АНДАР БОБИ РИСОЛАТИ ОМӮЗГОРӢ

Перомуни пешаи шарафмандонаи омӯзгор ва амали заҳматталаб будани он борҳо гуфтаанду мегӯянд. Ва мақсуд аз ин гуфтаву навиштаҳо як аст: омӯзгор шахсест дорои лаёқату дониши фарогир, соҳибтафаккур ва пайваста дар заҳмату талош. Ва дигар хел буда ҳам наметавонад. Дар ин радиф чанд нишона ё хисоли таконбахш бар бедор намудани шавқу рағбати хонандагонро низ набояд аз мадди назар дур кард. Аз ин хислатҳо дилсӯз ва бовиҷдон будани омӯзгор муҳим маҳсуб меёбад. Дилсӯзу бовиҷдон-яъне чӣ? Омӯзгор аз кадом фанне, ки машғулият нагузаронад, бояд нахуст мавзуи навро такрор ба такрор хонда, ҳар як қисмати онро ба таври алоҳида, бо шеваи сода конспект намояд. Дар иртибот ба мавзуи мазкур ҳатман аз сарчашмаю адабиёти иловагии илмӣ-назариявӣ, методӣ ва маълумоти зарурӣ аз сомонаҳои интернет истифода кунад.
Корбасти огоҳмандона аз сабку шеваҳои таълимӣ, супоришу саволҳои тестӣ, кор бо гурӯҳҳо, муносибати босалоҳият ба таълим, пурсиши шифоҳӣ ва ғайра ба маҳорату ҳунар ва завқу салиқаи омӯзгор вобастагӣ дорад. Аммо дар ҳар сурат, муҳим натиҷа аст. Натиҷа самараи таълими мавзуъ, роҳу шеваҳои ба зеҳни хонанда расонидани он ва ниҳоят, дар бораи дарси нав маълумот ҳосил кардан ва аз худ намудани ҷавҳари мавзуъ ба шумор меравад. Мазмун, бо роҳи бештар фаъолият зоҳир кардани шогирдон, ё баръакс, таъсиру нуфузи омӯзгор ҷиҳати беҳтару хубтар ва содатару нишонрас баёну тавзеҳ бахшидани мавзуи нав, супоришҳои иловагӣ… хуллас, тири омӯзгор бояд ба ҳадаф расад. Дар ин бобат омӯзгор бояд тамоми неруи ҷисмонию зеҳнии худро истифода намуда, аз рӯйи меҳру садоқат, чунонки ба фарзандаш муносибат мекунад, ба шогирдон донишҳои навро пешниҳод намуда тавонад. Ва дар ҷамъбаст аз машғулияти гузарондааш қаноатманд гардад. Агар вай аз дарси баргузорнамудааш розию қонеъ набошад, пас ҳанӯз нерую ғайрат ва қобилияти фитрияшро дар боби тафсиру тавзеҳи мавзуи таълимӣ истифода карда натавонистааст. Ана дар ҳамин вазъ омӯзгор бояд дарси гузаштаашро пеши худ таҳлил карда, дар куҷо, ба чӣ сабаб ба иштибоҳ ва бепарвоӣ роҳ доданашро ҷустуҷӯ ва дарёбад. Агар ин иштибоҳ ва норасоиро дарёфт, барои минбаъд атрофи дарс андеша ва он камбудиҳоро ислоҳ бояд кунад. Дигар омил ва хусусияти ба таври барҷаста фаҳмондану ташреҳи мавзуъ, дар баробари донишу тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва истифода аз шеваҳои мухталифи таълимӣ, завқу эҳсоси инсонии муаллим маҳсуб меёбад. Яъне, ҳангоми баёни мавзуъ омӯзгор, новобаста аз омилҳои берунӣ (ташвишҳои зиндагӣ, табъу кайфияти руҳӣ, муносибат бо гурӯҳи одамон…) бояд ва вазифадор аст, дарсро хушбинона, бо дили гарм, бо истифода аз калимаю таркибҳои хушоянду созгор, ба фаҳму дарки шогирдон ба роҳ монад. Манзури мо ин аст, ки дар ҳеҷ як ҳолат (агар баъзе мавридҳои заруриро истисно кунем!) омӯзгор ҳақ надорад (ва набояд!) дарсро дилу бедилон, бо оҳанги хушку бетаъсир, бо табъи гирифта, бо истифодаи суханҳои хашин гузаронад. Ин тавр воқеъ шуданаш аслан ноимкон аст, аммо… Аммо, мутаассифона, ин ҳол ба мушоҳида мерасад ва завқи хонандаи мактабро коста мегардонад. Дар ин росто, масъалаи муносибат бо шогирдон нақши муҳим мебозад. Бахши аъзами омӯзгорону устодон бар ин назаранд, ки дар муносибат бо хонанда бояд сахтгиру серталаб буд. Дуруст, оре, ин фикр ҳеҷ ҷойи нигаронӣ надорад. Вале сахтгирию серталабиро ба нафрат, қаҳру ғазаб, дағалгуфторӣ, сарфи назар намудан аз талаботи илмҳои психология ва педагогика, ба он хотир ки на ҳамаи таълимоти ин илмҳо дархӯри дарду мушкилоти муаллиму мактаб аст, набояд омехта кард. Дар кадом вазъу мавқее набошад, бояд (ва ин ногузир аст!) хонандаро дӯст дошт! Ин гапу андешаи нав нест, мушоҳидаҳои рӯзмарра низ бозгӯйи онанд, ки марому ормонҳои гуманистӣ маҳз аз мактаб реша гирифтаву нумуъ ёфта, сабзу боровар мешаванд. Имрӯз дар суҳбатҳои алоҳида, баҳсу гуфтугузор бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мешунавем, ки онҳо мактабу таълимро дар замони Шуравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ ба муқоиса гирифта, қотеъона ҳукм мебароранд, ки мо ба он шеваю равандҳои олӣ ва омӯзанда зуд баргаштаву даст нахоҳем ёфт. Воқеан, ин як ҳақиқати бебаҳс аст, ки муҳиту фазо тағйир ёфт, фаҳмиш, завқу ҷаҳонбинӣ, дарку тафаккур ва бардоштҳо вобаста ба равандҳои тасаввурнопазири замони муосир дар фосилаҳо қарор гирифт. Вале мусаллам аст, ки ҷанбаҳо (критерияҳо)-и педагогика дар масири таълиму тарбия новобаста, аз дигар шудани давру замон тағйир наёфтааст. Магар дар пешаи омӯзгорӣ, дар таълиму тарбия қо­билияту истеъдоди омӯзгор чун дар даврони Шуравӣ нақши калидию ҳалкунанда намебозад?! Заҳмату ранҷ, саъйю талош, ҷустуҷӯву омӯзиши бардавом, инҳо чӣ? Ё дар заминаи дастуроти илмҳои педагогика ва психологияи миллӣ муносибат намудан ба хонанда. Ҷавҳари таълиму тарбия дар ҳар ду давр муштарак боқӣ мондааст. Аз таҷрибаи омӯзгории худам мисол меорам. Ҳар як машғулиятро аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик бо шӯру шавқ ва эҳсоси ваҷду хуррамӣ баргузор мекардам. Боре, ҳангоми ба роҳ мондани машғулияти адабиёт дар мавзуи «Ҳаёт ва фаъолияти Абулқосим Фирдавсӣ» дар синфи 8, лаҳзаҳои қадрношиносии Султон Маҳмуди Ғазнавиро, ки нисбат ба «Шоҳнома» ва Ҳаким Фирдавсӣ носипосӣ ва таҳқирро раво дид, ончунон бо оҳанги пуралам нақл кардам, ки нохудогоҳ об дар чашмонам ба пайдо омад. Мушоҳида кардам, ки ҳикояти азобу саргардониҳои Фирдавсии нобиға ба шогирдон андак-андак таъсир карду корагар шуд, ки низ ашк дар чашмонашон чарх зад. Ин чӣ гуна ҳолатест? Ҳунар, лаёқату маҳорат, аз умқи дил, бо тамоми эҳсосу ҳаяҷони инсонӣ, неруи ҷисмонию зеҳнӣ, қатра-қатра, ботинан худро гудохтану об шудан то дарду азоби шоирро хонандагон дар ҷисму ҷони хеш ҳис кунанд. Ба василаи чӣ? Суханони пуртаъсир, дилрас, нутқу такаллуми шевою рангин ва боз чӣ метавон гуфт? Шояд ҷонбахш! Як нафар дар ин қазия норозигӣ изҳор кард ва бедимоғ афзуд, ки «канӣ, ба хонандаи имрӯз бо чунин оҳангу усул дарс гузарону эҳсоси ӯро бедор кун, қандата, хӯр!» Чаро не?! Воқеан, чаро мо дар аксар ҳолату маврид, омӯзгор шуда, хушбин нестем? Бо боварию эътимод, қотеъона иброз медорам, ки имрӯз ҳам метавонам ҳамин гуна дарс гузарам ва мавзуи навро бо саду як тарзу роҳ, бо эҳсоси воло тавзеҳ бахшам. Ва на танҳо ман! Дигар устодону омӯзгорони фидоию қавииродае дорем, ки хушбахтона, бе ҳеҷ шакку шубҳа, омӯзгориро ба сифати сарнавишт (на пеша!) пазируфтаанд, ки ҳалолашон бод! Дар ҷодаи таълиму тарбия ва пешаи омӯзгорӣ баҳонаю сабабҳои зиёду беохирро шафеъ овардан аз беҳунарию гурез аз заҳмату талош аст. Ин масъала ба директорони муассисаҳои таълимӣ ва ҷонишинони онҳо низ дахл дорад! Тавре ишора кардем, дар раванди дарс омӯзгор аз кадом усулу метод истифода накунад, муҳим бояд ба мақсади пешгузоштааш ноил гардад. Аммо имрӯз ба ҳолатҳое ҳам дучор меоем, ки омӯзгорон (аксаран омӯзгорони ҷавон) гумон мекунанд, ки ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳо аз ҳамаи усулу шеваҳои мавҷудаи таълимӣ бояд истифода намуд. Ин қабил омӯзгорон мавқеъ ва ҳадафи созгор ба тавзеҳи мавзуъро дар қиболи корбурди сабку тарзҳои таълимӣ эҳсос намекунанд ва дар натиҷа вақти ҷудошударо риоя ва дарсро ҷамъбаст карда наметавонанд. Ҳол он ки муҳим натиҷа мебошад. Ёдам меояд, ки ҳангоми таҳсил дар мактаби деҳа ба мо аз алгебраву геометрия устоди соҳиблаёқат, шодравон Ҳасан Убайдов сабақ меомӯзонд. Вай машғулиятҳояшро бо истифода аз ҷадвалу зовиясанҷ, дастуру китобҳои методии иловагӣ бо забони русӣ дақиқ, муҷаз, фаҳмою нишонрас мегузаронд. Ҳар дарс, қабл аз оғози мавзуи нав дар тахтаи синф панҷ – шаш мисолу ифода ва ё муодиларо менавишт (ҳамчун супориши мустақилона) ва эълон мекард, кадом хонандае, ки аз ҳама пештар ин мисолҳоро дурусту бехато ҳал кунад, сазовори баҳои «аъло» мегардад. Ва мо, чунонки байни ҳам сабқат мекарда бошем, зуд ба иҷро намудани супориши муаллим мепардохтем. Албатта, шитоб ҳам мекардем, ба саҳву иштибоҳ роҳ ҳам медодем. Аммо аҷиб ин буд, ки мо мисолу муодила ва ифодаҳои пешниҳодкардаи устодро бо шавқу рағбати беинтиҳо ҳал мекардем ва дарси минбаъдаро беқаророна интизор мешудем. Ҳангоми иҷрои супоришҳои графикӣ ҷаъбаи паргор, ҷадвалу зовиясанҷ ва дигар васоили зарурии хонишро истифода мекардем. Мавзуи навро дар тахтаи синф навишта, тарзҳои ҳосил кардани формулаҳои математикию геометриро (аз ҷумла, логарифму дискриминал ва монанди инҳоро) чунон ба тартиб, содаю ҷолиб мефаҳмонд, ки дар майнаи сар ҳатман ба таври амиқ ҷой мегирифт. Он дарсҳо ҳанӯз аз лавҳи хотирам зудуда нашудаанд. Омӯзгори физика, марҳум Тоҳир Иброҳимов на танҳо мавзуъҳоро дар сатҳи баланд, бо каломи гӯшнавозу хотирмон тавзеҳ мебахшид, балки ину он ҳодисаи физикиро тавассути таҷрибаҳои лабораторӣ амалан дар пеши назарамон иҷро мекарду шарҳ медод. Мо мавзуи навро ҳамеша, бе ягон муболиға дарку фаҳм ва аз худ мекардем. Устод Саттор Нуриллоев аз химияву биология дарс мегуфт ва дар хусуси хосиятҳои моддаҳо бо истифода аз системаи даврии Менделеев ва таҷрибаву реаксияҳои кимиёвӣ ба мо тавре маълумот медодед, ки воқеан, дар ҳайрат мемондем. Аз биология маҳз бо талошу заҳматҳои муаллим мо бо рангорангии олами набототу ҳайвонот шинос гардида, дар саёҳатҳои фаннӣ рустаниҳои гуногуни маҳалли худро аз ҷиҳати қонуниятҳои биологӣ омӯхта, донишамонро афзун мегардондем. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Бобобек Раҷабов аз нахустин устодоне ба шумор меравад, ки меҳри дар бораи чизе навиштан, эҷод намуданро дар қалби мо парваридааст. Вай дар дарси забони модарӣ бо мо кори эҷодӣ мегузаронд ва бо супориши муаллим дафтари «Корҳои эҷодӣ» ташкил карда будем ва дар дилхоҳ мавзуъ иншои озод ё ҳикояча менавиштем. Устод ҳамвора таъкид мекард, ки дар бораи мушоҳидаҳоятон аз манзараҳои табиати деҳа ва одамони касбу кори гуногун ба таври умумӣ нанависед. Кӯтоҳ, мушаххас ва дидгоҳи худро дар шакли ҳикоя ё иншо эҷодкорона рӯйи коғаз оред. Ҳамин тавр, муассиру ҳадафрас буд дарсҳои омӯзгори забон ва адабиёти рус Любов Андреевна Гнатко. Гумон мекардам, ҳангоми нақли ҳаёт ва эҷодиёти шоирону нависандагони рус ин зани дарёдилу донишманд худро батамом ба дарс мебахшид. Мо ин ҳолро ҳис мекардем, ҳис мекардем, ки вай бо нақли ҳаёти пурфоҷиаи Пушкину Гогол, Чехову Толстой, Н. Островскийю М. Горкий, С. Есенину М. Шолохов… дар дунёи дигар қадам мезанад. Чӣ неруе дошт муаллима, ки дар тафсиру маънидоди он то ҳол оҷизам ман. Шояд меҳри адабиёти русро дар дили ман муаллима бо олами афсонавию рангин ва ҷаззоби ҳаёт ва осори адибони рус бедор намуду ба мутолиаю омӯзиши ин адабиёт ҳарисона рӯ овардам. Чаро дар бораи ин устодон бо шавқи дил нақл мекунам? Зеро, аввалан онҳоро як омил муттаҳид мекард: истеъдоди фитрӣ, ки бе он дар ягон касбу пеша, аз ҷумла, омӯзгорӣ наметавон муваффақ шуд. Дувум, маҳорату ҳунари аз сӯву самтҳои мухталиф ба зеҳни хонанда расондани ину он мавзуъ, сеюм, соҳиби дили бузург будану худро комилан ба дарсу мактаб бахшидан, чаҳорум, ҳамон виҷдону дилсӯзӣ, ки дар оғоз дар хусуси ин сифатҳо ҳарф зада будем. Имрӯз, ба андешаи мо, ҳамин роҳу равиш, ҳамчун авомили таконбахш баҳри муваффақ гардидани омӯзгор ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо зарур аст, Дарс бояд табиӣ, дилчаспу шавқфизо, ҷаззоб ва хотирмон баргузор гардад, на сохтакоронаю маснуӣ. Бе муҳобо, омӯзгор бояд ва ин рисолати виҷдонии ӯст, ки порае аз дилу ҷонашро ба хонандагон, ба дарс, ба мактаб бахшад. Онгуна ки аз меҳнати садоқатмандонааш лаззату кайфият ҳосил карда, ҳар субҳи навро беқаророна мунтазир шавад, ки зуд ба дабистон ҳозир шаваду ба машғулиятҳо бо неруи тоза оғоз бахшад. Ва шогирдонаш низ ҳар дарси ӯро ана ҳамин тавр, бетоқатона интизор шаванд.
Магар аз ин дида барои омӯзгор бахту саодати бузург буда метавонад?
Ҳаргиз!
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»