НЕКСИРИШТУ МЕҲРУБОН

Муаллимаи азиз Ҳуснигул Талбакова аз зумраи занҳои хушбахтест, ки дар фаъолияти 60-сола дар ҷодаи илму таълим, маорифу фарҳанг ва рушду такомули маънавии ҷавонон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоштааст.
Бояд зикр намоем, ки муаллима Ҳ.Талбакова аз соли 1966 то моҳи июли 2023 танҳо дар як ҷо, яъне, дар факултети филологияи ДМТ фаъолият кардааст.
Дарсҳои ӯ хеле пурмазмуну шавқовар буданд ва дар зеҳну қалби донишҷӯён зуд ҷой мегирифтанд. Аз фанҳои забони адабии муосири тоҷикӣ, услубшиносӣ ва усули таълими забон дарс мегуфт. Мавзуъҳоро бо забони содаю равон, асоснок ва бо мисолҳои фаровон пешкаши донишҷӯён мекард. Ҳ. Талбакова ба корҳои курсию рисолаҳои дипломӣ ва маърӯзаҳои илмии донишҷӯён роҳбарӣ менамуд. Муаллима аз донишҷӯён ҷиддан талаб менамуд, ки дар пажуҳишу тадқиқ ва ҳаллу фасли мавзуъ нозукбину дақиқкор бошанд.
Шогирдонаш имрӯзҳо кормандони муассисаҳои миёнаю олӣ, омӯзишгоҳҳо, гимназияю литсейю ҳунаристонҳо ва муассисаҳои дигари маорифу фарҳанги Тоҷикистон мебошанд. Иддае аз шогирдонаш дар мақомоти интихоботию роҳбарикунандаи давлатӣ, иддаи дигарашон дар бойгонию осорхонаҳои адабию кишваршиносӣ, бунёду марказҳои фарҳангӣ ва амсоли онҳо ба нафъи халқу меҳани маҳбубамон хизмат мекунанд. Дар баробари ин, як бахши корномаи ӯро пажуҳишу таҳқиқ ва қиёси паҳлуҳои гуногуни илми забоншиносӣ фаро гирифтааст.
Соли 1978 рисолаи номзадиашро бо унвони «Хусусиятҳои лексикӣ ва фразеологии повести «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил» муваффақона дифоъ намуд.
Аз шодравон Ҳуснигул Талбакова ба мо асару мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ мерос монд, ки ҳар кадом масъалаҳои мухталифи бахши забоншиносии тоҷикро дар бар мегирад. Дар забоншиносӣ вақте ки муҳаққиқон дар бахши лексикология таҳқиқот мебаранд, ҳатман аз мақолаю дастурҳои муаллима истифода мекунанд.
Ҳ. Талбакова бештар ба пажуҳиши масоили вожашиносӣ ва гоҳо ба таҳқиқи масъалаҳои фразеология машғул шудааст. Ӯ дар давоми фаъолияти илмиаш беш аз ҳаштод асару мақолаҳои илмӣ навиштааст, ки ҳама аҳаммияти баланди илмию амалӣ доранд. Муаллима дар таълифи китобу дастурҳои таълимӣ оид ба вожашиносӣ низ саҳмгузор аст. Ӯ бо ҳаммуаллифии устодон М. Муҳаммадиев ва Ю. Нурмаҳмадов «Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро (1997) навиштааст. Чун мебинад, ки омӯзгорони ҷавону донишҷӯён барои дарсҳои амалӣ аз вожашиносӣ ба маводи таълимӣ зарурат доранд, маҷмуаи машқҳои «Вожашиносӣ»-ро (бо ҳаммуаллифии М.Муҳаммадиев, С. Ҳошимов) менависад. Ҳар ду китоб ҳам кумаки саривақтӣ барои омӯзгорон ва донишомӯзон буду ҳаст.
Маълум аст, ки антонимҳо яке аз категорияҳои хеле инкишофёфтаи забони адабии тоҷик ба шумор мераванд. Онҳо ба раванди ҳодисаҳои ба ҳам зидди табиат ва ҷамъият робитаи ногусастанӣ дошта, инъикосгари қонунияти ягона будани олам ва муборизаи ба ҳам зидҳои паҳлуҳои мухталифи он мебошанд. Дар сурати антонимҳо тазодҳои олами воқеӣ дар шакли воҳидҳои ифоданоки луғавӣ акс шудаанд. Антонимҳо барои ба вуҷуд овардани образҳо, тасвири ҳодисаю воқеаҳои мухталиф, ифодаи зиддиятҳои зиндагии мардум нақши намоён доранд. Забоншиноси бозаковат ин хусусияти антонимҳоро хуб дарк карда, пас аз пажуҳиши ҳамаҷонибаи хусусиятҳои ин категорияи луғавӣ, бар асоси маводи фаровони забони адабии тоҷик китоби пурарзишеро таҳти унвони «Антонимҳои номӣ яке аз воситаҳои муҳими забони тасвир» (2010) ба табъ расонд. Китоби мазкур ба хусусиятҳои луғавию услуби антонимҳои номии (исмӣ ва сифатӣ) забони тоҷикӣ бахшида шуда, масъалаҳои марбут ба антонимҳои исмӣ, сифатӣ, хусусиятҳои маъноиву сохторӣ ва услубии ин воҳидҳои луғавӣ, муносибати вожаҳои антонимӣ бо калимаҳои сермаъно, антонимҳо ва муносибати онҳоро бо муродифот фаро мегирад. Дар он ҷиҳатҳои луғавӣ, доираи маъноӣ ва мавқеи истеъмоли антонимҳо бо мисолҳо аз шоирони классики форсу тоҷик (Абулқосим Фирдавсӣ, Анварӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш…) ва намунаҳо аз адибони даврони Шуравию замони муосир (Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Шукӯҳӣ, Ф. Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор…) шарҳу эзоҳ дода шудаанд. Муҳаққиқ бар асоси маводи зиёди забони адабии тоҷик таъкид менамояд, ки «дар забони адабии тоҷик антонимҳои исмӣ хеле зиёд буда, соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд». Ӯ антонимҳои исмиро аз рӯйи мафҳуму сохташон ба антонимҳои аслӣ (луғавӣ), сохта ва матнӣ (контекстуалӣ) ҷудо карда, хусусиятҳои барҷаставу фарқкунандаи ҳар яки онҳоро нишон додаст. Аз ҷумла, дар хусуси антонимҳои аслӣ ё луғавӣ таъкидан менависад: «… онҳо берун аз матн маъноҳои ба якдигар зидро ифода мекунанд. Ин гурӯҳ калимаҳои антонимӣ аз рӯйи баромад ва табиаташон маъною мафҳуми зидро талаб менамоянд. Соҳибони забон медонанд, ки ҳамеша дар муқобили калимаи дӯст – душман; рӯз – шаб; замин – осмон; шоҳ – гадо; дарвеш – доро; мазлум – золим меистад:
Даҳр – нокас, чарх – хоин, халқ – нодон, дӯст – душман,
Чун бимонам, чун бихоҳам, чун бисозам,чун бубинам?
*****
Ганҷи дороёни дунё ҳосили ранҷи ту бошад,
Дафъи фақри ҳар гадоро гар бихоҳӣ, метавонӣ.
Абулқосими Лоҳутӣ
Ва дар хулосаи ин фасл менависад, ки «маъмултарини антонимҳои исмӣ дар бештар маврид дар шакли сохта сурат мегирад».
Боби дигари ин асари пурарзиш ба таҳқиқи хусусиятҳои маъноӣ, сохторӣ ва услубии антонимҳои сифатӣ бахшида шудааст. Маълум аст, ки антонимҳои сифатӣ яке аз зуҳуроти лексикии забон ва ифодагари маъноҳои зид мебошанд: «Онҳо берун аз матн хусусияти зидмаъноии худро нигоҳ медоранд ва аз ҷиҳати сохт дар шакли сода, сохта, мураккаб, таркибӣ сурат мегиранд».
Муҳаққиқ барҳақ таъкид мекунад, ки одатан гӯянда ё шоиру нависандагон онҳоро бештар ба мақсадҳои муайяни услубӣ – зид гузоштани ҳодисаю воқеаҳои тасвиршаванда, муқобил гузоштани образҳо, нишон додани хислат, рафтор, муносибати қаҳрамонони асар истифода мебаранд. Азбаски зидгузории ҳодисаю воқеаҳо дар асарҳои бадеӣ яке аз воситаҳои муҳимми образофарӣ, тасвири пуробуранг ба шумор меравад, табиист, ки адибон, рӯзноманигорон аз ин санъати сухан ба таври васеъ истифода мебаранд.
Ӯ сипас ба пажуҳиши антонимҳо шуруъ намуда, «Луғати антонимҳои забони адабии тоҷик»-ро тартиб медиҳад, ки соли 2000 чоп мешавад. Он имрӯз китоби рӯйимизии ҳамаи ҳаводорони забони тоҷикист.
«Луғати антонимҳои луғавии забони тоҷикӣ» бори дуюм бо таҳлилу иловаҳо соли 2008 бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид. Луғати мазкур аксарияти калимаҳои антонимии забони адабии тоҷикро фаро мегирад ва дар он бештар аз 700 ҷуфти антонимӣ бо мисолҳо шарҳу эзоҳ дода шудааст. Мураттиб бештари мисолҳоро бисёр нозукбинона аз осори адибони маъруфи классик ва муосири тоҷик интихоб намудааст. Ба хотири равшан гардидани маънои калима ва зуд дарёфтани муносибати антонимии калимаҳо дар луғат аввал маъноҳои аслӣ, баъд вожаҳои антонимие, ки ба маънои маҷозӣ меоянд, оварда шудаанд. Чунончи: калон – хурд (ҳаҷм); калон – хурд (синну сол); калон – хурд (вазифа).
Хусусияти дигари луғат он аст, ки вожаҳои антонимӣ аз рӯйи сохти грамматикӣ оварда шудаанд: аввал калимаҳои сода (аввал – охир, бад – хуб), баъд калимаҳои сохта (аввалин – охирин, баадаб – беадаб), сипас калимаҳои мураккаб (аввалоғоз – охиранҷом, бадбахт – хушбахт). Ҳамчунин, ҷуфтҳои антонимие, ки муродиф доранд, дар қавсайн муродифи антонимиаш оварда шудаанд: зебо – безеб (зишт).
Муаллиф ба хотири зуду осон пайдо кардани вожаи лозима дар охири китоб ҷуфтҳои антонимиро пешниҳод кардааст, ки хонанда бидуни душворӣ луғати даркориро пайдо мекунад: адл — ситам; доно — нодон; барно – пир; васл – ҳиҷрон…
Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарси луғатшиносӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Вожашиносии забони адабии тоҷик» ҳамчун фанни тахассусӣ тадрис мешавад. Мутаассифона, оид ба таҳлили лексикӣ ҷиҳати тадриси ин фан ягон дастури таълимие мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, муаллимон низ ба дастуру мақолаҳои роҳнамои таҳлили луғавӣ ниёзи бештаре доштанд. Ҳ. Талбакова ҳамчун омӯзгори нозукбину ботаҷриба инро дарк карда, ба навиштани чунин дастур пардохт. Заҳматҳои шабонарӯзии ин олима бор оварданд ва соли 2006 дастури таълимӣ таҳти унвони «Усули таҳлили луғавӣ ва фразеологӣ» бар асоси таҷрибаӣ чандинсолаи муаллиф таҳия ва нашр шуда, дастраси омӯзгорону донишҷӯён гардид.
Муаллиф дар аввали дастур таъкид мекунад, ки дар таҳлили лексикӣ вожаҳо аз рӯйи чунин хусусиятҳояшон таҳлил карда мешаванд: 1. Маъно. 2. Доираю дараҷаи истеъмоли калима. 3. Муносибати калима бо дигар категорияҳои луғавӣ (сермаъноӣ, антонимия, омонимия, синонимия, мавқеъ доштанаш дар сохтани ибораҳои фразеологӣ), 4. Обуранги бадеӣ. 5. Баромад ва таърих.
Муаллиф дар фаслҳои алоҳидаи дастури таълимӣ тарзи таҳлили калимаҳои сермаъно, усули таҳлили омонимҳо (вожаҳои омонимӣ), усули таҳлили калимаҳои антонимӣ, таҳлили муродифҳоро бо мисолҳои мушаххас хеле хуб нишон додаст. Ҳамчунин, таҳлили вожаҳоро аз ҷиҳати баромад ва дараҷаи истеъмол ва тарзи таҳлили воҳидҳои фразеологӣ (муродифҳои фразеологӣ, воҳидҳои фразеологии антонимӣ, гунаҳои воҳидҳои фразеологӣ)-ро шарҳ дода, бар асоси таҳқиқоти забоншиносон аломатҳои фарқкунандаи калимаҳои аслии тоҷикӣ, калимаҳои иқтибосии туркию муғулӣ, калимаҳои иқтибосии арабӣ ва амсоли инҳоро нишон додааст, то ки донишомӯзон ҳангоми таҳлил душворӣ накашанд.
Ҳуснигул Талбакова дар давоми умри бобаракати хеш баробари кори таълиму пажуҳиш лаҳзае аз кори ҷамъиятию тарбиявӣ дур намешуд. Солҳои тӯлонӣ раиси шурои бонувони факултети филология буд. Ҳ. Талбакова бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои зиёд мукофотонида шудааст.
Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,
профессор,
Ваҳҳоб АБДУЛАЗИЗОВ,
Шуҳрат МАВЛОНЗОДА,
дотсентони кафедраи забони
адабии муосири тоҷикии
факултети филологияи ДМТ