МАШВАРАТ ЗАМИНАИ КОМЁБИҲОСТ

Дар нақша ва барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ фанҳои дақиқ мавқеи меҳварӣ доранд ва барои тадриси ин фанҳо соатҳои зиёд ҷудо карда шудааст. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои мазкурро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бештар кард. Чандест, ки дар саросари кишвар ба ифтихори ин ибтикори судманду созанда ва дурандешонаи Пешвои миллат дар тамоми мактабҳои кишвар илова ба тақвияти таълими фанҳои дақиқу табиатшиносӣ силсилаи тадбирҳои муҳтавоманду муассир (ҳамоишу маҳфилҳо, вохӯрию сабқатҳо, машваратҳо…) баргузор карда мешаванд.
Дар таълимгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои дақиқ рӯзафзун аст. Ҳафтаи гузашта бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар шаҳри Норак ҳамоиши илмию амалии мушовирони фанҳои дақиқи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гашт.
Ин ҳамоиш дар шакли «намоиш + тавзеҳот + бар­расӣ + машварат» ҷараён ёфт ва як навъ ҷашнвораи фанҳои дақиқро мемонд. Дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и шаҳри Норак намояндагон аз тамоми мактабҳои шаҳр-омӯзгорону хонандагон гӯшаҳои намоишро вобаста ба фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ созмон дода буданд. Муҳтавои ин гӯшаҳоро дастуру китобу рисолаҳо, ҳуҷҷатҳои расмию коргузории омӯзгорон, ихтирооту офаридаҳои хонандагон ва суратномаҳо ташкил медоданд. Дар назди ҳар гӯша гурӯҳи омӯзгорону шогирдони таълимгоҳи дахлдор қарор доштанд. Мушовирони шуъбаҳои маориф гӯшаҳои оростаи таълимгоҳҳоро бо таваҷҷуҳи махсус тамошо карда, бо устодони фанҳои дақиқ ва бо хонандагони фаъол суҳбатҳои озоду самимӣ оростанд ва ба онҳо маслиҳатҳо доданд. Ба вижа, як силсила асбобҳои барқие, ки гурӯҳе аз хонандагон вобаста ба андӯхтаҳояшон аз фанҳои физика ва табиатшиносию биология эҷод кардаву сохтаанд, шоистаи таҳсин буданд. Хонандагон, ҳамчунин, суробаю тарҳҳои офаридаашонро оид ба Солҳои рушди саноат ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шарҳу тавзеҳ бахшиданд. Гӯшаи «Пешвои миллат – ҳидоятгари омӯзиши фанҳои дақиқ» хеле рангину фарогир ва пурмуҳтаво буду эҳтирому эътиқоди насли наврасро нисбат ба Сарвари кишвар ифода мекард. Хонандагоне, ки ин гӯшаро муаррифӣ мекарданд, ба таври возеҳу самимӣ дар ситоиши Пешвои миллат шеърҳо хондаву аз гуфтаҳои Президенти ҷумҳурӣ дар бораи илму дониш, китобу маърифат иқтибосҳо оварданд. Суҳбату машварати мушовирон бо омӯзгорони фанҳои дақиқ оид ба корбасти усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои такмили омӯзиши фанҳои дақиқ, ҳуҷҷатгузорӣ, тақвияти кори маҳфилҳо, такмили ихтисос ва худомӯзию эҷодкорӣ, истифодаи аёниятҳо ва технологияҳои компютерӣ дар дарс, ба эҷодкорӣ ҷалб кардани шогирдон, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва амсоли инҳо хеле муфид ва ҷолиб ҷараён ёфт. Омӯзгорони фанҳои дақиқ ба пурсишҳои худ вобаста ба масоили такмили таълиму тарбияи хонандагон аз мушовирон ҷавобҳои комилу саҳеҳ дарёфтанд. Дар идомаи намоиш гурӯҳи хонандагони фаъол аз таълимгоҳҳои рақамҳои 1, 3, 4, 5, 7, 10, 13 ва аз гимназияи рақами 1 барои аҳли ҳамоиш барномаи ҳунарӣ пешкаш намуданд. Онҳо дар ситоиши Пешвои миллат, сулҳу ваҳдат, Ватан ва илму дониш сурудҳо сароиданд ва дар иртибот ба фанҳои дақиқ зарбулмасалу чистонҳо гуфтанд. Махсусан, саҳнаҳои баҳси рақамҳо, маълумотнома дар бораи пиряхҳо ва неругоҳҳои барқи обии кишвар таваҷҷуҳбарангезу омӯзанда буданд.
Дар намоиши мазкур муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ кард.
Ҳамоиши илмию амалии мушовирон дар толори китобхонаи мактаби рақами 28 идома ёфт. Ин ҷо корманди масъули раёсати маорифи вилояти Хатлон Муъмин Сангинов ба омӯзгорон оид ба ҳадафҳову моҳияти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» суханронӣ карда, зимнан ёдовар шуд, ки раёсати маорифи вилоят бахшида ба ин тадбири муҳим барномаи махсуси хеле муҳтавоманд таҳия ва қабул намудааст, ки татбиқи марҳала ба марҳалаи он аз фаъо­лияти ҳар таълимгоҳу ҳар омӯзгори дахлдор вобаста мебошад. Пеш аз ҳама, сатҳи таълими фанҳои мазкурро боло бояд бардошт. Шогирдонро бо усулҳои муассир ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзию табиатшиносӣ ҷалб ва ҳавасманд бояд кард, онҳоро ба эҷодкорӣ ва иштирок дар озмунҳо оид ба фанҳои дақиқ ҳидоят ва раҳнамоӣ бояд намуд.
Абдулмуъмин Абдуллоев, мушовири фанҳои дақиқи шуъбаи маорифи шаҳри Норак (яке аз созмондиҳандагони ҳамоиши илмию амалӣ), иброз дошт, ки ба василаи густаришбахшӣ ба таълими фанҳои дақиқ мо дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ҳиссаи муҳиму шоиста мегузорем. Босамартарин василаи тақвияти таълими фанҳо, ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаю афкор байни омӯзгорон аст. Дар шаҳри Норак омӯзгорони фанҳои дақиқ ҳамкорию робитаи доимӣ доранд ва дар ин самт шуъбаи маорифи шаҳр (мудираш Садбарг Ҳайдарзода), иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои мазкур ва нашрияи «Рози дониш»-и шуъба (муҳаррираш Шамсия Раҳмонова) пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Мо ифтихормандем, ки имсол омӯзгори фаъолу соҳибтаҷриба ва эҷодкори шаҳрамон Давлатшо Назарзода барои дастовардҳои шоиста дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ шарафёб гашт.
Дар идомаи машварати илмию амалӣ маърӯзаҳои мушовирон Худойназар Ҳақназаров (Фархор), Тоҷибой Бозоров (Ҷалолиддини Балхӣ), Маҳмадсаид Юсуфов (Данғара), Зайнулло Тағоев (Левакант) ва Давлат Раҷабов (Ёвон) шунида ва муҳокима карда шуданд…
Чунин машварати илмию амалӣ дар вилояти Хатлон бо ибтикори раёсати маорифи вилоят моҳе як бор дар шаҳру ноҳияҳои гуногун баргузор карда мешавад.

А. МУРОДӢ,
«Омӯзгор»