Пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мо — омӯзгорони илмҳои дақиқро хушнуд намуд.
Миллати тоҷик дар пайдоиш ва инкишофи илмҳои дақиқ, аз ҷумла, илми кимиё саҳми арзандаи худро гузоштааст. Пайдо кардани асбобҳои сафолӣ, мисӣ, биринҷӣ, зарфҳои кулолӣ, хишти пухта, бозёфти тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ, қалъагӣ, инчунин, мисраъҳои зерини шеърии шоирон ба кимиёгарӣ машғул буданамонро гувоҳӣ медиҳанд:
Ба гетӣ кимиё ҷуз ростӣ нест,
Ки иззи ростиро костӣ нест.
Фахриддини Гургонӣ
Даст аз миси вуҷуд чу мардони раҳ бишӯй,
То кимиёи ишқ биёбиву зар шавӣ!
Бедил
Чӣ ҳосил аз он, ки донӣ кимиёро,
Миси худро накардӣ зарри соро.
Ҷомӣ
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Олимони асримиёнагии форсу тоҷик, ба мисли Ҷобир ибни Хайён (асри V), Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925), Абуалӣ Ибни Сино (980-1037), Холид ибни Язид, Имом Ҷаъфари Содиқ, Абурайҳони Берунӣ, Абумансури Муваффақ, Ибни Алӣ Ал-Ҳиравӣ, Абуабдулаҳад Ал-Хоразмӣ, Абдулҳаким Ал-Хоразмӣ ва дигарон дар пайдоиш ва инкишофи илми кимиё саҳми калон доранд.
Кимиё илме мебошад, ки зинаи тараққиёти давлатро муайян менамояд. Давлате, ки илми кимиё дар он пешрафта аст, давлати тараққикарда ба шумор меравад. Таъмини озуқаворӣ, истеҳсоли нах ва либос, таҷҳизоти хониш, дору, ранг, атриёт, собун ва воситаҳои кимиёии шӯянда, воситаҳои кимиёии муҳофизати растаниҳо, металлургия, истеҳсоли резина, истеҳсоли нахҳои кимиёӣ, моддаҳои пластикӣ, борут ва ғайраҳо ба кимиё вобаста аст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон бо талаботи замон корхонаҳои саноатии кимиёӣ бунёд гардиданд, истеҳсолоти саноатӣ омили асосии пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, пасткунандаи сатҳи камбизоатии аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷаи давлатӣ ва дар маҷмуъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Имрӯзҳо мо дар арафаи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегияи ҳукумати ҷумҳуриамон, яъне саноатикунонии мамлакатамон қарор дорем. Барои амалӣ гардидани он моро зарур аст, ки омӯзиши кимиёро аз муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ пурзӯр намоем. Синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои кимиёӣ бо асбобу анҷоми ҳозиразамон ва моддаҳои кимиёӣ таъмин бошанд, чунки бе гузаронидани таҷрибаҳои кимиёӣ, кимиёро дар сатҳи лозима аз худ кардан номумкин аст.
Дар ин бора кимиёгари бузурги тоҷик дар асри V Ҷобир ибни Хайён чунин гуфта буд: «Бузургии ҳар як кимиёгар на дар он аст, ки асарҳои навиштаи вай хоно бошанд, балки дар он аст, ки ӯ донишро бо роҳи таҷриба ба даст оварда бошад.»
Имрӯз, ки назар ба гузашта вобаста ба пешрафти ҷамъият, моро бештар зарурати омӯзиши илми кимиё ба миён омадааст, бояд ин илмро аз худ намоем ва кимиёгар бошем. Бояд аз маъданҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ ва бойигариҳои зеризаминии диёрамон металлҳои гуногунро ҳосил намуда, аз он техникаю таҷҳизот созем. Истеҳсолкардаҳоямонро ба бозори ҷаҳонӣ барорем, то ин ки онҳо муаррифгари миллатамон бошанд ва аз он давлатамонро ғанӣ гардонем.
Убайдулло БОБОЕВ,
саромӯзгори кафедраи кимиёи органикӣ ва биологии факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
