ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар ҳошияи суханрониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Омӯхтани таъриху фарҳанг ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии наврасону ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ба ин мазмун, соли равон дар кишвар 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид ва конфронсу ҳамоиш ва чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор шуд. Дар баробари ин, бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардид, ки ба рушди маънавӣ ва ташаккули ҳофизаи таърихӣ мусоидат кард ва шавқу рағбати наврасону ҷавононро ба омӯзиши таърихи ифтихорофарини хеш бештар намуд. Озмуни мазкур заминаи асосии баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави таърихдону донишманд гардид. Дар замони торафт муташанниҷ гардидани авзои ноороми ҷаҳон омӯхтани таъриху фарҳанг ва дар зимн, баланд бардоштани маърифати ҷомеа омили пешрафт ва шинохти асолати таърихӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Сарвари давлат китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» чоп ва дастраси ҳар як хонадони кишвар гардид ва он асари рӯйимизии аҳли ҷомеа шуд. Дар китоби мазкур зина ба зина бо далелҳои муътамади таърихӣ раванди ташаккули давалатдории миллии тоҷикон нишон дода шуда, он ҳамчун шиносномаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки китоби «Тоҷикон» бо забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, ба ганҷинаи таъриху тамаддуни ҷаҳон ҳамчун шоҳасар ворид гардидааст. Омӯзиши он аз ҷониби хонандагон, аз як тараф, ба аз худ намудани таъриху фарҳанг мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, ҳисси ифтихори миллиро дар онҳо густариш мебахшад.
Шоистаи таъкид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» суханронии пурмуҳтаво намуданд. Дар суханронии Пешвои миллат доир ба таърихи рангину пурифтихори миллати тоҷик, хидмати фарзандони фарзонаи миллат, корномаи мондагори академик Бобоҷон Ғафуров, нақши китоби «Тоҷикон» дар муаррифи миллат, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ба таври муфассал мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифт. Суханронии Сарвари давлат бояд дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби устодону омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ ба хонандагон бори дигар гӯшзад ва муҳтавои он шарҳу тавзеҳ башида шавад. Ба ин маънӣ, хонандагон корномаи академик Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари «Тоҷикон»-ро ба таври амиқу ҳаматарафа дарку маърифат намуда, аз ҳувияти миллӣ ва шинохти асолати хеш огоҳ мешаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: ««Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд. Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд».
Дар ҳамин симпозиуми байналмилалӣ Пешвои миллат дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар шакли мукаммал чоп ва ба ҳар як хонадони кишвар тақдим гардад, ки ин аз дигар иқдомҳои ватандӯстонаи Сарвари давлат мебошад. Мусаллам, аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ, адибону сиёсатмадорон ва мутафаккирони барҷастаи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст ва ин раванд ба ташаккулу таҳаввули маънавии наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Малика АКБАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
литсейи №1-и шаҳри Бӯстон