ТАЗКИРАИ НОДИР

Дар таърихи адабиёти классикии тоҷику форс шоирону нависандагоне фаъолият намудаанд, ки ба ҷуз аз таълифи шеъру ғазал, ҳамчунин, дар навиштани рисолаҳои илмӣ-назариявӣ оид ба ҳунари шоирӣ ва намояндагони ин адабиёт дасти тамом доштаанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ яке аз ин гуна донишмандони асри XV маҳсуб ёфта, бо асари машҳураш «Тазкират-уш-шуаро» дар адабиёти тоҷику форс нақши бузургу мондагор гузоштааст. Ба тасдиқи ҳамасронаш, Давлатшоҳи Самарқандӣ дар шеър табъи неку дошт ва «Алоӣ» тахаллус мекард. «Тазкират-уш-шуаро» аз дебоча, муқаддима, табақоти ҳафтгона ва хотима иборат мебошад. Ба таъкиди адабиётшинос Фахриддин Насриддинов, «яке аз хусусиятҳои арзишманди тазкира масъалаи нақди сухан ва шеършиносист». Дар муқаддима дар хусуси шоирони араб – Лабид ибни Асвад ал-Боҳилӣ, Фараздақ ан-Наҷдӣ, Диъбил ибни Алӣ ал-Хузоӣ, ибн ар-Румӣ, Мутанаббӣ ва якчанд нафари дигар маълумот дода шудааст. Қисмати дувум – «Табақаи аввал аз табақоти шуарои форсӣ» унвонгузорӣ шуда, хусусиятҳои маъноию услубии ашъори сурудаи шоирони бузурги адабиёти классикии тоҷику форс, амсоли Рӯдакӣ, Ғазоирии Розӣ, Асадии Тӯсӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Масъуд ибни Саъди Салмон, Фирдавсии Тӯсӣ, Фаррухӣ, Муиззӣ, Носири Хусрав ва дигарон дар он мавриди нақду таҳлил қарор дода шудаанд. Дар табақаи дувум дар бораи вижагиҳои шеъри чунин шоирон, монанди Азрақӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Хоқонии Шарвонӣ, Авҳаддудини Анварӣ, Рашиддудини Ватвот, Адиб Собири Тирмизӣ ва ғайра, дар табақаи сеюм маҳорату ҳунари шоирии Низомии Ганҷавӣ, Камолуддини Исфаҳонӣ, Имоми Ҳиравӣ, дар табақаи чаҳорум сабки сухани Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Авҳадии Мароғаӣ ва бисёре аз дигар шоирон аз нигоҳи интиқодӣ баҳогузорӣ шудааст. Дар табақаҳои панҷум, шашум ва ҳафтум низ Давлатшоҳи Самарқандӣ перомуни ашъори шоирони намоён андешаронӣ намудааст. Дар хусуси ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ маълумоти фаровон додааст.
Муаллиф қасидаҳои Носири Хусравро дар тазкирааш ҷой дода, ҷанбаҳои ҳикматомезу фалсафии онҳоро бозгӯӣ мекунад ва дар хусуси охири умри шоир чунин мегӯяд:
«Ва девони ҳаким Носири Хусрав сӣ ҳазор байт бошад, маҷмуи ҳикмату маъвизат ва суханони муҳкаму матин».
Ва поёнтар меорад:
«Ва қабри шарифи ҳаким Носири Хусрав дар дараи Юмгон аст, ки он мавзеъ аз аъмоли Бадахшон аст. Ва мардуми куҳистонро ба ҳаким Носири Хусрав эътиқоди балеғ аст…»
Дар бораи зиндагӣ ва таълифоти иддае аз шоирон ба тафсил сухан ронда, нақли шоҳидони ҳолро аз шукӯҳу азамат ва эъҷози шеъри онҳо меорад. Ҳамчунин, вохӯрию мулоқоти бузургони аҳли илму адаб, раҳ ёфтани бархе аз онҳо ба дарбори шоҳони сулолаҳои гуногун, баҳсу мунозараи шоирон ва тасвири хислатҳои ин табақа дар меҳвари тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ қарор гирифтааст.
Ҳофизи Шерозиро дар сурудани ғазал нодираю нобиғаи замон меномад ва мегӯяд, ки ӯро бо шоҳону амалдорон илтифот набуд, аз Шероз по ба берун наниҳодааст. «Ҳикоят кунанд, ки Султон Аҳмад подшоҳи Бағдодро эътиқоде азим дар ҳаққи Хоҷа Ҳофиз будӣ ва чандонки Ҳофизро талаб доштӣ ва тафаққуд ва риоят кардӣ, Ҳофиз аз Форс ҷониби Бағдод рағбат накардӣ ва ба хушкпорае дар ватани маълуф қаноат намудӣ ва аз шаҳрҳои ғариб фароғат доштӣ».
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро аз шоирони барҷаста ҳисобида, барои намуна қасидаеро аз ӯ пешниҳод месозад, ки ҷавоб ба қасидаи «Баҳрул-аброр»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад ва бо маҳорати баланд суруда шудааст. Аз назари Давлатшоҳи Самарқандӣ камтарин шоир дур намемонад, ки ӯ зикри ҳолу аҳвол ва шеъри ӯ накарда бошад. Аз омӯзишу мутолиаи «Тазкират-уш-шуаро» омӯзгорону хонандагон метавонанд, ба замми тафсири шеъру таҳлили ҳунару маҳорати шоирон, инчунин, маълумоти фаровони таърихӣ ба даст оранд.

Фахриддин НАЗИРОВ,
омӯзгори гимназияи Балъамӣ,
шаҳри Ваҳдат