ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ — ОМИЛИ РУШД ВА ПЕШРАФТИ МАОРИФИ КИШВАР

Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш менамояд. Яке аз иқдомоти судманд, ки ба пешрафти маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур ба ҳадафи чоруми рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳсилоти босифат ҳамоҳанг аст. Дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор чунин зикр шудааст: «Маориф калидест, имкон медиҳад, ки бисёр дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор ба даст оварда шаванд. Вақте ки одамон метавонанд таҳсилоти босифат гиранд, онҳо метавонанд аз камбизоатӣ раҳо шаванд. Аз ин рӯ, маориф барои коҳиш додани нобаробарӣ ва расидан ба баробарии гендерӣ ва иҷтимоӣ кумак мекунад.»
Дар баробари ин, лоиҳа ба татбиқи яке аз қисматҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 хидмат мекунад: «Зарурати ташаккули салоҳиятҳои устувор ва навовариҳо шарти муҳимми таъмини пешрафти воқеӣ ва дарозмуҳлат шуда истодааст. Ҳамзамон, сухан натанҳо дар бораи баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот ва навовариҳо, балки сифати таҳсилот ва натиҷанокии илм меравад». Аз мазмуну муҳтавои стратегияи мазкур бармеояд, ки сифати таҳсилот дар мадди аввал қарор дошта, он ба рушду пешрафти кишвар мусоидат мекунад ва амалӣ намудани ин лоиҳа яке аз талошҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ин лоиҳа бевосита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми нерую малака ва таҷрибаву дониши мутахассисони дохиливу хориҷӣ татбиқ мегардад.
Мусаллам аст, ки маориф яке аз пояҳои асосии ҷомеаи муваффақ ба ҳисоб меравад ва дар ин самт таҳсилоти босифат нақши бориз дорад. Таҳсилоти босифат ба рушди донишу тафаккури ҳар як шахс ва дар маҷмуъ, рушду пешрафт таъсиргузор буда, шакли таълимест, ки ба шахс дониш, малака ва арзишҳоеро медиҳад, ки барои муваффақ шудан дар ҳаёт заруранд. Он на танҳо дониши барномавию қолабии таълимӣ, балки инкишофи хусусиятҳои фардии хонандаро низ дар бар мегирад. Хонандагонро ба андешаву тафаккури интиқодӣ, қабули қарорҳо ва таҳлили вазъият дар асоси дониш ва принсипҳо ташвиқ менамояд.
Яке аз бартариҳои назарраси таҳсилоти босифат дар он аст, ки барои муваффақ шудан дар зиндагӣ шароит фароҳам меорад ва дар рушди малакаҳои маърифатӣ, муоширатӣ ва қобилияти тафаккури интиқодии онҳо ёрӣ мерасонад.
Таҳсилоти босифат, инчунин, таҳаммулпазирӣ, оини дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба якдигар, инсонпарварӣ, кор дар гурӯҳ ва қабули фарогирро дар байни хонандагон ташвиқу тарғиб менамояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим корҳои зиёд анҷом пазируфтааст. Дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ, таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар, зиёд гардидани теъдоди макотиби олӣ, фарогирӣ ба муассисаҳои таълимӣ, зиёд гардидани мактабҳои типи нав ва макотиби хусусӣ, зиёд шудани шумораи муассисаҳои томактабӣ далели ин гуфтаҳост.
Дар баробари ин, ҷиҳати рушди босуботи кишвар дар шароити пешрафти бемайлону рӯзафзуни техникаву технологияҳои муосир тағйирот дар бозори меҳнат ва омодасозии мутахассисони варзида ба амал омадааст. Бо ин мақсад, бо амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар шаш сол (солҳои 2023-2029) якҷо бо шарикони рушд лоиҳаи «Муҳити таълимасоси таҳсилоти босифат» амалӣ мегардад. Лоиҳаи мазкур аз се қисмат иборат буда, ҳар як қисмати он ба дастрасӣ ба таҳсилоти босифат мусоидат мекунад.
Қисмати аввали он ба таҳияи сохтори миллии қолабӣ барои муҳити таълим ҷиҳати беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва омӯзиш иртибот мегирад. Дар ин қисмат ба гузаронидани арзёбии меъёрҳо ва таҷрибаҳои мавҷуда дар муҳити таълим, дар соҳаи аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ ва мониторинги мактабҳо, дастгирии таҳияи асоси нави миллии қолабӣ барои муҳити таълим ва омӯзиш, гузаронидани машваратҳо бо тарафҳои манфиатдор, инчунин, қабул ва амалисозии онҳо нигаронида шудааст.
Маълум аст, ки аз соли 2015 инҷониб дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ муносибати босалоҳият роҳандозӣ гардид, ки ин мантиқан идомаи амалии муҳитофаринӣ барои таҳсилоти босалоҳият ба ҳисоб меравад. Чунки арзёбии дониши хонандагон, баҳодиҳии таълими омӯзгорон ва дар натиҷа аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои пешбурди фаъолияти таълимию тарбиявӣ бар пояи муҳити солим мебошад.
Инчунин, яке аз бахшҳои сохтори миллии қолабӣ барои муҳити таълим ҷиҳати беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва омӯзиш, ба роҳ мондани усулҳои наву муфиди ҳамкорӣ дар робита ба мониторинг ва арзёбии муҳити таълим мебошад.
Ҳамчунин, мусоидат дар таҷдиди назари омодасозии омӯзгорон ва стандартҳои касбӣ барои муаллимону нозирон, тағйири муносибат ба таълим ва таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои омодасозии муаллимон бе тарки кор ва афзун намудани иқтидори роҳбарони низоми маориф, директорони мактабҳо ва муаллимон дар назар дошта шудааст. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд кадрҳои омӯзгории Тоҷикистонро вобаста ба сохтори миллии қолабӣ барои муҳити таълим ҷиҳати беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва омӯзиш омода намоем.
Дар қисмати дуюми лоиҳа ба баланд бардоштани сифат ва устувории муҳити таълим ва таҳсил таваҷҷуҳ гардида, таҳкими инфрасохтори мактабҳои алоҳида мутобиқи сохтори миллии қолабӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани дастрасӣ барои хонандагони дорои имконоти маҳдуд ва беҳтар намудани иншооти обтаъминкунӣ, гигиенӣ ва беҳдошт дар назар дошта шудааст. Мусаллам аст, ки ҳадафи ин лоиҳа беҳтар кардани муҳити таълиму таҳсил, таъмиру сохтмони мактабҳо ва роҳнамоӣ барои пешрафт дар оянда аст. Ин қисмати лоиҳа марбут ба муҳити амалисозии раванди таълим, ба монанди инфрасохтори мактаб ва таҷҳизоти зарурӣ дар татбиқ намудани раванди таълим, ки ба таҳсилоти босифат нигаронида шудаанд, маҳсуб меёбад. Муҳити созгор дастрасии ҳама, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд ба таълимро фароҳам меорад.
Афзун намудани иқтидор дар соҳаи баҳодиҳии таҳсил ва идоракунӣ ба қисмати сеюми лоиҳа иртибот мегирад. Дар баробари ин, баҳодиҳии таҳсил ва дастгирии техникӣ барои иштирок дар PISA ва баҳодиҳии миллӣ мебошад. Ин ҷо мехоҳем доир ба PISA маълумот бидиҳем. PISA (Programme for International Student Assessment – Барномаи арзёбии байналмилалии хонандагон) омӯзиши байналмилалие мебошад, ки аз соли 2000 оғоз шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии системаҳои таҳсилот дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои хонандагони 15-сола дар кишварҳо ва иқтисоди ширкаткунанда мебошад. Аз соли 2000 то ҳол беш аз 70 кишвар дар PISA ширкат варзидаанд.
Ҳар се сол як гурӯҳи ба таври интихобшудаи хонандагони понздаҳсола аз фанҳои асосӣ – хониш, математика ва табиатшиносӣ санҷишҳо месупоранд ва дар ҳар як соли арзёбӣ ба як фанни таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
PISA санҷиши муфид аст, зеро он тестҳоеро таҳия мекунад, ки мустақиман бо барномаи таълимии мактаб алоқаманд нестанд ва муҳтавои саволномаҳоро дар асоси донишҳои заминавӣ омода менамояд, ки метавонанд ба таҳлилгарон дар тафсири натиҷаҳо кумак расонанд. Мақсади ин санҷишҳо муайян кардан аст, ки хонандагон бо ба даст овардани зинаи таҳсили ҳатмӣ, яъне, таҳсилоти миёнаи асосӣ то чӣ андоза дониши худро дар ҳолатҳои воқеии ҳаёт татбиқ карда метавонанд.
Санҷиши PISA ба ҳукумати як кишвар имкон медиҳад, ки барои беҳтар кардани таҳсилоти босифат чӣ гуна шароити заруриро фароҳам орад.
Пас аз шарҳи санҷиши PISA мо метавонем ба чунин хулоса расем, ки иштирок дар ин санҷиши байналмилалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, махсусан, Вазорати маориф ва илм ва ҳамаи сохторҳои марбутаи он имкон медиҳад, то чӣ андоза амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани ҷараёни тадрис ва ба шароити муосир созгор будани онҳоро муайян намоем.
Дар доираи амалӣ намудани ин лоиҳа Ҳукумати Тоҷикистон боз ҳам маорифро дар авлавият қарор дода, аз маблағи барои ин лоиҳа ҷудогардида, барои таъмини самаранокии таҳсилоти босифат истифода менамояд. Дар бахше аз кори ин лоиҳа масъалаи омодагии касбии омӯзгорон ва роҳҳои нави ҳавасмандгардонии онҳо дар назар дошта шудааст ва дар бахши дигари он таъмир ва сохтмони 65 мактаби нав ва таҳкими инфрасохтории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар натиҷаи ба пуррагӣ ва бо самар иҷро шудани иқдомоти ба нақша гирифташудаи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» мактабҳо боз ҳам бо шумораи бештари таҷҳизоти фаннӣ ҷиҳозонида мешаванд, муҳити таълим замонавӣ ва имконияти таҳсилоти босифат фарох мегарадад. Омӯзгорони Тоҷикистон ҷиҳати босамару пурмаҳсул анҷом додани вазифаи хеш омода мегарданд, роҳбарони макотиб ҷараёни таълимро бо таъмини муҳити солим ба роҳ мемонанд, хонандагон аз ин имконоти муфид ба ташаккули шахсияти худ истифода намуда, дар ҷодаҳои гуногуни ҳаёт ба пешрафтҳои назаррас ноил мегарданд. Барои мутахассиси соҳибкасб шудан талош менамоянд, илму фарҳанг, иқтисоду тиҷорат, истеҳсолоту саноат бо мутахассисони хуби бо салоҳияти дар сатҳи ҷаҳонӣ омодабуда таъмин гардида, Тоҷикистон ба сӯйи ҳадафҳои рушди устувори милливу байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Бадриддин МУЗАФФАРЗОДА,
ҳамоҳангсози лоиҳаи
«Муҳити таълим –
асоси таҳсилоти босифат»,
номзади илмҳои иқтисодӣ