МАҲОРАТИ ФИКРИИ ХОНАНДАГОН

Хонанда дар мактаб ёздаҳ сол мехонад ва барои он ки донишҳоро хуб аз худ намояд, вай бояд хондану навиштанро дар давоми ин ёздаҳ сол не, балки дар кадом як давраи ба оғози таҳсил наздику аз анҷомаш дур аз худ намояд. Марҳалаи азхудкунии маҳоратҳо ҳар қадар то оғози таълим (хусусан, маҳорати хондан) наздиктар бошад, барои талаба таҳсил ҳамон қадар осонтар мешавад, вай ҳамон қадар камтар вазнинии таҳсилро ҳис мекунад.
Муҳимтарин маҳорат ва малакае, ки хонанда бояд дар давоми ёздаҳ сол аз худ намояд, дар сутунчаи амудӣ чунин аст:
1. Маҳорати мушоҳида кардани ҳодисаҳои олами атроф;
2. Қобилияти фикрронӣ, муқоиса ва андоза кардан, муқобил гузоштан, чизи нофаҳморо дарёфтан.
3. Ифодаи фикр, хонанда чиро мебинад, мушоҳида, иҷро ва андеша мекунад.
4. Маҳорати бурро, ифоданок баён кардани фикр, хондани бошуурона.
5. Лаёқати равон, ба қадри кофӣ, зуд ва дуруст навиштан.
6. Маҳорати ҷудо кардани қисмҳои мантиқан анҷом ёфтани матни хондашаванда, алоқамандию бо ҳам вобастагии байни онҳоро муқаррар кардан.
7. Ҷустуҷӯ ва дарёфтани китобе, ки барои хонанда мароқангез аст.
8. Маҳорати аз китоб ёфтани мавод доир ба масъалаи барои талаба шавқовар.
9. Маҳорати дар рафти мутолиа таҳлили пешакии матн.
10. Маҳорати гӯш кардани муаллим ва баробари он мухтасар навиштани мазмуни нақли ӯ.
11. Маҳорати хондани матн ва баробари он гӯш кардани дастури муаллим дар бораи кор бо матн, доир ба қисмҳои таркибии мантиқӣ
12. Маҳорати навиштани иншонақли он чизҳое, ки хонанда дар атрофаш мебинад, мушоҳида мекунад ва ғайраҳо.
Аслан, хонандагон маҳорати бурро, ифоданок ва бошуурона хонданро дар синфҳои 7-8 ёд мегиранд. Яке аз вазифаҳои хониши адабӣ, ҳарчанд ҳайратангез бошад ҳам, аз худ кардани маҳорати хондан аст. Вале ҳанӯз дар синфи 3 ва хусусан, синфи 4 дар назди хонанда мақсади нав гузошта мешавад: маҳорати дар матни хондашуда ҷудо кардани қисмҳои мантиқан анҷомёфта. Кори шавқовар: кӯдак ҳанӯз дуруст хонда наметавонаду бояд матни хондаашро мантиқан таҳлил намояд. Вай дар синфи 5 бурро, ифоданок ва бошуурона хонда наметавонад. Таҳлили мантиқии матнҳои китобҳои дарсии таърих, география, биология яке аз намудҳои супоришҳои асосӣ ба шумор меравад.
То даме ки хонанда маҳорати зарурӣ пайдо накунад, супоришҳои нисбатан душвор надиҳем? Ин чунин маъно дорад, ки фарз кардем, аз рӯйи китоби дарсии таърих то вақте ки супоришҳои хонагӣ дода нашаванд, шогирд хондану аз харита нишон додани шаҳрҳоро ёд нагирад, чунон хонданро ёд гирад, ки ин тарзи хонданро маҳорати таҳлилкунӣ талаб мекунад. Сипас, хонанда маҳоратҳои умумитаринро, ки азхудкунии маҳоратҳои мураккабтар ва ниҳоят, умуман, азхудкунии дониш ба онҳо вобастагӣ дорад, бояд хеле пештар омӯзад. То даме ки хонанда бурро, ифоданок, бошуурона ва дар бораи рафти хондан фикр намуда, хонданро ёд нагирад, китоб барои ӯ манбаи дониш шуда наметавонад.
Марҳалаи якуми аз худ кардани маҳорати бурро навиштан дар синфи 2, марҳалаи дуюм – дар синфи 4 анҷом меёбад. Ҳангоми хатми синфи 4 ҳар як хонанда бояд хати зебою хоно дошта бошад. Маҳорати навиштан то чунин дараҷаи такомул расонда мешавад, ки хонанда дар рафти навиштан дар бораи навиштани ҳарфҳои алоҳида фикр намекунад, балки фикри ӯ ба мазмуну мундариҷаи навиштааш равона карда мешавад. Дар нимаи дуюми соли чоруми таҳсил азхудкунии маҳорати гӯш кардани омӯзгор ва навишта гирифтани мазмуни суханони ӯ оғоз мегардад. Ин маҳорат дар охири соли шашуми таҳсил ба итмом мерасад.
Роҳбарии таълим бо кори берун аз синф алоқамандии қавӣ дорад. Пайдарпай азхудшавии маҳорат ва малакаҳоро таҳлил намуда, масъули корҳои беруназсинфӣ усули хониши берун аз синфро ба нақша мегирад. Бояд гуфт, ки бе усули оқилонаи хониши берун аз синф адабиёти бадеӣ ва илмию оммавӣ ҷараёни азхудкунии донишу маҳорат аз синф ба кори хеле барвақттар ташаккулу инкишоф ёфтани маҳорат – зудхонӣ мусоидат мекунад. Ташкили хониши берун аз синф аз он иборат аст, ки хонанда на барои азхудкунӣ, балки барои инкишофи завқу майл мехонад, бояд тафсилоти мафҳумҳо, ҳодисаҳо, қонуниятҳоеро кушода диҳад, ки мағзи донишҳои одитаринро ташкил медиҳад. Ба ибораи дигар, он чи ки дар хотир гирифта ва дар хотир мемонад, бояд бо хониши берун аз синф мустаҳкам карда шавад.
Умеда ИШҚУЛОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №116-и
ноҳияи Сино