ТАҲЛИЛИ ҲИКОЯИ «ПАНДИ ПАДАР»

Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо дар синфи се аз фанни забони модарӣ омӯзгор бо истифода аз усули муносибати босалоҳият ба таълим ба самтҳои гуногуни дарсазхудкунии хонандагон, аз қабили мустақилияти фикрӣ, нақлу таҳлили матн, луғатомӯзӣ, баҳо додан ба амали қаҳрамонони ҳикоя ва ғайра бояд таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Ба гунаи мисол, дар таълими мавзуи «Панди падар»-и нависанда Эҳсон Субҳон аз чунин сабку шеваҳои навини методӣ метавон истифода кард. Дар оғоз матн аз ҷониби шогирдон бо ҳидояти омӯзгор қисм-қисм хонда мешавад. Сипас тавассути саволҳое, ки дар поёни матн оварда шудааст, моҳияти ҳикоя баён мегардад. Хонандагон бо навбат саволҳоро мехонанд:
1. Оё рафтори Шаҳбоз дуруст аст? (Пурсида мешавад, ки Шаҳбоз кист?)
2. Агар шарики Шаҳбоз шумо мебудед, ба вай чӣ мегуфтед? (Андешаи ду-се хонанда.)
3. Магар меваро нашуста хӯрдан равост? (Дар хусуси тозагӣ ва қоидаҳои гигиенӣ сухан бояд гуфт.)
Мувофиқи супориши китоб бо калимаҳои «шарикдарс», «бозор», «мурӯд» хонандагон бояд се ҷумла нависанд. Онҳо ин се ҷумларо аз матн ёфта менависанд.
Ба исмҳои сархати сеюми матн савол мегузоранд. Барои намуна:
Меваҳо (чиҳо?), бозор (чӣ?), шикам (чӣ?), даст (чӣ?), Шаҳбоз (кӣ?)
Дар дарси оянда идомаи ҳикояи «Панди падар» омӯзонда мешавад. Мазмуни матн баъди қироати шогирдон нақл карда мешавад. Муаллим аз хонандагон мепурсад, ки барои чӣ падари қаҳрамон (наврас) аз мавизе дар бозор харид, ки ҳам гарон асту ҳам пастсифат?
Хонандае бо истифода аз матн посух медиҳад:
– Аз дуздии ту шармам омад, – гуфт ӯ.
– Чӣ амали паст. Чӣ шармандагӣ!
Саволи дигар аз матн ба хонандагон пешниҳод мегардад. Таъбири «хасдузд шутурдузд мешавад?» чӣ маънӣ дорад? Маълум аст, ки дар баробари ҷанбаи таълимӣ, дарс бояд мақсади тарбиявӣ низ дошта бошад. Аз ин рӯ, ба алоқамандии мантиқии ду матн (дар ду дарс) омӯзгор диққати шогирдонро ҷалб карда, тавзеҳ медиҳад, ки дуздӣ бадтарин хислат буда, ҳеҷ гоҳ ба ин амал хонандагон набояд даст зананд, чунки монанди Шаҳбозу навраси дар ҳикояти дувум тасвиргардида хиҷолатзадаву шармсор мешаванд. Албатта, амалу хислат ва муносибати қаҳрамонони ҳикоя аз ҳам фарқ мекунад. Шаҳбоз рафтори худро ҳақ мебарорад ва ба рафиқаш таъсири бад мерасонад. Вай нашармида мегӯяд:
– Сер шудем. Харид кардан чӣ даркор?
Наврасе, ки дар ҳикояи дувум амал мекунад, баръакс, баъд аз танбеҳи падар хатояшро мефаҳмад:
«Инак, ҳар гоҳ ба моли мардум бо тамаъ нигарам, панди падарам ба ёдам меояду аз он даст бозмедорам». Ҳамзамон, машқ ва супоришҳо вобаста ба қоидаҳои грамматикӣ аз ҷониби хонандагон иҷро карда мешавад.
Аз ҷумла: калимаи «шутурдузд»-ро дар нақша нишон диҳед. Гӯед, ки кадом овоз дуруст шунида намешавад?
Бояд гуфт, ки аз ҷониби хонандагон иҷро кардани машқи таҳлили овозии калима аҳамияти калон дошта, ба тафовут намудани овоз аз ҳарфҳо, дарси талаффуз нашудани ину он овоз ёрӣ мерасонад.
Толиб САФАРОВ,
омӯзгори МТМУ №79-и
ноҳияи Шоҳмансур