ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Ифротгароӣ ва терроризму экстремизм худ ба худ зуҳур накардаанд, онҳоро ба вуҷуд овардаанд. Ин суоли мантиқӣ низ худ ба худ пайдо мешавад: киҳо онҳоро ба вуҷуд овардаанд ва чаро?
Ислом дини ноб аст, саропо бозгӯйи ахлоқи ҳамидаву тарбияву адаб аст, аммо солҳои охир доираҳои манфиатдору абарқудрат ин динро мехоҳанд барои ниятҳои пасипардагии худ истифода баранд. Ҳадафи дигар миёни кишварҳои мусулмонӣ ҷанг андохтану таъсис додани гурӯҳҳои тундраву террористӣ мебошад.
Гурӯҳҳои тундраву ифротиро доираҳои манфиатҷӯ таъсис додаанд, онҳо ба эҳсоси динии одамон нохун задаву аз ноогоҳиву бесаводиашон истифода карда, экстремисту террорист тайёр карданд. Сараввал ба мағзшӯйии онон пардохтанд ва дар баъзе мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ин гумроҳонро аз нуқтаи назари идеологӣ – ғоявӣ омода карданд. Ин одамонро ҳамин тавр меомӯзонданд, ки таассубу хурофотро чун ҳақиқати ягона қабул мекарданд. Таассуб ҳамчунон дар рагу хунашон реша давондааст, ки «шаҳид» будану «шаҳид» шуданро амри воқеӣ меҳисобанд ва дар ин ҷода ҳатто аз якдигар пешдастӣ меҷӯянд. Аз ин ҷост, ки миёни террористону экстремистон ин шахсон – «пешмаргон» низ зиёданд ва дар инфиҷору куштори одамони бегуноҳ аз онҳо истифода мебаранд.
Доираҳои манфиатҷӯ гурӯҳҳои террористиву экстремистиро асосан аз ҳисоби ҷавонон таъсис медиҳанд. Гоҳе наврасон, ҳатто ноболиғонро ҳам ба ин гурӯҳҳо шомил менамоянд, саҳеҳаш, бо роҳи фиреб, ваъдаи биҳишту мартабаи «шаҳид» ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб месозанд. Қисмате аз ҷавононро молу пули бедардимиён ба худ мекашад, зеро барои ин тоифа сарват аз ҳама чизи дигар болову воло буда, муқаддасоте барояшон вуҷуд надорад. Вале аксари аъзои созмонҳои ифротиро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки бесаводу ноогоҳанд. Ҷавонони содаю аз илму дониш бехабарро фирефтану ба доми худ кашидан мушкиле ба миён намеорад ва дар каллаи холиашон ҷой додани ҳама гуна ақидаҳои ифротгароёна барои «устодон»-ашон айни муддаост. Аз ин ҷост, ки дар ҳар минтақа, бахусус, кишварҳои мусулмоннишин пайдо кардани ин гуна ҷавонон кори душворе нест.
Имрӯз бисёр мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз хатари ин ҳаракатҳо аз таблиғу ташвиқ истифода бояд кард. Албатта, фаҳмондадиҳӣ кори хуб аст ва натиҷае ҳам дар пай хоҳад дошт. Давлати мо давлати дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона аст. Ин чиз дар Конститутсия дарҷ шудааст, аз ин рӯ, фаҳмиши дунявӣ будани давлат бояд дар хуну майнаву мағзи ҳар шаҳрванди ин кишвар ҷойгузин гардад. Азбаски давлат дун­явист ва дин аз давлат ҷудост, пас, ба ҳар гуна таблиғот ва динситезӣ, ки мухолифи талаботи Конститутсияи давлати дунявист, дар ин давлат ҷой нест. Дар сурати ошкор шудани чунин падидаҳо дар пеши қонун ҷавоб бояд гуфт.
Мубориза зидди терроризму экстремизм фақат кори давлату мақомоти дахлдор нест, вазифаи шаҳрвандиву маънавии ҳар фарди кишвар аст, якҷоя ҳама гуна хатару таҳдидро метавон барҳам дод.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»