ҚИССАИ ЯК ДАРСИ ХОТИРМОН

Ҳар шахс дар зиндагӣ ва фаъолияти хеш ба кору рӯйдодҳои аҷибу гуногун рӯ ба рӯ мегардад.
Дар ин ҳолатҳо боандешагиву худро гум накардан боиси аз доми ҳолатҳои ногувор ба осонӣ раҳоӣ ёфтан аст.
Солҳои зиёде сипарӣ шуда бошанд ҳам, лаҳзае дар лавҳи хотирам нақши худро гузоштааст. Дар замони Шуравӣ кор дар ҳамаи самтҳо басо сангину душвор буд. Дар ҳолатҳои тайёрӣ ба озмунҳои (олимпиадаҳои) фаннии хонандагон омӯзгорони мактабҳои миёна хеле сертараддуд мешуданд. Муаллимони ҳар фан хуб медонистанд, ки бо хонандагони аълохону боистеъдод кор кардан хеле осон буда, бо андак кӯшишу ғайрат ва пеши роҳи шогирдро кушодан худи ӯ низ соҳиби ному шуҳрат мегардад. Аз ин ҷиҳат, илоҷе карда, инони ин гуна саманди дар майдони илму дониш ҷавлонкунандаро ҷониби худ метофтанд. Баъзан барои чунин хонандагон миёни омӯзгорон даъво низ сар мезад.
Ман дар се синфи ёздаҳ ҳам дарс мегуфтаму ҳам дар яке аз ин синфҳо роҳбар будам. Боистеъдоду аълохонҳо ба ман нарасиданд. Маҷбур шудам, ки аз хонандагони бо баҳои хуб мехондагии ҳарсе синф дунафарӣ интихоб намуда, бо онҳо кор барам. Дар дарсҳо низ супориши хонагиро аввал аз пурсиши ин хонандагон сар карда, сипас ба онҳо аз талаботи озмун пурсишҳо мекардам.
Рӯзе дарс сар шуд. Пурсиши вазифаи хонагиро аз толиба Хайриддинова, ки ӯ бояд ба озмун тайёр карда мешуд, оғоз намудам. Толиба супориши хонагиро мувофиқи қобилияташ ҷавоб дод ва ман ба ӯ аз талаботи озмун саволҳои иловагиро пешкаш кардам. Дар охир барои ҳавасманду фаъолтар шуданаш вайро таъриф намудам. Ҳангоми таъриф пай бурдам, ки ҳолати руҳии духтар дигаргун шуда, вай дар дил розе ва ё гуфтание дорад. Ӯ сари худро ба як тараф хам карда, бо як даст рӯйи чашмонашро пӯшида, абру хаму пешонӣ пурчин кардааст. Андешидам, ки чаро вай ба ҷойи табассум кардан шармину нохушнуд аст. Шояд имрӯз дар хона ё дар мактаб ба вай нохушие пеш омада бошад? Барои фаҳмидани ин аз ӯ суол кардам. Толиба якбора бо овози баланд ба гиря даромад. Чунон баланд гиряро сар кард, ки ман якбора дар чоҳи ҳайрату изтироб афтодам. Аз вай сабаби гиряашро пурсидам. Ҳеҷ не, ки вай ғайр аз гиряи баланд ва аламноки худ посухе диҳад. Аҳли синф хомӯшу дар тааҷҷуб ва изтиробу мунтазири ҷавоби толиба буданд.
Духтар якбора сар бардошту сӯйи талабае нигариста гуфт:
-Қосим ба ман мегӯяд, ки туро муаллим Розиқов дӯст медорад.
Хонандагон ҳама ҳайрон-ҳайрон ба сӯйи ману толиба менигаристанд. Пичир-пичири онҳо бо ҳамдигар, гиряро бас накардани толиба, якбора аз ҷояш хестани Қосиму: «Муаллим, вай дурӯғ мегӯяд, ман ҳеҷ вақт чунин нагуфтаам, ӯ шаттоҳӣ мекунад»,-гуфтани вай маро дар изтироб овард. Чӣ бояд кард, илоҷе бояд ёфт, то дарс вайрон нашаваду масъала бо хушӣ ҳал гардад. Толибаи гирён ва хонандагони башӯрафтодаро ором бояд кард. Шояд ин шӯру ғавғо диққати муаллимон ва хонандагони дигар синфҳоро ба худ ҷалб карда бошад?
Ман якбора гӯё аз ғайб ҷавобе гирифта бошад, гуфтам: «Оре, Қосим дуруст мегӯяд, ман ин шогирдамро дӯст медорам». Қосим орому хомӯш шуд. Аҳли синфро таҳайюр фаро гирифт. Аз ин сухани ман даҳони ҳама во монда буд. Барои он ки ба духтар аз ин сухан зуд таъсире нарасад, илова кардам: «Ман Хайриддиноваро дӯст медорам, ҳамчун духтарони худ дӯст медорам. Худро барои вай ҳам устод ва ҳам падар меҳисобам. Ман на танҳо Хайриддинова, балки (ангушти ишорат сӯйи духтарони дигар карда) ҳамаи шуморо чун духтарони худ дӯст медорам. Махсусан, Қосимро чун писарони худ медонам.
Абдуҷаббор РОЗИҚӢ,
омӯзгори МТМУ №15-и
ноҳияи Восеъ