ТАРБИЯ ВА ТАШАККУЛИ ДОНИШҶӮ

Вазифаи асосии кори тарбиявӣ бо донишҷӯён бояд фароҳам овардани шароит барои ошкор намудан ва рушди қобилиятҳои эҷодӣ, худмуайянкунии шаҳрвандӣ ва худшиносӣ, ҳамоҳангсозии талаботи донишҷӯён ба рушди зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии онҳо дониста шавад.
Дар ин радиф раванди таълим ва тарбияи донишҷӯро дар муассисаҳои олии касбӣ дар самтҳои зерин: ташаккули фарҳанги баланди ахлоқӣ дар байни донишҷӯён; ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва шуури ватандӯстӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ; ташаккули сифатҳои шахсии барои фаъолияти самараноки касбӣ зарур; дар шаклҳои гуногуни худидоракунии донишҷӯён тарбия намудани малакаҳои идоракунии коллектив; ҳифз ва густариши анъанаҳои таърихию фарҳангӣ бо пайвастагӣ дар таълиму тарбияи донишҷӯ; мустаҳкам ва беҳтар намудани ҳолати ҷисмонӣ, кӯшиш ба тарзи ҳаёти солим, мубориза зидди тамокукашӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ ва рафтори зиддиҷамъиятӣ амалӣ бояд намуд.
Таълим ва тарбияи донишҷӯён бояд дар се самти муттаҳидшуда, яъне, тарбияи касбӣ-меҳнатӣ, шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ ва фарҳангию ахлоқӣ ба роҳ монда шавад. Ин се самт бояд дар нақшаҳои кори тарбиявии ҳамаи зинаҳои таълим, чи дар раванди таълим ва чи берун аз он, бояд мавҷуд бошад.
Дар тарбияи донишҷӯён ба уҳдаи кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ нақши муҳим ва масъулиятнок гузошта шудааст. Вазифаи онҳо ташаккул додани ҳайати донишҷӯён, таъмини мутобиқшавии самараноки донишҷӯён дар донишгоҳ ва шароити татбиқи таъминоти маънавию моддӣ мебошад. Мазмуни кор ва масъулияти куратори гурӯҳи академӣ дар асоси самти касбӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва эҷодии таълиму тарбия, муносибати инфиродӣ, инсондӯстӣ ва муошират ташаккул меёбад ва иборат аст, аз омӯзиш ва таҳлили маълумоти иҷтимоӣ ва психологӣ дар бораи донишҷӯён, муайян кардани сатҳи маълумот, қобилият ва хусусиятҳои фардӣ; банақшагирии барномаи чорабиниҳои таълимӣ — тарбиявӣ, ташаккули маҳорати ташкилотчигии донишҷӯён, мусоидат ба донишҷӯён дар интихоби роҳбари гурӯҳ, инчунин, намояндагони ҳайати донишҷӯён дар факултет ва мақомоти идоракунии донишҷӯёни донишгоҳҳо (дар иттифоқҳои касабаи донишҷӯён, варзиш, тадқиқотӣ, эҷодӣ ва ғайра, омӯзиши фазои иҷтимоӣ-психологӣ дар гурӯҳи донишҷӯён, муайян ва таҳлили сабабҳои ба амал омадани вазъияти муайян, ёрии ҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ дар гурӯҳи таълимӣ; таъмини фаъолияти таълимӣ тавассути иштирок дар чорабиниҳои таълимии гурӯҳӣ, факултет ва донишгоҳ.
Куратор ё сарпарасти гурӯҳи академӣ дар якҷоягӣ бо сегона ва фаъолони гурӯҳ тамоми корҳои беруназсинфиро бо донишҷӯён ба роҳ мемонад.
Паҳлуи дигари фаъолияти донишҷӯ аз роҳандозии раванди корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳ вобаста аст. Аз ҳама бештар душвории мутобиқшавӣ ба ҳаёти донишҷӯӣ ва зиндагии алоҳида дар байни донишҷӯёни курси якум, ки дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, мушоҳида мегардад. Чунки ҷавонон маҷбуранд, ки на танҳо ба шароити нави таълим, балки ба шароити нави зиндагӣ ҳам мутобиқ шаванд. Мураббиёни хобгоҳ иҷрои вазифаҳои тарбиявиро дар тамоми самтҳои фаъолияти таълим ва тарбия бояд дар асоси омилҳои зерин таъмин намоянд: инкишофи қобилияти эҷодии донишҷӯён, ташкили истироҳат; ташаккули фаъолони донишҷӯёни хобгоҳ, мақомоти идоракунии донишҷӯён; ҳамоҳангсозии кори шурои донишҷӯёни хобгоҳ; мусоидат ба ҳайати донишҷӯёни хобгоҳ дар гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ; тарбияи муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, тарбияи тозагӣ; мусоидат ба риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ ва қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби донишҷӯён; тарбия ва ташаккули эҳтиёҷ ба тарзи ҳаёти солим; омӯзиш ва таҳлили фазои равонии хобгоҳ, муайян кардани сабабҳои ба амал омадани фазои номусоиди ахлоқӣ, ҳавасмандгардонии фаъолон; омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи мусбати хуби ташкили кори тарбиявӣ дар хобгоҳҳо.
Дар ин радиф дар хобгоҳҳо ба тарбияи маданию ахлоқии донишҷӯён диққати калон дода шуда, бахшида ба рӯзҳои ид ва рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи таърихи кишвар ва донишгоҳ чорабиниҳои ҳархела, маҳфилҳои эҷодию варзишӣ ва таълимӣ — тарбиявӣ, бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун бояд гузаронда шаванд. Ба ташаккули тарзи ҳаёти солим бо баргузории лексияву суҳбатҳои мутахассисон, чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва тандурустӣ таҳти шиори «Насли солим – ҷомеаи солим» густариш дода шавад.
Имрӯз тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои асосӣ, вале душвортарини кори тарбия ба ҳисоб меравад, зеро дар ҷомеаи имрӯза иддае ба мафкураи ҷавонон бо ақидаҳои гуногун тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Муҳимтарин василаи тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ омӯзиши таърихи гузаштаи аҷдодони хеш мебошад. Дар ин раванд моро зарур аст, ки омӯзиши гузаштаи қаҳрамонон ва анъанаҳои пуршарафи миллати худро боз ҳам васеътар тарғиб намуда, аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ибрат гирифта, доир ба санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихи миллӣ суҳбатҳо оид ба бедор намудани эҳтиром ба гузаштаи таърихии мамлакати худ ва ҳисси қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан баргузор намоем.
Бо мақсади такмили низоми тарбияи шаҳрвандии донишҷӯён ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули шаҳрвандии фаъоли донишҷӯён, худмуайянкунии шаҳрвандӣ, масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ дар муассисаҳои олӣ ташкили маҳфилҳои мубоҳисавии «Инсон ва ҷомеа» аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Тарбияи донишҷӯён яке аз роҳҳои омода намудани шаҳр­вандони фаъол ба ҳаёт дар ҷомеаи муосир буда, аҳамияти бузурги иҷтимоӣ дорад ва ба ташаккули шахсият мусоидат мекунад.
Лоиқ ҚАССОБОВ,
дотсенти ДТТ
ба номи академик М. С. Осимӣ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон