Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2011 қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълииму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, дар он масъалаҳои ба таълиму тарбия бахшида ҳамаҷониба ҳаллу фасл гардидаанд.
Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи иҷрои талаботҳои қонуни мазкур буда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва маъмурияти муассиса қонуни зикргардидаро шиори кори худ сохта, аз рӯйи он амал мекунанд. Бо мақсади ҳар чи беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ва амалӣ кардани мафҳумҳои дар он қайдшуда «Рӯзҳои падару модар» ташкил карда шуда, роҳбарият ва омӯзгорони коллеҷ бо падару модар ва шахсони дигаре, ки масъули тарбия гардидаанд, вохӯрӣ ва суҳбатҳо меороянд, ки ба фоидаи кор аст.
Зимнан, бояд қайд кард, ки қонуни мазкур дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат буда, масъулияти падару модар ва шахсонеро, ки аз ҷониби муқаррароти мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро иваз мекунанд, ба танзим медароранд. Қонуни мазкур нибат ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз нажод, асл ва маҳалли зисти онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, баробар амал мекунад.
Дар рушду такомули ҳамаҷонибаи кӯдак саҳми падару модар, мактаб, ҷомеа, марказҳои фарҳангӣ назаррас аст. Танҳо онҳо метавонанд, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳо ва худшиносии миллӣ тарбия намоянд. Ногуфта намонад, ки дар ин муассиса мувофиқи нақша — чорбиниҳои асосии он ҳайати профессорону омӯзгорон курсантонро дар давоми ҳафта ба тамоми марказҳои фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ, ҷойҳои таърихӣ бо мақсади васеъ шудани доираи ҷаҳонбинии онҳо ҷалб менамоянд.
Дар боби 2, моддаи 7-и қонун — «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мафҳумҳои падару модар барои ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиати фарзанд, интихоби усули таълим ва назорат аз болои сифати таълим ишора мешавад.
Дар моддаи 8-и қонун «Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд» гуфта шудааст, ки падару модар уҳдадоранд, ба фарзанд номи нек монанд, дар қайди давлатии асноди шаҳрвандӣ сабт кунанд, барои рушди кӯдак шароит фароҳам оваранд, дар руҳияи башарӣ тарбия намоянд, муомилаи нек (новобаста аз синну сол) кунанд, бесаробон кӯдаки шашсоларо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯча, тамошои филмҳои ба ахлоқи кӯдак зараровар, дар мактабҳои ғайрирасмии динӣ таҳсил карданро иҷозат надиҳанд. Курсантони ин даргоҳ бештар аз ноҳияҳои дурдастанд. Бинобар ин, ба кӯчабароӣ танҳо ба воситаи аризаи падару модар, худи курсантон ва дигар кормандон, хусусан, барои духтарон, бо ариза ба роҳ монда мешавад.
Тибқи моддаи 15-и боби 5 «Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модар дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳояшон, новобаста аз он ки ҷудо зиндагӣ доранд ё якҷояанд, дар назди қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Омӯзгорон низ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълиму тарбияи кӯдак, ки дар моддаи 12, банди охирон қайд гардидааст, дар тарбия уҳдадор ва баробари падару модар ҷавобгаранд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки таълиму тарбия, тозагӣ ва рафтори курсантон дар коллеҷ хуб ба роҳ монда шудаанд ва супориши роҳбаронро сари вақт иҷро менамоянд. Натиҷаи давомоти курсантон нишон медиҳад, ки қобилияти зеҳнӣ ва азхудкунии машғулиятҳо нисбат ба рӯзҳои аввали таҳсил беҳтар шуда истодааст. Яке аз сабабҳои беҳтар шудани азхудкунии машғулиятҳо суҳбатороӣ бо муаллимон, назорати гузаронидани машғулиятҳо ва ҳавасмандкунии курсантон бо рухсатии кӯтоҳмуддат мебошад.
Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонунест, ки хусусияти миллӣ дошта, ба беҳдошти имрӯзу ояндаи ҳаёти иҷтимоию сиёсии миллат нигаронида шудааст. Дар ин росто,0 волидайн, тамоми сохторҳои давлатӣ, дар маҷмуъ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут намонанд, дастҷамъона дар устуворӣ, пойдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.
Пешрафти бемайлони илму техника, фазои иттилоотӣ сабаби косташавии ахлоқ, гум шудани бархе аз анъанаҳои фарҳангиву расму русуми аҷдодиамон бетаъсир намемонад. Пас, мо, омӯзгорон, падару модарон ва дигар шахсони дар кори таълиму тарбияро зарур аст, ки ҳар чи бештар ба таълиму тарбияи фарзандону шогирдон боз ҳам аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем.
Ҳусноро ТӮРАЕВА,
сардори кафедраи муҳандисӣ-
техникии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, майори хизмати дохилӣ