ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ ОН

Дар ҳама давру замон тоҷикон тавонистаанд баҳри истиқлоли худ мубориза бурда, давлату миллати худро ҳифз кунанд. Давлати Сомониён ҳамчун намунаи давлати миллии тоҷикон рӯшантарин давраи тамаддуни насли башар маҳсуб ёфта, шуҳрати ҷаҳонгир дошт. Дар аҳди Сомониён илму ҳунар ва тамаддуни пурғановати тоҷикон дар ҳама ақсои олам машҳур гашта, нобиғаҳои бузурги илму адаби тоҷик, амсоли соҳибқирони назми классикии тоҷику форс Абуабдулло Ҷаъфари Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Закариёи Розӣ дар рушду ташаккули илму фарҳанги умумиҷаҳонӣ нақши босазо гузоштаанд. Халқи тамаддунофари тоҷик дар мароҳили дуру дарози таърихӣ ва даврони пур аз истисмор забон, ҳувияти миллӣ ва ҷумла муқаддасоти хешро ҳифз намуда, ниҳоят 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли хешро ба даст овард. Ин ҳамчун воқеаи муҳимми таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст ва расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Новобаста аз он ки душманони миллати тоҷик барои пешрафти Тоҷикистони азиз монеа эҷод карда, ҷанги таҳмилиро ба миён оварданд, даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин неъмати бебаҳо барои мо рамзи олии соҳибватанӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои зарурии ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва дар ин баробар, олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Соҳибистиқлолии кишвар барои мо нишони барҷастаи азамату пойдории давлат, бақои тамаддуни оламгири миллат, боиси дар ҷаҳони мутамаддин шинохта шудани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳар як фарди ватандӯсти кишвар имрӯз ифтихор аз он дорад, ки дар чунин кишвари амну шукуфон зиндагӣ мекунад. Воқеан, барои чунин афроде, ки Ватани хешро аз самими қалб дӯст медоранд, рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар ҳама ҳолат ҳисси ифтихор ва ғурури миллӣ мебахшад. Чунин эҳсосро бештар ҳамон афроди ватандӯст дарк мекунанд, ки лаззати ғарибӣ чашида ва ё дар бурду бохти Ватану миллати хеш бетараф нестанд.
Аз оғоз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Сарвари давлат пазируфта шудани фарзанди барӯманди халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низоми фаъолияти ҳукумат ва сохторҳои он куллан ба самти мусбат тағйир ёфта, Тоҷикистони азизу маҳбуб мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Имрӯз кишвари соҳибистиқлолу тозабунёди моро зиёда аз 150 мамлакати мутараққии дунё ба расмият шинохтаанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон дар радифи парчамҳои кишварҳои дигари дунё дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалист. Миллати тоҷик маҳз бо шарофати истиқлол сарнавишти ояндаи худро муайян сохт. Дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷумҳурӣ таҳаввулот ва дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада, ба пешрафти ҷомеа нақши амиқе гузоштанд, ки аз ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол башорат медиҳанд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ стратегияи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро муайян намуда, баҳри рушди бемайлони кишвар кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд. Дар ин даврон таваҷҷуҳи Сарвари давлат маҳз ҷиҳати сохтмони роҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди неругоҳҳои барқӣ, мактабу кӯдакистонҳои ба талаботи замон мувофиқ ва амсоли инҳо равона шуд. Маҳз бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти муҳимтарини гидроэнергетикии ҷаҳон – НБО «Роғун» идома пайдо кард.
С. НАЗРУЛЛОЕВ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти
кафедраи таърихи Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ