АСОСИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таълиму тарбия бо фарҳанг ва ормонҳои иҷтимоии ҳар миллате иртиботи ногусастанӣ дорад. Таълиму тарбият бояд дар заминаи воқеӣ ва имконияти мавҷудаи иҷтимоӣ сурат бигирад, то фарҳанги мардумро ифода кунад, дар акси ҳол ба рифоҳи иҷтимоӣ ва пешрафти миллат мусоидат нахоҳад кард.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки низоми маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа мебошад. Чунки низоми омӯзиш ба тамоми табақаҳову қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ иртибот дорад. Меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангӣ, шаклу тарзҳои тафаккури қолабии онҳо аз насл ба насл тавассути таълиму тарбия интиқол дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки «ифтихори ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги Ватан ибтидо мегирад».
Зеро дар иқтисоди муосир маҳаки асосӣ барои як мутахассис мустақилона масъалагузорӣ карда тавонистан ва ёфтани роҳҳои муассири иҷрои корҳо мебошад. Аз ин ҷост, ки мутахассиси муосир бояд пайваста худомӯзӣ кунад, ба ҳаллу фасли ин ё он масъала ба таври эҷодкорона муносибат ва манбаъҳои иттилоъро пайдо намояд.
Асос ва пояи рушди давлатдории миллиро сатҳи баланди тарбияи инсон ташкил медиҳад. Вазифаи асосии низоми маорифро ғояи созандагиву эҷодгарӣ ташкил медиҳад. Инсони муосир бояд бо хислати умумиинсонии фарҳанги муосир ҳамоҳанг бошад. Ин ба он маъност, ки фаъолияти истеҳсолии ӯ, на танҳо ба анҷоми вазифаҳои муайяни фанноварӣ вобаста аст, балки моҳияти иҷтимоиро низ дорост.
Ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилот, ки иборат аз масоили технологӣ, ахлоқӣ, экологӣ ва иҷтимоист, барои як мутахассис муҳим мебошад. Аз ин рӯ, маориф на фақат василаи фарогирии дониш, балки омили тағйирдиҳандаи муносибати инсон ба муҳити табиӣ ва рафтори ӯ дар муҳити иҷтимоӣ низ маҳсуб мешавад.
Ҳамон хонандае миёни мактабиён иззату обрӯ дорад, ки дониши баланд ва ахлоқи ҳамида дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки хонандагони камсавод дар ҳалли мушкилоти хоси хусусияти назариявиву амалидошта оҷиз мемонанд. Ба ҳамин далел, ахлоқ ва саводнокии хонандагон аз сифатҳои барои мактаб зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Саёҳат ПИРХУҶАЕВА,
омӯзгори гимназия-парваришгоҳи
ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ