дур нест. Заминҷунбиҳои сахттарини соли 1952 дар Тибет ва соли 1988 дар Ҷумҳурии Арманистон маҳз ба соли наҳанг рост омада буданд. Наҳанг соли обхезиҳо низ ҳаст.
Соли наҳанг хоса барои сиёсатмадорон бобарор аст, аммо воқеаҳое ҳам ҷой доранд, ки аксар сиёсатмадорони номӣ маҳз дар ҳамин сол курсиро холӣ кардаанд. Ин сол, хусусан, барои фаъолияти сиёсӣ мусоид аст. Дар соли наҳанг адабиёту фарҳанг, санъат ва кори ҳарбӣ ривоҷ хоҳанд ёфт. Мувофиқи баъзе ақидаҳо, наҳанг адади ҳаштро меписандад. Бинобар ин, кору бори шахсе, ки ин рақамро дӯст медораду рақами хона, мошин ва ё рӯзи соли таваллудаш рақами ҳашт дорад, бояд барор гирад.
Аксар ашхоси машҳури дунё дар соли наҳанг чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Чунончи, Стивен Сигал, Ал Пачино, Чак Норрис, Брюс Ли, Фридрих Брокгауз, Иммануил Кант, Абуалӣ ибни Сино ва дигарон.
Тавре гуфтем, соли наҳанг баъзе «бозӣ»-ҳо низ дорад. Бо вуҷуди ин, умед дорем, ки ин сол хушу бобарор мегузарад. Акнун биёед, бубинем, ки дар соли наҳанг киро чӣ пешомаде интизор аст?
Одамони солашон наҳанг агар дар ин сол аз қисмати хеш шикоят кунанд, носипосӣ мешавад. Ҳатто он корҳои душманонае, ки нисбат ба наҳанг дигарҳо мекунанд, ба нафъи онҳо хоҳад шуд, қадру манзалаташон меафзояд. Коре, ки барои дигарон душвор аст, ба наҳанг ба осонӣ даст медиҳад. Ашхоси солашон наҳанг дар соли 2024 дӯстони нав пайдо мекунанд, муҳаббати хешро меёбанд.
Агар кори нав сар кунанд, он зуд барор хоҳад гирифт. Агар эҷодкор бошанд, метавонанд китоби нав нависанд, асарҳои офаридаашонро ба намоиш гузоранд, ихтирооти хешро ба қайд гиранд. Агар ба сафар бароянд, ба рухсатӣ раванд, корашон барор хоҳад гирифт.
Таҳияи
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»